МИНБАРИ МУАССИСОН
ДАСТОВАРДИ “АНДАЛЕБ-2014” ЗАҲМАТИ ҲАМАГОН БУД
- Подробности
-
23 Нояб 2014
- Опубликовано 23.11.2014 20:06
Рӯзи душанбеи 11 август маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия баргузор шуд, ки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия дар он ширкат намуданд. Раиси ноҳия дар маҷлис танҳо як масъала, ҷамъбасти даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2014» ва иштироки санъаткорони ноҳияро дар он мавриди муҳокима қарор дод. Аз рӯи масъалаи мазкур муовини раиси ноҳия С. Раҷабзода гузориши муфассал дод.
Номбурда аз ҷумла қайд кард,ки даври ниҳоии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2014», ки ба муносибати бисту сеюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати фарҳанг дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, шоми 4 август дар толори Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраеви пойтахт бо баромади ҳаваскорони ноҳияи мо оғоз ёфт. Дар даври ниҳоӣ 14 шаҳру навоҳии ғолибони даври аввал ширкат намуда истодаанд. Барои иштироки фаъолонаи санъаткорони ноҳия иборат аз 44 банд нақша чорабинӣ таҳия ва барои иҷрои он ба масъулин супориш дода шуд. Аз ҷумла чопи шумораи махсуси нашрияи «Набзи Файзобод», китоби Ҷӯрабек Муъмин «Вашгирди пешин ва Файзободи навин», даъватнома ва барномаи ҳунарии санъаткорони ноҳия, туҳфаҳо, омодасозии сару либос аз ҷумлаи бандҳои нақшаи мазкур буданд,ки хурсандона масъулон дар сатҳи зарурӣ аз иҷрои супоришҳои гирифтаашон баромаданд. Ҳамин дастгирӣ буд, ки санъаткорони мо соҳиби баҳои баланди ҳакамон гардиданд.
Раиси ноҳия Каримиён Имомназар иштирок дар даври ниҳоӣ ва дар сатҳи баланд ҳунарнамоӣ кардани аҳли фарҳангро гувоҳ азякдилию муттаҳидии сокинони ноҳия маънидод намуда боварӣ бахшид, ки дар оянда низ чунин тифоқӣ мардуми ноҳияро баҳри амали сохтани ниятҳои бузург ҳамқадам хоҳад буд. Раиси ноҳия ба ҳамаи ҳамдиёронамон, ки саҳми худро дар омодагии ҳунармандони ноҳия дар ин чорабинии муҳими фарҳангии мамлакат гузоштанд, миннатдорӣ кард.
Сипас Каримиён Имомназар иҷрои супоришҳои қаблан додашударо аз масъулин пурсида, сари масъалаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ноҳия дастурҳо дод.
«НФ».