Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ҲАМДИЁРОНИ МО

ФИДОИИ ИЛМУ АДАБ

Ҷамоли мардумӣ дар ҳилм бошад,

Камоли одамӣ дар илм бошад.

                                                    Носири Хусрав.

Диёри зебоманзари Файзобод, ки як гӯшаи зеботабиати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, дар ҷодаи шеъру шоирӣ, илму маориф, фарҳангу маърифат бузургтарин фардҳоро ба камол расондааст. Мисоли амиқаш Ҷамолиддин Саидзода мебошад.

Ҷамолиддин Саидзода бо дили қавӣ ва қалби лабрези эҳсос ба майдони илм ворид шуда, ба туфайли заҳматҳои фаровон ва тапишҳои зиёд дар соҳаи мактабу маориф ва илму фарҳанг соҳибэҳтиром гардидааст.

Ҷамолиддин Саидзода 20 феврали соли 1952 дар деҳаи Кабкрез ба дунё омада баъди хатми мактаби ҳаштсолаи деҳа дар мактаби миёнаи рақами 2 деҳаи Гумбулоқ (Меҳробод) маълумоти миёна гирифтааст. Ӯ соли 1975 ба шӯъбаи шабонаи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда онро соли 1981 хатм намуд.

Аснои таҳсил дар мактаби миёна Ҷамолиддин ба касби омӯзгорӣ меҳри беандоза дошт ва хуб дарк карда буд, ки омӯзгорӣ пешаест олию наҷиб ва ҳунарест пурифтихору пурнишот. Ба андешаи ӯ, на ҳар кас дар ин роҳ сабру таҳаммулро маҳаки худ қарор дода метавонад, чунки омӯзгор будан заҳматкаш ва ҷафопеша будан аст. Омӯзгори комил шахсест, ки ботинан эътиқод дорад ба ин касб. Ана ҳамин эътиқоди ботинӣ буд, ки Ҷамолиддинро бипайваст ба пешаи омӯзгорӣ ва имрӯз низ роҳнаварди ҳамин роҳ аст.

Ҷамолиддин Саидзода соли 1977 дар мактаби миёнаи рақами 63 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба сифати омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик ба кор шурӯъ намуд. Ӯ тамоми қувваю дониш, маҳорату истеъдоди педагогӣ, гармии дилу меҳри бепоёни худро ба таъмину тарбияи насли наврас бахшид. Натиҷаи чунин масъулияти бузург, такопӯ ва заҳмати ҳамешагӣ дар ҷодаи омӯзгорӣ буд, ки Ҷамолиддин миёни шогирдону ҳампешагон маҳбубияти хосаро соҳиб гардид. Вай ҳангоми фаъолияти омӯзгорӣ ҳамеша ба сухани машҳури Ибни Сино дар бораи чӣ гуна будани шахсияти устод гуфтааст, пайравӣ мекард: «Шахсеро устод гӯянд, ки он чӣ ба дигарон таълим диҳад, худ дар амал собит намояд». Натиҷаи ҳамин пайравӣ буд, ки ӯ баъдтар худ педагог ва олими сермаҳсул шуда, истеъдоди худро ба тамоми соҳаҳои илм, ба вижа илми педагогика сарф намуда, ба комёбиҳои беназир муваффақ гардид.

Фаъолияти илмии Ҷамолиддин Саидзода ҳангоми дар мактаби миёна кор карданаш оғоз гардид. Мақолаи аввалинаш бо унвони «Аз мукофоти амал ғофил машав» соли 1984 дар рӯзномаи «Камсамоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон») нашр гардид. Ӯ перомуни афкори педагогии намояндагони бузурги халқи тоҷик тадқиқотҳои зиёде гузаронд. Дар мавзӯи «Ақидаҳои педагогии Соиб» рисолаи номзадӣ навишта онро соли 1999 ҳимоя намуд ва ба дарёфти унвони илмии номзади илмҳо мушарраф гардид. Баъдан вай худро ба пуррагӣ вориди майдони илму пажуҳиш ворид сохта, соли 2003дар Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ба фаъолияти илмӣғпажоҳишӣ шурӯъ намуд. Аз соли 2009 инҷониб дар Иниститути забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ низ ба сифати ходими калони илмӣ кор мекунад.

