ҲАМДИЁРОНИ МО
УСТОДИ УСТОДОН
- Подробности
- Опубликовано 27.11.2014 21:53
Файзобод бо боду ҳавои хуш, табиати нотакрор, кӯҳҳои осмонбусу арчаҳои ҳамешасабз, гулу гиёҳҳои хушбӯйю худрӯй ба дили бинанда тез ҷо мегираду аз садои форами чашмасорон ва рудҳои пуртуғёнаш инсон як ҷаҳон ҳузуру ҳаловат мегирӣ. Меваҳои хуштаъм дар ин водии пурфайз мерӯяд ба садҳо дард даво мебахшад. Қаҳрамони навиштаҳои мо ҳам ҳамин ҷо таваллуд шудаву сабақи нахустинро аз ҳамин ҷо гирифт. 15 марти соли 1939 дар деҳаи Бӯстонаки ҷамоати Меҳрободи имрӯза дар оилаи Муҳаммадалӣ Раҷабов ва Садафмоҳ Худойназарова тифле ба дунё омад, ки хурсандии волидайн ва аҳли оиларо афзуд. Падар ба ӯ Ҷалолиддин ном мегузорад. Муҳаммадалӣ деҳқони асил буду аз ин пеша рӯзгори хешро хуб мегузаронд. Модари меҳрубон бошад, ба тарбия ва нигоҳубини се фарзанд, Абдусаттор (айни ҳол дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунад), Ҷалолиддин ва Гулбӣ (дар деҳаи Хамисеби ноҳия даврони пирӣ меронанд) машғул буд. Аҷаб зиндагии ширине дошт ин оила. Афсӯс, хурсандии онҳо дер давом накард, падар дар синни 2-солагии Ҷалолиддин вафот мекунад. Зиндагии душвор ба души модар афтод. Рӯзҳои ҷанг омаду рӯзгори танг ба мардум. Давраи кӯдакии Ҷалолиддин низ ба давраҳои душвортарини ҷангу баъдиҷангӣ рост омад.
Баъди вафоти шавҳар Садафмоҳ бори зиндагиро ба душ гирифту дар фермаи колхоз ба кор даромад, то қути лоямуте барои таъмин оила пайдо намояд. Абудсаттор, бародари калонии Ҷалолиддин низ ба кор баромад. Саҳар таҳсил мекарду баъди дарс посбониву нигоҳубини мактаби деҳаро бар душ дошт. Солҳои ҷанг ва баъдиҷангӣ ҳар як оила нақшаи истеҳсоли тухм, пашм ва гӯшту равғанро дошт, ки бояд онро иҷро мекард. Модари Ҷалолиддин низ пайи иҷрои нақша бо кулвори пур аз деҳаи Бӯстонак пойи пиёда то маркази ноҳия, ки он вақтҳо Дарагиён ном дошт, меомад. Ҳамчунин ҳар оила дар бунёди канали Варзоб саҳм мегузошт. Чун падари Ҷалолиддин вафот карда буд, модараш ночор фарзандашро ба нигоҳубини ҳамдеҳагонаш гузоштаву ба кори кандани канали Варзоб рафт. Азбаски дар он ҷо ягона зан буд аз ноҳияи Файзобод, ошпази коргарон таъинаш карданд. Модари бузургвор ин супориши давлатиро низ бо сари баланд иҷро намуду бо анҷоми вақт назди фарзандонаш баргашт. Ҳамин тавр ба ҳама душвориҳои рӯзгор нигоҳ накарда дар ин оилаи хурдакак ба донишомӯзӣ ва хониши фарзандон аҳамияти махсус зоҳир менамуд.
