МИНБАРИ МУАССИСОН
ҲХДТ ҲИЗБИ СОҲИБОБРӮСТ
- Подробности
-
25 Фев 2017
- Опубликовано 25.02.2017 12:32
Рӯзи 3 феврал ҷаласаи ҷамъбастии комиҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид. Дар он ҳайати кумитаи иҷроия, аъзои Раёсати ҲХДТ дар ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолони ҳизб иштирок доштанд.
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия А.Азизов «Дар бораи фаъолияти кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар соли 2016 ва вазифаҳои кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ дар соли 2017» баромад намуд. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия фаъолияташро дар давраи ҳисоботӣ дар заминаи дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб, иҷрои қарорҳои Анҷумани дувоздаҳуми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҷаласаҳои доиргардидаи Раёсатҳои Кумитаи иҷроияи Марказӣ, Оиннома, Барнома ва Низомномаи ҳизб ба роҳ монда, дар самти соҳибобрӯ ва соҳибнуфуз гардидани ҳизб дар ҷомеа корҳои зиёдеро анҷом расонидааст, оғоз намуд баромадашро А. Азизов.
Соли 2016 ҳамчун соли саршор аз воқеаҳои муҳими фараҳбахши сиёсию фарҳангӣ ва дастовардҳои бузурги иҷтимоию иқтисодӣ дар саҳифаҳои таърихи кишварамон сабт мегардад. Рӯйдодҳои муҳими сиёсию фарҳангии сол дар ҳаёти сокинони ноҳия, аз ҷумла ҳизбиён нақши муассир гузошта онҳоро дар роҳи иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯҳбаланд намуданд.
Айни замон шумораи аъзоёни ҳизб дар ноҳия 2025 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб 865 нафараш занон буда, ин шумора назар ба соли гузашта 1000 нафар зиёд шуда сафҳои он рӯз аз рӯз афзун мегарданд. Ҳизбиёни ноҳия дар 42 ташкилоти ибтидоӣ муттаҳид шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ ташкилотҳои нави ибтидоии «молиячигӣ» ва «табиб» дар назди Раёсати молияю дармонгоҳи ноҳия таъсис дода шуд.
Бо мақсади боз ҳам бештар муттаҳид намудани ҷавонон ва истифодаи неруи зеҳнии онҳо ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шудааст, ки ҳайати намояндагони онҳо дар ноҳия 11 нафар буда, айни замон фаъолияташонро бо Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар самти ҷалби ҷавонон ба сафҳои ҲХДТ ва ташвиқу тарғиби ғояҳои ҳизб дар байни омма ҷоннок намудааст.
Абдулло Азизов дар рафти гузоришаш аз баъзе камбудию норасоиҳо дар фаъолияти ҳизбиён изҳори нигаронӣ намуд. Новобаста ба баъзе камбудиҳо ҳизбиёни ноҳия тамоми имкониятҳои мавҷударо баҳри он равона менамоянд, ки дар соли 2017 соли таҷлили 20-солагии Ваҳдати миллӣ бо меҳнати ҳалолу руҳи болида ва дастовардҳои шоёни меҳнатӣ дар гулгулшукуфии Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд.
Зоир Ҳабибзода – мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва корҳои махсуси Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, ки дар ҷаласаи ҳизбиёни ноҳия иштирок дошт, номбурда зимни баромадаш таклиф намуд, ки ҷавонони файзободӣ тез-тез аз НБО-и Роғун дидан намуда дар вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ ҳиссагузор бошанд. Ҷонишини раиси ноҳия Н.Раҷабова, ҳизбиён М.Ҷалилов, З.Зубайдов, Ш.Акобирова баромад карда фаъолияти КИ ҲХДТ-ро дар соли 2016 дар ноҳия қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Дар анҷоми маҷлис ба 12 нафар фаъолони ҳизб Сипоснома ва ба 6 нафар аъзои нав шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.
М.ТАҒОЕВА,
хабарнигори «Набзи Файзобод».