Ҷамолиддин Саидзода узузви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, аз ҷодаи омӯзгорӣ, Аълочии маорифи Тоҷикисон. Вай илми сермаҳсуласт, зиёда аз 500 мақолаву тақриз доир ба нақди адабию адабиётшиносӣ ва мактабу маориф иншо ва мунташир шудааст. Устод дар чандин конференсияву симпозияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ бо маърӯзаҳо ширкат намудааст. Ҷамолиддин Саидзода аз фаъолтарин иштирокчиёни барномаҳои радио ва телевизион буда, бо андешарониҳои илмию адабиаш миёни шунавандагон ва тамошобинон маҳбубияти беандоза пайдо намудааст.

Мақолаҳои илмию тадқиқотии устод дар рӯзномаҳои «Омӯзгор», «Адабиёт ва санъат» ва маҷалаҳои «Садои шарқ», «Маърифати омӯзгор», «Тоҷикистон», «Масъалаҳои маориф» ва ғайра пайваста нашр мегарданд.

Ҷамолиддин Саидзода аз ҷумла адабиётшиносоне мебошад, ки бо ҷаҳонбинии тоза ва шеваи нав вориди майдони нақди адабӣ ва адабиётшиносии муосири тоҷик гардида, ба зудӣ дар сафи адабиётшиносони машҳуру шинохтаи кишвар ҷо гирифт. Тадқиқоту пажуҳшоти илмӣғадабиаш дар заминаҳои заминаҳои адабиётшиносӣ, таърихи адабиёти тоҷику форс, назарияи шеър, нақди адабӣ ва фарҳангшиносӣ сурат мегирад. Ба шарафати мақолаю рисолаҳои тақиқотию пажуҳишии Ҷамолиддин Саидзода як қатор … илми адабиётшиносӣ, монанди нақди адабӣ, эҷоди осори адабӣғбадеӣ, ба вижа, шеър, назари имрӯзӣ ба санъатҳои бадеӣ ба гунаи асбоби тахайюли, ҳаёт ва эҷодиёти адибони адабиёти классикию муосири тоҷик, сабку услуби ашъори адибон, мақоми сабкои адабӣ дар адабиёти тоҷик ва ғайра таҳқиқ гардидаанд, ки арзиши баланди илмӣ ва адабиро дороянд. Ӯ доир ба адабиёти Эрону Афғонистон, Ҳинду Покистон ва Қафқоз низ тадқиқод бурда, як инсила рисолаҳои пурарзиши илмӣ иншо нашудааст. Китобу рисола ва маҷмуаҳои илмӣғадабии «Ахлоқ ва муошират аз назари Соиб» (2000), «Мо ва Носири Хусрав» (2004), «Нақши хаёл ва ороиши ҳунарӣ дар шеър Мавлоно» (2007, бо … Ҳокими Азиз), «Ҷамолиддин Балхии Румӣ» (2008), «Сабки сухани Мавлоно» (2009), «Бозор Собирғтасвиргари моҳир» (2009), «Сувари хаёл дар шеъри Рӯдакӣ» (2009), «Дар силсилаи Фиғонӣ» (2010), «Шеъри Турсунзораву ин обшорон зинда бод» (2010), «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» (2011), «Рӯ ба Ҳинд…» (2012), «Сабки ҳиндӣ гарчи сабки тоза буд» (2012) аз дастовардҳои назарраси адабиётшиносии тоҷик ба шумор меравад.

Бахши муҳими дастовардҳои илмию адабии устод Ҷамолиддин Саидзодаро таҳқиқу баррасӣ ва шарҳи рӯзгору осори адабӣ ва маҳорати шоиродаи суханварони адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, адабиёти Эрону Афғонистон ва Ҳинду Покистон аз қабилӣ Рӯдакию Фирдавсӣ, Носири Хусраву Мавлавӣ, Саъдию Ҳофиз, Ҷомию Фиғонӣ, … Соиб,Шавкату …, Қаонию Бедил, Нозими Ҳиротию Аҳмади Дониш, Лоҳутию Айнӣ, Иқболу Мирзо Турсунзода, Бозор Собиру Лоиқ Шералӣ, Зиё мАбдуллову Низом Қосим, … Қорӣ Абдуллову Хоинуллоҳи … ва дигарон ташкил медиҳанд, ки аз ҷониби донишмандону адабиётшиносони шинохтаи ватанию бурунмарзӣ баҳои баланд гирифтаанд.

