Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

МИНБАРИ МУАССИСОН

СОЛЕ, БО РУЙДОДҲОИ ХОТИРМОН АЗ МО РАФТ

Соли рафтаи 2019   дар саҳифаҳои рӯзгори ҳаркадоми мо   аз худ хотираҳо наққоши кардаву ба қаъри таърих фурӯ рафт. Хотираҳои хушу нохуш, барору нобарорӣ бо рангҳои худ дар ёдҳо монд. Гумон мекунам саҳифаҳои неку хотирмон барои сокинони кишвар хеле зиёду зиёд аст. Хусусан мавриди истифода қарор гирифтани чархаи дуюми НБО –Роғун аз муҳимтарин рӯёйдоди сол буд. Дар сатҳи байналмиллалӣ ҳам Тоҷикистони азизи моро комёбиҳои зиёде даст дод, ки аз хусуси он ВАО-и кишвар ҳикоятгар буд. Гумон мекунам ҷамъбасти ҳамаи корҳои ба сомон расонида шуда ва дастовардҳои кишвар дар Паёми рӯзи 26 декабри соли 2019 ироъа намудаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хубу рушан баён гардидааст. Ҳамин буд, ки Паёми мазкурро ҳамаҷо мардум бо хушнудӣ пазируфтаанд.

Соли 2019 дар ноҳияи мо ҳам бо сарварии раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии МО-ии мамлакат Раҷабзода Миралӣ корҳои зиёди созандагию ободкорӣ амалӣ гардид. Воқеъаи хотирмонтарин барои мардуми Файзобод сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияаамон буд.Бо иштироки сарвари давлат як қатор иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифта, барои бунёди чандин иншооти дигар дастур доданд. Аз суҳбат бо аксари сокинони ноҳия дарёфтем, ки ташрифи Президенти мамлакат ба Файзобод беҳтарину фаромӯшнашавандатарин рӯйдоди сол буд.

Гумон мекунам муфассалтар дар бораи дастовардҳои сол ва нақши он дар рӯзгори ҳамдиёронамон хонандагони нашрия аз навиштаҳои ҳамкоронамон дар шумораи идона   хоҳанд мутолиа намуд.

Президенти мамлакат   дар Паёми навини худ ба сокинони кишварамон даъват доштанд, ки ба фарҳангу маънавиёт ҳарчи бештар рӯ биорем: «Яъне мо бояд фарҳангӣ будани миллати худро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем».

Ин даъвати Сарвари давлат бори дигар моро ба омӯзишу баланд бардоштани сатҳи маънавиёти хеш ҳидоят мекунад.

Баробари омӯзиши китоб василаи дигаре, ки ҷаҳонбинии моро васеъ намудаву сарчашмаи иттилоъи нав мегардонад, рӯй овардан ба матбуот аст. Зеро иттилоъи тозаву тарғиби рӯзгори гузаштаву имрӯзаи ҳамдиёронро танҳо матбуоту дигар ВАО дода метавонад. Яъне фазои иттилоотиро дар ҳар минтақа матбуот пурра месозад. Бо андаке холигӣ метавонад ба ин фазо идеологияи беруна ворид гардад.

Аз ин хотир мо бояд дастҷамъона дастгири матбуоти даврӣ бошем.

Соли равон тибқи нақшаи тасдиқ гардида, теъдоди обуначиён ба нашрияи Маҷлиси вакилони халқ ва раиси ноҳияи Файзобод «Набзи Файзобод»   бояд ба 3146 нусха расонида шавад.

Мо аз фарҳангу маънавиёти баланди масъулини беморхонаи марказӣ,   КАТС, шуъбаи маориф,   шуъбаи фарҳанг,     МИҲД-ии ноҳия, ҷамоати деҳоти Меҳробод, филиали Коллеҷи тибии ноҳия, МДНСЭ,   «Лоиҳакаш»,     Кумитаи заминсозӣ ва КДФ БММҒ,   Омор,   идораҳои оташнишонӣ ва посбонӣ   ТХҚ «Рушди кӯҳистон» , филиали «Амонатбонк», хоҷагии тухмипарварии ба номи А. Назиров , ҳамаи масҷидҳои марказӣ ва ҷомеъи ноҳия, ки сари вақт нақшаи обунаро ба иҷро расонидаанд аҳсан гуфтаву миннатдории аҳли эҷодро мерасонем.

Миёни нуҳ Ҷамоати деҳоту шаҳраки ноҳия танҳо   Ҷамоати деҳоти Меҳробод     ба 180 нусха «Набзи Файзобод» обуна шуданд, ки мо ба раиси ҷамоати мазкур Нурулло Саъдуллоев ва мардуми соҳибмаърифати он изҳори миннатдорӣ менамоем.   Масъулини дигар ҷамоатҳо бошанд ба ин масъала бепаровоӣ карданд. Ҳатто нақшаи обуна ба нашрияи Маҷлиси вакилони халқ ва раиси ноҳияи Файзобод «Набзи Файзобод» дар ҷамоатҳои Қалъаи дашт ва шаҳраки Файзобод ба 50 фоиз нарасид. Иҷрои нақша дар дигар ҷамоатҳо низ хуб нест. Наход сокинони ин ҷамоатҳо аз мутолиаи матбуот дур бошанд?!

Дар Файзобод кору зиндагӣ кардаву   ягона нашрияи Маҷлиси вакилони халқ ва раиси ноҳияро нахондану аз ҳаводиси рӯзгори сокинонаш огоҳӣ наёфтан гувоҳи дур аз маърифат будани масъулон аст.

Соли 2020 пешорӯи мо воқеаҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ қарор хоҳад гирифт, ки сокинони диёри файзбори мо ҳам дар онҳо фаъолона ширкат хоҳанд кард. Аҳли эҷоди «Набзи Файзобод» ҳам тасмим гирифтем, ки раванди ин воқеаҳоро дар саҳифаҳои нашрия воқеъбинона инъикос намоем. Яъне дар соли нави мелодӣ «Набзи Файзобод» бо орзуҳои ширини идона меҳмонии Шумо ва аҳли хонадони шумо хоҳад гашт. Ид муборак, ҳамдиёрони сарбаланд!

Низомиддин Шамсиён, сармуҳаррири «Набзи Файзобод».