МИНБАРИ МУАССИСОН
МАРДУМ АЗ ВОХӮРИҲО ҚОНЕЪ ШУДАНД
- Подробности
-
12 Июнь 2015
- Опубликовано 12.06.2015 11:00
Чи тавре дар шумораи гузашта иттилоъ дода будем, тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рӯзи 19 май вохӯриҳои иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия М. Раҷабзода якҷоя бо роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ ва ташкилоту муассисаҳои хизматрасон аз ҷамоати деҳоти Бӯстон оғоз шуда, сипас дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот идома ёфт. Вохӯрии охирин рӯзи 2 июн бо сокинони шаҳраки Файзобод доир гардид. Гузориши поёнии мо аз ҷараёни ин вохӯриҳо мебошад.
Қабл аз оғози вохӯриҳои худ Раҷабзода Миралӣ аз ҳамаи муассисаҳои таълимию тиббӣ ва фарҳангӣ, инчунин муассисаҳои хизматрасони ҳудуди ҷамоатҳо ошноӣ пайдо намуд.
Ҳозирини вохӯриҳо ба масъулин асосан атрофи вазъи кору рӯзгори хеш суол дода, посух мегирифтанд. Аз суҳбатҳо аён гардид, ки мардум камбудиҳоро ошкор баён карда, натиҷаи мусбат мехоҳанд.
Яке аз масъалаҳое, ки дар ҳамаи ҷамоатҳо бештар раис ва ҳозирин таваҷҷуҳ мекарданд, зиёд будани қувваи қобили меҳнат ва набудани ҷойҳои корӣ буд. Ҳамин аст, Раҷабзода М. аз соҳибкорони маҳаллӣ даъват ба амал овард, то дар муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ фаъол бошанд. Афсӯс, ки дар вохӯриҳо шумораи ками соҳибкорон иштирок карданд, ҳол он ки зиёда аз панҷоҳ адад иншоотҳои хурду бузурги даврони шӯравӣ аз ҷониби сокинон харидорӣ шудаанд. Қаблан ин коргоҳҳо ашхоси зиёдеро ба фаъолият ҷалб кардаву дар ғанӣ намудани буҷаи ноҳия саҳмгузорӣ доштанд. Баъди харидорӣ шудан айни ҳол ду-се нафарӣ коргар доранд ё умуман аз кор монда.
Дар ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод, ба номи Дӯстмурод Алиев, Ҷавонон , Чашмасор, Қалъаи дашту Мискинобод сари масъалаи чарогоҳҳо ҳозирин андешаронӣ намуда, дархости тақсими одилонаи онро барои рушди чорводорӣ дар маҳаллаҳо омили асосӣ ҳисоб намуданд. Зеро имрӯз аксари онҳое, ки соҳиби чарогоҳҳои зиёданду чорвои зурурӣ надоранд, заминҳои чарогоҳро ба «тиҷорати мавсимӣ» табдил додаанд. Ҳамчунин муайян намудани роҳҳои чорвогузар ва аломатгузории он зарурати бештареро тақозо мекунад, зеро аксаран чӯпонҳо рамаро аз ҳудуди деҳаҳо мегузаронанд ва ин боиси паҳн шудани ҳар гуна касалиҳо миёни чорвои аҳолӣ мегардад.
Ҳамин аст, ки раиси ноҳия аз масъулини раёсати кишоварзӣ, кумитаи заминсозӣ ва ҷамоатҳои деҳот талаби онро намуд, ки ин масъалаҳо бояд дар муҳлати муайян ҳалли худро ёбанд.
Мирзо Камолов (раиси хоҷагии деҳқонии ба номи Шариф Гадо) аз ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев таъкид дошт, ки барои хушзот намудани чорвои калони ноҳия ташкили нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ ҳатмист. Ин тадбир барои истеҳсоли ширу гӯшт баҳри эҳтиёҷоти мардум зарурӣ мебошад. Инчунин атрофи кушодани мағозаҳои махсуси заҳрхимикатҳо, ки талаботи соҳаи кишоварзӣ ба он хеле зиёд аст, таклиф намуд. Раиси хоҷагии деҳқонии «Акбарҷон» аз ҷамоати деҳоти Чашмасор Исмоилов Неъматҷон, бинобар ба касалӣ дучор шудани боғҳои ноҳия таклифи онро кард, ки бо иштироки олимони соҳаи боғпарварӣ машварати корӣ доир карда шавад.
