ХАБАРҲО
САВДОГАРӢ КОРИ НАВРАСОН НЕСТ
- Подробности
- Опубликовано 14.08.2019 15:30
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 2 августи соли 2011 қабул гардид, масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд пурзӯр намуда, онҳоро вазифадор менамояд, ки дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқи манфиатҳои фарзанд мавқеи хоса дошта бошанд.
Воқеан, уҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд калонанд. Ва ин уҳдадориҳо дар сурати риоя ва иҷро шуданашон баланд шудани нуфузу обрӯи падару модар дар байни ҷомеа мегардад.
Дар мушоҳидаи мо дар ноҳия қонуни мазкур давоми ҳашт соли баъди қабул хуб амал мекунад. Вале як чиз боиси нигаронист, ки, албатта ин сабабҳои объективӣ низ дорад. Волидайн фарзандонро ба корҳои хариду фурӯш ҷалб менамоянд, ҳол он ки хилофи муқаррароти қонун мебошад. Мо мебинем, ки дар ошхонаҳо, бозору мағозаҳо наврасон ба кори савдо машғуланд. Бояд гӯем, ки онҳо бо харидорон дуруст муносибату муомила карда наметавонанд.
Яке аз мақсадҳои қонуни мазкур ҳамин аст, ки калонсолон, пеш аз ҳама падару модарон фарзандони ноболиғро ба кори хариду фурӯш ҷалб накунанд.
Хотирасон мекунем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маорифу фарҳанг, тандурустӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, оид ба корҳои дин, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳои соҳавӣ танзим карда мешавад, яъне ба як ифода, танҳо волидайн не, тамоми ҷомеа барои амалӣ шудани қонун, риояи муқаррароти он вазифадоранд.
Ҷ.БАҲОРОВ, «Набзи Файзобод».