Устод Ҷамолиддин Саидзода воқеан ҳам муҳаққиқи ҷӯянда ва пухтакор буда доираи фаъолияти илмию эҷодиаш густурдаю фароҳ вадоманадору васеъ мебошад. Ҷамолиддин, ки аз ҷавонӣ ба суруду мусиқӣ шавқу ҳавас ва майли беандоза дорад, аслан шефтаи ҳунари воло ваасил мебошад ва нисбат ба чеҳраҳои фарҳангӣ, овозхонону сарояндагон ва ҳунармандони асили дунё. Кишвари маҳбубу диёри Файзбори хешғФайзобод назари хосаю нек ва хайрхоҳона дорад. Ин аст, ки ӯ роҷеъ ба рӯзгор. Фаъолияти эҷодӣ ва ҳунари волю мафтункунандаи ҳунарпешаю овозхонони Шарқ чун Аҳмад Зоҳир, Маҳвашу Аҳмад Мурид ва санъаткорони ватанӣ Зафар Нозим, Дӯстмуроди Алӣ, Қиёмиддин Чақаёзода, Саидқул Билолов, Исмоил Назриев, Хурмо Ширинова ва дигарон мақолаҳои зиёде навиштааст. Рисолаи «Ёде аз Дӯстмуроди Алӣ» (2005) ва мақалаҳои «Булбули Вашгирд», «Ҳамон рӯзе, ки ҷони ман, зи Файзобод мерафтӣ», «Бозор Собир ва Дӯстмуроди Алӣ», «Бозор Собир ва Аҳмад Мурид», «Аз хуни Сиёвушем, ҳамхуни Сиёвушем», (Шеъри Бозор Собир дар барномаи ҳунарии Саидқул Билолов), «Шеъри Мавлоно дар барномаи ҳунарии Аҳмад Зоҳир» ва ғайра, ки ба қалами Ҷамолиддин Саидзода эҷод гардидаанд, тасдиқгари гуфтаҳои болоянд.

Ҷамолиддин Саидзода, ки худ омӯзгор буда зиёда аз 30 соли умри хешро барои таълиму тарбияи насли наврас сарф намудааст, нозуниҳои касби омӯзгорӣ, яъне масъулияти бузург, заҳмати ҳамешагӣ, ахлоқи ҳамида, зеҳни баланд, саъйи донишомӯзӣ. Муҳаббати бепоён доштан ба касби омӯзгорӣ ва … онро аз бар намудааст. Устод оид ба вазифаю масъулияти омӯзгорӣ, хусусиятҳои асосии дарси ҳозиразамон, роҳу услуҳои тарбия намудани хонандагон дар рӯҳияи ифтихору худшиносӣ, тарзи дурусти таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ, фаъолонидани раванди таълими ҳангоми санҷишу мустаҳкам кунии дониш, малака ва маҳорати мактаббачагон, таълими сабкҳои адабӣ дар дарсҳои адабиёт, гирд овардани ашъори шоирон доир ба аҳамияти илму дониш, мактабу маориф, таълиму тадрис ва ғайра чандин мақолаву рисолаҳои илмӣғдастурӣ таълиф намудааст, роҳнамои хубеанд барои омӯзгорон ва дигар кормандони мактабу маориф. Рисолаҳои «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» (2011), «Таълими сабҳои адабӣ дар мактаб» (2011), маориф «Гулистоне дон…» (2010), «Хуш вақти касе, ки панд гирад» (2010), Роҳнамои омӯзгори адабиёт (иборат аз се китоб, 2011) ва ғайра асарҳои пурарзиши илмӣғдастурии дар риштаи омӯзишу парвариш ва мактабу маориф таълифнамудаи Ҷамолиддин Саидзода маҳсуб мешаванд.

Устод Саидзода ба синни мубораки 60 расид. Ба ифтихору шарафи ин санаи муборак аз забони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ мегӯем:

Эй, ки пурсӣ, ки беҳтарин кас кист?

Гӯям аз қавии беҳтарин касон!ғ

Беҳтарин кас он бувад, ки зи халқ

Беш бошад ба халқ нафърасон.

                                                              Қиёмиддин Азимов, омӯзгори

                                                                 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии

                                                                 рақами 5 ноҳияи Файзобод.