Вт11052024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ТИБ

КАТС КИТОБХОНА ДОРАД

Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардум соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад.

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Китобхонаи дармонгоҳи ноҳия КАТС (Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ) дар ошёнаи сеюм ҷо гирифтааст. Ҳамин ки ба он сар даровардед, пеш аз ҳама чашматон ба гӯшае меафтад, ки аз «Вашгирди бостон», «Сино-мутаффакири бузурги Шарқ», «Адибони Файзобод», «Бахномаи миллат» ва «Китобҳои Эмомалӣ Раҳмон» иборат аст. Зери ин номгӯйҳо болои мизи дароз адабиёти хонданбоб гузоштаанд.

Мудири китобхона мутахассиси соҳа Гулрухсор Каримова маълумот дод, ки дар ин махзани дониш 1490 адабиёти бадеӣ ва тиббӣҷой доранд. Аз ин шумора 640 адад китобҳои тоҷикӣ, 850 адад китобҳои русӣ мебошанд. Чорсаду бист нусха китобҳои тоҷикӣ адабиёти бадеӣ буда аз китобҳои тиббӣ 220 ададаш бо забони тоҷикӣ аст.

Маълум гардид, бештари захираи китобхона адабиёти русӣ аст. Албатта, дар хусуси адабиёти илми тиб ҳоҷати гап нест. Зеро ҳанӯз ҳам бисёр китобҳои тиббӣ ба забони русӣ таълиф мешаванд. Вале аз кам будани адабиёти тоҷикӣ кас хиҷил мешавад.

Бояд гӯем, ки захираи мавҷудаи китобхона панҷ сол пеш, соли 2015, аз китобхонаи марказӣ интиқол карда шудааст. Рафҳои мавҷуда низ моли китобхонаи марказӣ аст. Яъне, гуфтан мумкин, китобхонаи КАТС пурра ба шуъбаи фарҳанг тааллуқ дорад. Маоши мудири китобхона бошад, аз ҳисоби дармонгоҳ аст. Роҳбари пешинаи КАТС кори оқилона кардааст, ки барои як нафар корманди китобхонаи назардошт воҳиди корӣ гирифтааст.

Давоми панҷ соли фаъолияти китобхона дармонгоҳ аз ҳисоби кадом лоиҳаи хориҷие 120 адад китоби «Нигоҳдории тандурустӣ» овардааст. Дар ин миён аз шуъбаи фарҳанг ба ҷуз 1108 адад китоби соли аввал ягон нуфсха адабиёт ворид нагардидааст.

Китобхонаи хурдакаки КАТС, новобаста аз камии захирааш, 160 нафар хонанда дорад. Фаъолтарин хонандаҳо аз омӯзишгоҳи тиббӣ ва табибон Муродалӣ Ғафуров, Рустам Аҳмадов, Тоҷиддин Абдуллоев, Шуҳрат Усмонзода, Бахтиёр Фатҳиддинзода ва Муҳсин Убайдзода ҳастанд. Онҳо мехоҳанд ин махзани илму дониш аз адабиёти гуногунсоҳа, хусусан китобҳои тиббӣ ва бадеӣ бой гардад то ҳар вақти дилхоҳ аз онҳо истифода баранд.

                                                                                                                       М.ТАЛЪАТ.