Соли 1946 Ҷалолиддин ба синфи якум рафт. Ӯ аз кӯдаки зеҳни буррову ақли расо дошт, дорои хислатҳои аҷиб буд. ба ҳар як ҳодисаи дидааш кунҷковона назар мекард, бештар ба илмҳои дақиқ майлу рағбат дошт. Ҷалолиддин Алиев ба як бор хондан мавзуро аз худ мекард. Ҷалолиддин соли 1950 таҳсилро дар мактаби 7-солаи деҳаи Ҷалҷид бо ҳамроҳии бародарони шинохта шоири тавоннои миллат Бозор Собир ва профессор Темур Собиров идома медиҳад. Мисли дигар ҳамсолони худ дар баробари он ки дар мактаб таҳсил мекард, боз бори зиндагиро бар душ гирифтаву дар фермаи колхоз кор мекард. Бо меҳнати ҳалолу рафтори намунааш ибрати дигарон буд.
Хоҳиши зиёди идомаи таҳсил ин навраси ташнаи илмро соли 1953 ба интернати давлатии мардонаи шаҳри Душанбе овард. Зеро таҳсил дар интернати мазкур бо равияи илмҳои дақиқ ба роҳ монда шуда буд. Шароит ва имтиёзҳои хубе барои бачаҳои камбизоату ятим низ ин ҷо фароҳам оварда буданд, Ҷалолиддин Алиев имтиҳонҳои қабулро бо ҳамроҳии профессор Темур Собиров бо сари баланд супорида, ба синфи 8-ум мегузарад. Соли 1956 баъди хатми интернат бо тақозои шароит Ҷалолиддин соле пешаи омӯзгориро дар мактаби деҳаи Сариҷӯйи шаҳри Норак пеш гирифт. Ана аз ҳамин лаҳза шуруъ карда касби омӯзгорӣ, меҳри ин касб дар дили Ҷалолиддин аланга мегирад. Охир ӯ ташна буд. ташнаи илм, ташнаи омӯзиш буд. Соли 1957 бо кушода шудани шуъбаи нави биологиву кимиёвӣ дар факултаи табиатшиносию ҷуғрофияи ДДОТ ҳуҷҷатҳояшро супорид. Мехост асрори табиатро донад. Соли 1959 донишҷӯи соли дуввум буду мақолаи нахустинаш дар озмуни «Корҳои беҳтарини донишҷӯён» созовори ҷойи дувум ва мукофот гардид, ҳамчунин дар рӯзномаи «Педагоги ҷавон» нашр шуд. Пас аз донишгоҳро бо муваффақият хатм намудан Ҷалолиддин бо хоҳиши роҳбарияти факулта барои идомаи таҳсил ва такмили дониш дар донишгоҳ монд. Ба ҳайси асистенти кафедараи зоология корро оғоз кард. Омӯзгори ҷавон донишҷӯёнро бо олами ҳайвонот шинос мекард. Соли 1965 баъди хизматро бо сари баланд ба анҷом расонидан ба кафедраи кимиёи донишгоҳи аграрӣ ҳамчун ассистент ба кор камари ҳиммат мебандад. Моҳи августи соли 1966 Ҷалолиддин Алиев бо Суфия Абдиева – нахустдухтаре, ки аз шаҳри Норак барои идомаи таҳсил ба пойтахт омада буд, хонадор шуд. Онҳо соҳиби шаш фарзанд – се писару се духтар шуданд. Ин оилаи ҷавон ба фарзандон тарбияи хуб дода, онҳоро дар рӯҳияи меҳнатдӯстдорӣ, поквиҷдонӣ, хештаншиносӣ тарбия намудаанд. Ҳамаи фарзандони эшон соҳиби маълумоти олӣ буда дар соҳаҳои гуногун ко рва фоъилият доранд.
Ин ҷавони меҳнатдӯст чун дар дилаш меҳр нисбати илму кашфиёт беандоза дошт, ҳамин буд, ки ӯро барои таҳсил ба Пажуҳишгоҳи тадқиқотии кимиёи умумӣ ва ғайриорганикӣ –и АИ ИҶШС равон карданд. Дар мавзӯи «Рафтори 3d-элементҳои даврӣ дар муҳити кислотаи фториди ҳидроген ва фториди ҳидрогени моеъ» дар зери роҳбари олими машҳур профессор Николаев А.С. тадқиқот бурд. Соли 1972 рисолаи номзадиро бо муваффақият ҳимоя кард. Ҷалолиддин Алиев аз соли 1973 то охири ҳаёт дар ДДОТкору эҷод кард. Дар ин муддат устод дар вазифаҳои мудири кафедра, ҷонишини декан, декани факултаро ба уҳда дошта зиёда аз 50 соли умри худро ба эҷод ва тарбияи омӯзгорон бахшидааст.
