Вт12032024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ЭЪЛОН

“НАБЗИ ФАЙЗОБОД” ОБУНА ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

“Набзи Файзобод” бо мақсади мустаҳкам намудани робитаи байни мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аҳолӣ моҳе ду маротиба бо фарогирии мавзӯҳои  мубрами рӯз рӯи чоп меояд. Соли ҷорӣ бо теъдоди 1730 нусха нашр шудани “Набзи Файзобод” гувоҳи он буд, ки мо дар диёри бостониамон зиёда аз 15000 хонандаи доимӣ дорем. Зеро ҳар шумораи рӯзномаро 8-10 нафар дар хонадонашон ё дар ҷои кор мутолиа мекунанд. Агар обунаи имсоларо ба 2500 нусха расонем, шумораи ба чанд адад расидани хонандагони мо аллакай маълум мешавад. Соли гузашта ҷамоатҳои деҳоти   Мискинобод, Ҷавонон,  кормандони беморхона, КАТС, Раёсати молия, мақомоти андоз, шуъбаҳои маориф, фарҳанг, идораи «Лоиҳакаш», мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи посбонӣ, ҶДММ «Мурғи ҳилол»  аз обуначиёни фаъоли мо буданд, ки барои ташкили хуби обуна ба онҳо аз сидқи дил ташаккур мегӯем ва боварӣ аст, ки дар дигар корхонаву муассисаҳои ноҳия аз инҳо сабақ хоҳанд гирифт.

Маъракаи обунаро барои соли 2017 оғоз намуда, сокинони ноҳияро ба он даъват мекунем, ки агар аз набзи диёр воқеан ҳам огаҳ шудан хоҳанд, кӯшиш кунанд, ки ба рӯзномаи ноҳиявӣ обуна шаванд ва тамоми сол бо “Набзи Файзобод” бимонанд.

Бо вуҷуди боло рафтани қимати чоп ва дигар корҳои эҷодию полиграфӣ мо кӯшиш намудем, ки нархи обунаро тағйир надиҳем.

Нархи яксолаи обуна 70 сомонист.

Ҳамдиёрони азиз! Биёед ба рӯзномаи дӯстдоштаамон – “Набзи Файзобод” дер намонда обуна шавем.