Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ЭЪЛОН

МУОИНАИ ТЕХНИКӢ ҲАТМИСТ

Мувофиқи нақша-чорабиниҳои мақсаднок  дар қаламрави ҷумҳурӣ маъракаи “Муоинаи техникӣ” гузаронида мешавад.

Ин муоина ҳатмӣ буда, тибқи амри раиси ноҳия аз 25 январи соли 2016, таҳти рақами 6 роҳбарони хоҷагиҳо, идораю ташкилоту муассисаҳои соҳиби нақлиёт, ҳамчунин дорандагони нақлиёти автомобилиро вазифадор менамояд, ки дар ин маърака фаъолона иштирок намоянд. Мувофиқи амри зикршуда аз ҳисоби намояндагони ШБДА ШВКД  ҳарбӣ, бахши андоз, идораи суғурта, раёсати кишоварзӣ комиссияи азназаргузаронии воситаҳои нақлиёт таъсис дода мешавад.

Муоинаи техникии воситаҳои нақлиёти шахсии шаҳрвандон аз 10 апрели соли 2016 оғоз ёфта, ҳамарӯза то 14 июни соли 2016 идома меёбад.

Бо мақсади сифатнок гузаронидани муоинаи воситаҳои нақлиёт дар ноҳия нуқтаи ташхиси техникии воситаҳои нақлиётии ҶДММ № 22 дар дохили терминали мусофиркашонӣ ташкил шуда бо асбобу таҷҳизоти ташхисии муосир муҷаҳҳаз буда, иҷозатномаи ШБДА-ро доранд.

Дар ин ҷо ба соҳибони нақлиёт варақаҳои ташхис аз натиҷаи санҷиши ҳолати техникӣ дода мешавад. Ҳангоми гузаронидани муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт ғайр аз ҳолати техникӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад; шаҳодатномаи ронандагӣ, шиносномаи техникӣ, маълумотномаи тиббӣ, варақаи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, варақаи пардохти андози воситаи нақлиёт.

Соҳибони воситаҳои нақлиёт бояд донанд, ки танҳо дар сурати дуруст будани ҳолати техникии нақлиёт, мавҷуд будани оташхомӯшкунак, доруқуттӣ, аломати хатар ва мувофиқ будани ҳуҷҷатҳояшон ба санадҳои номбаршуда ҳуҷҷати муоинаи техникии барориши соли 2016 гирифта метавонанд.

Маҳмадулло Маллаев, сардори

ШБДА ШВКД дар ноҳияи Файзобод.