Муаллим бо касби хоксоранаи худ корҳои бузурге мекунад, ки ибтидои хираду тавоноӣ ва зебоии олам аст. Вай дар паси ин ҳама корнамоиҳо ниҳон аст ва самараи заҳмати худ, идомаи орзуҳои наҷиби худро дар само ва кору амали шогирдонаш мебинад.
Афсӯс, ки устод Ҷ.Алиев 30-уми июли соли 2005 дар авҷи камолоти эҷодӣ дунёи равшанро падруд гуфт. Ҷалолиддин Алиев умри хешро ройгон нагузаронида, аз худ асарҳои зиёде боқӣ гузоштааст. Дар дили устод чӣ қадар нақшаҳо доштан, вале боди шум бӯстони рӯзгори ӯро хазон намуд. Дар маросими дафни ин марди бузург дӯстон, ҳамкасбон аз ҳар гӯшаю канори кишвар иштирок карданд, ашки ҳасрат рехтанд. Устод агар дар қайди ҳаёт мебуданд, ба синни мубораки 75 мерасиданд.
Фаъолияти омӯзгориву эҷодии Ҷалолиддин Алиев гуногунҷабҳа буда, масъалаҳои зиёди назариявӣ, методӣ, илмӣ-тадқиқотиро дар бар мегирад. Бояд тазаккур дод, ки устод дар ҳамаи ин соҳаҳо суботкорона заҳмат кашидааст ва ба комёбиҳои назаррас комёб шудааст. Дотсент Ҷалолиддин Алиев солҳои охир аз фанҳои технологияи кимиёвӣ ба донишҷӯён дарс мегуфт. Ҳар як дарси устод пурмуҳтаво, шавқовар в або аёниятҳо мегузашт. Шогирдони соҳибназар ҳеҷ гоҳ дарсҳои устодро фаромӯш нахоҳанд кард. Ба масъалаи корҳои инфиродиву мустақилонаи донишҷӯён низ аҳамияти ҷиддӣ медод. Бо роҳбарии дотсент Ҷалолиддин Алиев бештар аз 30 донишҷӯ дар асоси корҳои илмӣ-тадқиқотӣ рисолаҳои дипломӣ дифоъ карданд, бештар аз сад донишҷӯ бо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-методӣ дар конференсияҳо баромад кардаанд ва корҳои донишҷӯёни зиёде ба озмунҳои байнидонишгоҳии ҷумҳурӣ ва байнидонишгоҳҳои Иттиҳоди Шӯравӣ пешниҳод карда шудаанд ва сазовори ҷойҳои фахрӣ, мукофотҳо гаштанд. Зиёда аз 50 сол устод дар хизмати мардум камар баставу оташи илму маърифат дар замири соҳибназарон меафрӯхт ва хушбахтона ашхосе кам нестанд, ки қобили нигаҳдории ин оташи табаррук бошанд. Профессорон Бандаев С., Сатторов Т., дотсентҳо Ҳайдаров А., Тошев А.Ф. ва дигарон, ки ҳам дар донишгоҳ кор мекунанд, аз ҷумлаи шогирдони устоданд. Ҳамчунин садҳо шогирдони устод дар ҳамаи гӯшаву канорҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд. Устод якҷоя бо профессор Солиев Л.С. ва дотсент Ҳотамов А. китоби дарсии кимиё (иборат аз се қисм) барои донишҷӯёни макотиби олӣ таълиф кардаанд. Дотсент Алиев Ҷалолиддин фаъолияти омӯзгориро бо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ хуб созиш додааст. Самти асосии тадқиқоти илмии ӯро «Коррозияи 3д-филиззот ва хулаҳои онҳо дар маҳлули кислотаи фтоиди ҳидроген ва фториди ҳидрогени моеъ ва ҳамчунин ҳимояи онҳо аз коррозия дар муҳити мазкур» ташкил медиҳад. Эшон нахустин шахсест дар ҷумҳурӣ, ки дар ин ришта тадқиқот бурдаву рафтори 3д-филиззот ва хулаҳои онҳоро дар кислотаи фториди ҳидроген (аз якфоиза то садфоиза) ва фториди