МИНБАРИ МУАССИСОН
МУБОРАКБОДИИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА 24-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Подробности
-
14 Сен 2015
- Опубликовано 14.09.2015 15:37
Ҳамдиёрони азиз!
Бисту чор сол мешавад, ки Тоҷикистони маҳбуби мо соҳибистиқлол аст ва мардуми шарифи кишвар дар фазои давлати озоду соҳибихтиёр баҳри гулгулшукуфии Ватани азизамон ҷаҳду талош меварзанд.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми сокинони ноҳияро ба ин ҷашни бузурги миллиамон 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод менамоям.
ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БА ИФТИХОРИ 18-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
- Подробности
-
01 Июль 2015
- Опубликовано 01.07.2015 13:47
Ҳамдиёрони азиз!
Имсол бори 18-ум аст, ки дар саросари кишвари соҳибистиқлоламон солгарди иди Ваҳдати миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Иди Ваҳдати миллӣ зодаи даврони истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва ташаккули рукнҳои давлатдории тозаи миллӣ буда, дар он орзую омоли халқамон таҷассум ёфтааст.
Даҳсолаи охири қарни бист барои миллати тоҷик давраи ниҳоят душвору ҳассос ва пур аз фоҷиа буд. Бадхоҳони миллати тоҷик тавонистанд алангаи шӯру ошӯбро барангехта, ба сари мардуми ҷафодидаи мо рӯзхои сахту сиёҳро биёранд.
Роҳи ягонаи наҷот аз вартаи ҳалокат роҳи муросову созиш, ба ҳам овардани гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ва ба вуҷуд овардани фазои сулҳу ваҳдат буд.
МУБОРАКБОДИИ И.В. РАИСИ НОҲИЯ РАҶАБЗОДА М. БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҒАЛАБА
- Подробности
-
12 Май 2015
- Опубликовано 12.05.2015 09:30
Ҳамдиёрони азиз!
Дар тӯли таърихи ҳаёти башарият ҳодисаву рӯйдодҳое ба вуқӯъ омадаанд, ки бо бузургиву шаҳомати худ бо гузашти садсолаҳо қавитару қавитар мегардад.
Ҳафтодсолагии Ғалаба бар фашизм, ки имрӯз дар миёни мардуми сулҳпарвар ва тараққихоҳи саросари олам мутантан ҷашн гирифта мешавад, аз қабили чунин рӯйдодҳои фаромӯшнопазири таърих аст.
МАРДУМ АЗ ВОХӮРИҲО ҚОНЕЪ ШУДАНД
- Подробности
-
12 Июнь 2015
- Опубликовано 12.06.2015 11:00
Чи тавре дар шумораи гузашта иттилоъ дода будем, тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рӯзи 19 май вохӯриҳои иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия М. Раҷабзода якҷоя бо роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ ва ташкилоту муассисаҳои хизматрасон аз ҷамоати деҳоти Бӯстон оғоз шуда, сипас дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот идома ёфт. Вохӯрии охирин рӯзи 2 июн бо сокинони шаҳраки Файзобод доир гардид. Гузориши поёнии мо аз ҷараёни ин вохӯриҳо мебошад.
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Подробности
-
21 Апр 2015
- Опубликовано 21.04.2015 11:05
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Файзобод таъйин намудани Раҷабзода М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Раҷабзода Миралӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Файзобод таъйин карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН ш. Душанбе, 9 апрели соли 2015, № 439.