Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
Пред След Саҳифа:

САҲИФАИ АСОСӢ

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

 

Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯзҳо тамоми сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон солгарди навбатии иди Ваҳдати миллиро таҷлил менамоянд. Бо истифода аз ин фурсати муносиб Рӯзи Ваҳдати миллиро ба кулли сокинони ноҳия  табрик мегӯям.

Иди Ваҳдати миллӣ зодаи даврони истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва ташаккули рукнҳои давлатдории тозаи миллӣ буда, дар он орзую омоли халқамон таҷассум ёфтааст.

Бисту ду сол қабл тавассути заҳматҳои беназири фарзанди некному сарсупурдаи миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми ҷафодида ва ба сангарҳо ҷудогардидаи тоҷик ба рӯзҳои неку шодӣ расид ва дар кишвар фазои орому осуда, сулҳу оромӣ танинандоз гардид. Миллати бузургу некноми тоҷик, ки борҳо аз имтиҳону санҷишҳои сангини таърих сарбаландона гузаштааст, ба оламиён собит намуд, ки тору пуди ин миллат аз меҳру шафқат, сулҳдӯстӣ ва инсонпарварӣ сиришта шудааст, ҳеҷ гоҳ тарафдори ҷангу хунрезӣ қатлу ғорат набуду нест.

Пас аз вохӯрию талошҳои зиёд 27-июни соли 1997 дар шаҳри Москва созишномаи истиқрори  сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва он рӯз дар таърихи миллат ҳамчун рӯзи наҷоти тоҷикон - Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо хатҳои заррин сабт гардид.

Баъд аз имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ пояҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон устувор гардида, мардуми кишвар ба ояндаи неку дурахшон боварии бештар  ҳосил намуданд, нури умед ба дилҳо ҷо гирифт ва ин ба пешрафти истеҳсолот, илму фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҳаёти кишвар мусоидат намуд. Дар чунин шароит Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият пайдо намуд, ки барномаи дурнамои тараққиёти иқтисодиро амалӣ созад.

Дар тӯли солҳои ваҳдату якдилӣ дар ҳаёти сокинони ноҳияи мо пешравиҳои назаррас ба амал омаданд. Сокинони меҳнатқарину ватандӯсти ноҳия саъю талош меварзанд, ки бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳми сазовор гузоранд.

Солҳои охир дар ноҳия корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза пайдо намуда, муассисаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ, таълимию тандурустӣ, хизматрасонию маишӣ сохта ба истифода дода мешаванд.

Бо шукронаи зиёд бояд изҳор намоем, ки ҳамаи ин дастоварду муваффақиятҳои ҳаётамон бевосита аз файзи ваҳдати халқи азизамон ва Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ сарчашма мегирад.

Сокинони ноҳия имсол иди Ваҳдати миллиро дар шароите ҷашн гирифта истодаанд, ки мардуми шарафманди диёр омодагиҳоро ба таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  рӯз аз рӯз вусъат бахшида,  баҳри дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ таҷлил намудани ин санаи муқаддаси миллиамон аз тамоми имконияту захираҳо истифода намуда истодаанд.

Ҳамдиёрони азиз, ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ барои ҳар яки шумо онҳо сиҳатмандии комил, рӯзгори хушу осуда, сулҳу ваҳдати абадӣ ва барору сарбаландиҳо таманно менамоям.

Зиндаву поянда бод Ваҳдати миллат! Зинда бод Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз!