Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

МАОРИФ

ОМОДАГӢ БА ИСТИРОҲАТИ ТОБИСТОНА

Инак, бо наздик омадани анҷоми соли таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ масъалаи ташкил намудани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони ноҳияҳои кишвар қарор дорад.

Зеро мутобиқ ба моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳалллии ҳокимияти давлатӣ» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №103 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019» амри раиси ноҳия ҷиҳати иҷрои ин қарору қонунҳо аз 18 марти соли 2019, №288 ба тасвиб расид. Мувофиқ ба ин раёсати молияи ноҳия, шуъбаи маориф, КАТС, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, филиали Ҷамъияти саҳомии «Тоҷиктелеком», ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони кишоварзии ноҳия ва шуъбаи маориф, Ҷамъияти матлуботи ноҳия, мақомоти давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор ҳар кадом дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд. Роҳбари истироҳатгоҳи «Дурахшон» таъйин гардида, корҳои омодагӣ дар ин самт идома дорад. Дар суҳбат сардори «Дурахшон» Бадриддин Холиқов аз тайёрии хуб огоҳӣ дод. Маблағгузорӣ барои корҳои сохтмонӣ ва таъмир аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, иҷрои корҳо бо қувваи худӣ ба анҷом расонида мешавад. Б.Холиқов қайд намуд, ки имсол мувофиқи нақша дар ин истироҳатгоҳ 260 нафар хонандагон – 130-нафарӣ дар ду баст - истироҳат хоҳанд кард. Аз ин шумора 10 фоизи кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, аз оилаҳои камбизоат, кӯдакони қобилиятнок ва кӯдакони кормандони соҳаи кишоварзӣ аз пардохти маблағи роҳхат озод карда мешаванд.

Инчунин ташкилу омодагӣ барои истироҳатгоҳҳои солимгардонии рӯзона низ дар назар аст. Ташкили он дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, 2, 7, 20, 21, 35, 40, 59 ва дигар муассисаҳое, ки ошхонаи ҷавобгӯи талаботи санитарию эпидемиологӣ доранд, аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва сарпарастон ташкил ва ба роҳ монда мешавад.

Ҳ. БУЗУРГ   «НФ».