МИНБАРИ МУАССИСОН
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Подробности
-
21 Апр 2015
- Опубликовано 21.04.2015 11:05
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Файзобод таъйин намудани Раҷабзода М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Раҷабзода Миралӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Файзобод таъйин карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН ш. Душанбе, 9 апрели соли 2015, № 439.
Раҷабзода Миралӣ 17 октябри соли 1959 дар ноҳияи Орҷоникидзеобод (шаҳри Ваҳдати имрӯза) таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1982 Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистонро бо ихтисоси биолог-химик ва соли 2001 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси олим-агроном хатм кардааст.
Фаъолияти кориашро Раҷабзода Миралӣ соли 1977 аз вазифаи китобдори китобхонаи ҷамоати Туғмазори назди китобхонаи марказии ноҳияи Орҷоникидзеобод оғоз намудааст. Солҳои 1977-1982 донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон буд, ки баъди хатми он соли 1982 корро дар мактаби рақами 47 ба ҳайси омӯзгори фанни химия ва биология шуруъ кард. Солҳои 1989-1993 вазифаҳои раиси иттифоқи касаба, мудири хоҷагӣ ва мудири шуъбаи кадрҳоро дар совхози «Гули сурх» ва аз соли 1993 то соли 1996 директори совхози «Шуҳрат»-ро дар ноҳияи Кофарниҳон ба уҳда дошт. Баъдан дар шаҳри Норак солҳои 1996-1999 раиси колхози «Боғпарвар», 1999-2005 вазифаи раиси хоҷагии деҳқонии «Темур», раиси Ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонии «Боғпарвар» ва солҳои 2005 -2008 раиси кумитаи заминсозии шаҳри Норакро иҷро мекард. Аз соли 2008-2011 муовини раиси шаҳр ва аз соли 2011 то соли 2013 њамчун муовини якуми раиси шаҳри Норак фаъолият дошт. Солҳои 2013-2015 вазифаи раиси шаҳри Норакро иҷро кардааст.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 2015 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Файзобод таъйин гардид.