ҲАМДИЁРОНИ МО
ЗИНДА МОНАД НОМИ МАРД
- Подробности
- Опубликовано 13.10.2015 10:35
Дирӯз дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 бо иштироки сокинони деҳа, устодону шогирдони муассиса ва меҳмонон ҷамъомади хотирмони кушодашавии лавҳаи ёдгорӣ ва номгузории муассиса ба номи собиқ директори он Абдуназаров Назар доир гардид.
Дар ҷамомад раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Миралӣ, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ф. Наҷмиддинов ва дигар масъулони ҷамоати деҳоти Мискинобод, раисони маҳаллаи деҳаҳои Фақирободу Гултеппа, ҳамсолону ҳамкорон, шогирдон, хешу таборони Абдуназаров Н. ширкат доштанд.
Ҷамъомадро директори муассиса Назиров Шодмон кушода, аз фаъолияти меҳнатии муаллим Абдуназаров Н. сухан кард. Сипас раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ доир ба сиёсати ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи маориф, қадрдонии кормандони соҳа ҳарф зада қайд намуд, ки марҳум Абдуназаров Назар яке аз сарсупурдагони соҳаи маориф буда зиёда аз 50 соли ҳаёташро сарфи таълиму тарбияи насли наврас намудааст. Аз ин 20 сол сарвари муассисаи мазкур буд. Бо роҳбарии ӯ муассиса соли 1970 аз мактаби ибтидоӣ ба мактаби 8 – сола ва соли1986 ба мактаби миёна табдил дода шуд. Ҳазорҳо шогирдонро ин боргоҳи маърифат тарбия намуда ба хизмати халқу Ватан равона сохтааст. Ҳамин аст, ки омӯзгорон ва сокинони деҳа хизматҳои ӯро қадр намуда барои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 – ро ба номи ӯ гузоштан таклиф намуда буданд, Маҷлиси вакилони халқи ноҳия онро хуш пазируфт.
Сипас, зери қарсаки ҳозирон парда аз болои лавҳаи ёдгорӣ бардошта шуд.
Дар ҷамъомад ҳамкорону ҳамсолони марҳум М. Худойдодов, З. Давлатов, шогирдонаш А. Очилов, О. Шамсиён баромад намуда хотираҳои неки худро баён намуданд. Баромади дастаи ҳаваскорони муассиса, ки фарогири барномаи ҷолибу рангин буд, ба ҳозирин писанд омад.
Дар поёни маҳфил фарзандони марҳум Ш. Назаров ва Ш. Абдуназаров ба роҳбарияти ноҳия барои чунин қадрдонӣ изҳори минатдорӣ намуданд.