Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ЭЪЛОН

“НАБЗИ ФАЙЗОБОД” ОБУНА ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

“Набзи Файзобод” бо мақсади мустаҳкам намудани робитаи байни мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аҳолӣ моҳе ду маротиба бо фарогирии мавзӯҳои  мубрами рӯз рӯи чоп меояд. Соли ҷорӣ бо теъдоди 1730 нусха нашр шудани “Набзи Файзобод” гувоҳи он буд, ки мо дар диёри бостониамон зиёда аз 15000 хонандаи доимӣ дорем. Зеро ҳар шумораи рӯзномаро 8-10 нафар дар хонадонашон ё дар ҷои кор мутолиа мекунанд. Агар обунаи имсоларо ба 2500 нусха расонем шумораи ба чанд адад расидани хонандагони мо аллакай маълум мешавад. Соли гузашта ҷамоатҳои деҳоти ба номи Д.Алиев, Мискинобод, Ҷавонон, Бӯстон, шаҳраки Файзобод, кормандони беморхона, шуъбаи фарҳанг, мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи посбонӣ, идораи суғурта аз обуначиёни фаъоли мо буданд, ки барои ташкили хуби обуна ба онҳо аз сидқи дил ташаккур мегӯем ва боварӣ аст, ки дигар корхонаву муассисаҳои ноҳия аз ин амали ибратомӯз сабақ хоҳанд гирифт.

Подробнее...

“НАБЗИ ФАЙЗОБОД” ОБУНА ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

“Набзи Файзобод” бо мақсади мустаҳкам намудани робитаи байни мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аҳолӣ моҳе ду маротиба бо фарогирии мавзӯҳои  мубрами рӯз рӯи чоп меояд. Соли ҷорӣ бо теъдоди 1730 нусха нашр шудани “Набзи Файзобод” гувоҳи он буд, ки мо дар диёри бостониамон зиёда аз 15000 хонандаи доимӣ дорем. Зеро ҳар шумораи рӯзномаро 8-10 нафар дар хонадонашон ё дар ҷои кор мутолиа мекунанд. Агар обунаи имсоларо ба 2500 нусха расонем, шумораи ба чанд адад расидани хонандагони мо аллакай маълум мешавад.

Подробнее...

ЭЪЛОН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар асоси Амри раиси ноҳия

аз 13 феврали соли 2016 № 13 барои ишғоли мансабҳои холии зерини хизмати давлатӣ
озмун эълон менамояд:

Подробнее...

МУОИНАИ ТЕХНИКӢ ҲАТМИСТ

Мувофиқи нақша-чорабиниҳои мақсаднок  дар қаламрави ҷумҳурӣ маъракаи “Муоинаи техникӣ” гузаронида мешавад.

Ин муоина ҳатмӣ буда, тибқи амри раиси ноҳия аз 25 январи соли 2016, таҳти рақами 6 роҳбарони хоҷагиҳо, идораю ташкилоту муассисаҳои соҳиби нақлиёт, ҳамчунин дорандагони нақлиёти автомобилиро вазифадор менамояд, ки дар ин маърака фаъолона иштирок намоянд. Мувофиқи амри зикршуда аз ҳисоби намояндагони ШБДА ШВКД  ҳарбӣ, бахши андоз, идораи суғурта, раёсати кишоварзӣ комиссияи азназаргузаронии воситаҳои нақлиёт таъсис дода мешавад.

Подробнее...

ЭЪЛОН – МУЗОЯДА

Иҷрочиёни Суди ноҳияи Файзобод дар санаи 18-уми январи соли 2016 соати 10-00 дақиқа музоядаро оиди фурӯши амволи ғайриманқули ба ҳабсгирифташударо баргузор менамояд.
Манзили истиқоматӣ иборат аз як ошёна бо даҳ ҳуҷраи зист, воқеъ дар ноҳияи Файзобод, Ҷамоати деҳоти Мискинобод деҳаи Заркамар.
Хоҳишмандон метавонанд барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба иҷрочиёни Суди ноҳияи Файзобод ба суроғаи кӯчаи Исмоили Сомонӣ 40 ва барои тамос бо телефони (83135) 3-23-57 муроҷиат намоянд.