ҳидрогени моеъ, ҳамчунин ҳимояи филиззотро аз коррозия тавассути ингибиторҳо пайваста тадқиқ кардааст, ки ин аҳамияти калони илмию амалӣ дорад. Тадқиқоти ӯ асосан рафтори моддаҳои зеринро дар муҳитҳои мазкур дар бар мегирад: оҳани армко, кобалт, никел, мис ва хулаҳои онҳо, аз он ҷумла пулодҳои навъҳои гуногунро зери моддаҳои мазкур моддаҳои муҳими конструксионӣ буда масъалаҳои ҳимояи онҳо дар муҳитҳои агроссивӣ аҳамияти махсус дорад. Бо мақсади ҳимояи ин филиззот ва хулаҳои онҳо аз коррозия дар муҳити фториди усули ҳимояи ингибиториро пешниҳод кардааст. Самти дигари фаъолияти илмӣ-тадқиқотии устод ин тадбиқи бевоситаи донишҳои назариявӣ дар ҳаёт мебошад.
Дотсент Ҷалолиддин Алиев аз соли 1980, муддати 12 сол пайваста корҳои тадқиқотии шартномавиро роҳбарӣ ва ба иҷро расондааст. Тадқиқотҳои шартномавӣ бо Вазорати кишоварзӣ дар масъалаҳои «Нигоҳдории тӯлонии меваю сабзавот», бо комбинати равғанкашии шаҳри Душанбе дар масъалаи «Ҳимояи пӯлодҳои карбондор аз коррозия дар намакоби хлориди калсий», бо Пажуҳишгоҳи кимиёи АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи «Коррозияи хулаҳои алюминий бо элементҳои нодирзаминӣ» ва ғайраҳо иҷрокардаи устод мисолҳои возеҳи татбиқ амалии ҳимояи филиззот дар муҳитҳои агроссивӣ мебошанд. Дар симпозиумҳои умумииттифоқии шаҳрҳои Москва, Одесса, Душанбе, Днепропетровск, Новосибирк, Свердловск ва дар конференсияҳои зиёди умумииттифоқӣ ва минтақавӣ оид ба кимиёи пайвастаҳои ғайриорганикии фтор иштирок ва бо маърӯзаҳои илмӣ баромад кардааст. Дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ, илмӣ-тадқиқоти ва илмию методӣ Ҷалолиддин Алиев пайваста корҳои ҷамъиятиро низ иҷро кардааст: узви комиссияи конкурсии факулта, узви ҷамъияти илмӣ-техникии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, узви комиссияи ташкилӣ оид ба гузаронидан олимпиадаҳои кимиёии ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқӣ, раиси иттифоқи касабаи факулта буданд. Ба қалами ин кимиёдони варзида бештар аз 50 мақолаҳои илмӣ ва дастурҳои таълимӣ барои донишҷӯён мутааллиқанд. Боиси таассуф аст, ки як қатор асарҳои устод нотамом монданд. Аз он ҷумла устод барои мураттаб намудани диссертатсияи доктори корҳои зиёде анҷом дода буд, барои истеҳсолотҳои гуногуни кимиёи мутобиқ ба шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи мақолаҳо омода мекард, барои таълифи дастурҳои методӣ оид ба тахассуси экология заҳмат мекашид. Афсӯс, ки барои анҷоми ҳамаи ин ниятҳо умр вафо накард. Фаъолияти меҳнатию пурсамараи ҷамъиятии дотсент Ҷалолиддин Алиев борҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. Устод бо ду ифтихорноми Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии халқи ҷумҳурӣ ва ҳамчунин чандин ифтихорномаву мукофотҳо сарфароз гардидааст.
Таманнои МИРЗОШАРИФ,
Ҷовидон АЛИЕВ.