Сокини ҷамоати деҳоти Меҳробод Давлатёр Раҳмонов таклиф намуд, ки барои таъмини аҳолӣ бо оби полезӣ кандани чоҳҳои зеризаминӣ тавассути дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳатмист. Ин масъала аз ҷониби сокинони ҷамоатҳои Ҷавонон, ба номи Дӯстмурод Алиев низ ба миён гузошта шуд.
Боиси қайд аст, ки дар вохӯриҳо ҳозирин ба раиси ноҳия аз мушкилотҳои маҳаллаҳо низ арз доштанд. Бахусус дар маҳаллаҳои навбунёд сари масъалаи бунёду таъмири роҳҳову хати барқ ва оби нушокӣ, гузоштани трансформаторҳои баландшиддат мушкилот мавҷуд аст.
Мудири мактаби ибтидоии деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Ҷавонон Т. Мухторов изҳор кард, ки ду синфхонаи мавҷуда барои фарогирии мактабиёни деҳа кифоя нест. Дар шафати деҳа барои зиёда аз 200 оила замин ҷудо карда буданд, қитъаи замини барои мактаб ҷудошударо низ тақсим намудаанд.
Барои ҳалли фаврии ин машкилот Раҷабзода М ба мудири маорифи ноҳия Ф. Наҷмиддинов ва раиси ҷамоати деҳоти Ҷавонон С. Раҷабов супориш дод.
Мудири бунгоҳи деҳаи Ҷонварсӯз таклиф кард, ки ҷавонон пеш издивоҷ ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаранд.
Дар деҳаи Кӯлобиён нуқтаи тиббӣ мавҷуд буда, ҳамшираи тиббӣ надорад. Сокини деҳаи мазкур Нуралиева Шаҳло таклиф кард, ки аз ҳисоби духтарони деҳа тибқи квота як нафар хатмкунандаи мактаби деҳа ба омӯзишгоҳи тиббии ноҳия қабул карда шавад.
Дар чанд вохӯрӣ сари масъалаи ҷудошавии оилаҳо низ сухан рафт, ки дар панҷ моҳи соли равон аллакай шаст оила пош хӯрдааст. Сабаби ҷудошавии оилаҳоро ҳозирин дар омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва бетарафии падару модарон ва кумитаҳои маҳалла арзёбӣ намуданд.
Лозим ба гуфтан аст, ки дар вохӯриҳо ҷавонон хеле фаъол буданд. Қариб дар ҳама ҷо бунёди варзишгоҳҳо ба миён гузошта шуд. Файзиддин Мирзоев аз деҳаи Чашмасор изҳор дошт, ҷавонони деҳа тайёранд толори варзишӣ бунёд намоянд. Чунин таклифҳо сари ин масъала хеле зиёд буданд. Намояндагони ҷавонони деҳот аз роҳбари ноҳия хоҳиш намуданд, ки барои сохтмони толору майдонҳои варзишӣ замин ҷудо намояд.
М. Раҷабзода ба масъулин дастур дод, ки дар фарсати кутоҳтарин ин таклифҳои ҷавонон дастгирӣ карда шавад.
Пас аз шуниди фикру дархостҳои ҳозирин Раҷабзода М зимни суханронии худ оиди сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» сухан карда, баҳри ислоҳи камбудиҳои мавҷуда аз масъулин иҷрои саривақтии онҳоро тақозо кард. Диққати масъулин ба дастгирии ятимони кул ҷалб карда шуд.
Раиси кумитаи ноҳиявии амнияти миллӣ Нуралӣ Муродов атрофи дуруст ба роҳ мондани тарбияи ватандӯстии ҷавонон ҳарф зада, таъкид бар он дошт, ки имрӯз аз тарбияи нокифоя дар ин самт, ҳастанд ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил шудаву ба қавле дар роҳи «ҷиҳод» дар давлатҳои арабӣ меҷанганд, аммо аз хизмат дар сафи Артиши кишвари худ саркашӣ доранд.
Дар поёни вохӯрӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Раҷабзода М. мардумро ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ва ҳамаҷониба омода шудан ба ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии кишвар даъват намуд.
вохӯриҳои мазкур боиси он гардиданд, ки аксари камбудиҳои ҷойдошта дар ҷояш ҳалли худро ёфтанд. Мардуми камбизоат дар ҷойи истиқомат арзи худро ба масъулон расонида, ҷавобашро гирифтанд. Ҳамчунин айён гардид, ки ба арзи шаҳрвандон бисёрвақт аз ҷониби роҳбарони ҷамоатҳо ва ташкилоту муаассиҳо камаҳмиятӣ зоҳир мешавад. Бо ҳамин сабаб одамон барои ҳалли мушкилоти худ то ба раиси ноҳия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия муроҷиат мекунанд.
«НФ».