ИҶТИМОЪ
ВОХӮРИҲОИ РАИСИ НОҲИЯ АТРОФИ ПАЁМИ САРВАРИ ДАВЛАТ
- Подробности
-
03 Фев 2015
- Опубликовано 03.02.2015 15:31
Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси олии кишвар, 23 январи соли равон ироа шуд, як дастури ҳаётиест,ки самтҳои асосии тамоми соҳаҳои пешрафти мамлакат барои як соли оянда тарҳрезӣ, шуда иҷрои сари вақтии он аз ҳаряк сокини кишвар масъулияти ҷиддиро тақозо мекунад. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо миёни сокинони мамлакат муҳтавои асосии ин ҳуҷҷҷати сарнавиштсоз ҳамаҷониба мавриди омӯзиши ӯмум қарор гирифтааст. Зеро дар паёми имсолаи худ сарвари давлат бурду бохти мамлакат ва ҳамаи соҳаҳои зиндагии мардум-иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу сиёсатро мавриди таҳлили ҳаматарафа қарор додаанд.
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА МО ХУДШИНОСӢ ЭҲДО КАРД
- Подробности
-
22 Дек 2014
- Опубликовано 22.12.2014 10:40
Баҳори 23-юмини истиқлолият паси сар шуд. Роҳи ҳамвору ноҳамворе, ки мардуми тоҷик тайи ин солҳо паси сар намуд, албатта осон набуд. Аммо мардуми соҳибтамаддуни тоҷик бори дигар бо истодагариҳои хеш ба ҷаҳониён худро чун қавми ориёнажод ва қавме,ки таърихи тӯлонӣ дорад, муаррифӣ намуд. Ва боз ҳам шукрона аз раҳбарӣ ва давлатдории сарвари кишварамон, Президенти мамлакат Эмомалї Рањмон, ки ин ҳама бо заҳмату кӯшишҳо ва азму талошҳои ӯ рӯи кор омадаанд. Ман ин ҷо агар шумори он ҳама азму суботи роҳбари давлатро дар ин 23 соли истиқлолият ба қалам диҳам, бемуҳобот саҳифаҳо камӣ ва ҳатто ки вақти зиёде ба кор меояд. Аммо аз муҳимтарини онҳо ёдовар шудан мехоҳам.
ЧАРО ҶАВОНОН АЗ ХИЗМАТ ДУРӢ МЕҶӮЯНД?
- Подробности
-
23 Нояб 2014
- Опубликовано 23.11.2014 22:38
Ин суолест , ки ҳама рӯза посухи худро меҷӯяд. Аммо мутаассифона ҷавоб гирифтан ба он амре маҳол гардидааст. Охир махз тавасути ҷавонмардии ҳомиёни Ватан сулҳу суббот ва оромию осоиштагии фазои Тоҷикистони соҳибистиклоламон қавию симои он рӯз аз рӯз зеботару ободтар мегардонем. Аз ин хотир ҳар яки мо бояд ба он бикушем, ки чун фарзандони бо нангу номус ва фарзонаи миллат ба воя бирасему сазовори ин обу хок бошем.
ПИРӮЗӢ ЗИ ИСТИҚЛОЛ БОШАД!
- Подробности
-
22 Дек 2014
- Опубликовано 22.12.2014 10:35
Барои миллати тамаддунпарвари тоҷик асри басо таърихиву сарнавиштсоз ин асри 20 аст. Дар даҳсолаи охири ин аср барои халқи тоҷик ҳадяи беназири таърихӣ насиб гардид. 9 сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Пас аз садсолаҳо тоҷикон ба орзуи деринаи хеш расиданд, соҳибдавлату соҳибихтиёру соҳибистиқлол гардиданд.
ХОКСОРӢ -ЗИННАТИ ИНСОН
- Подробности
-
23 Нояб 2014
- Опубликовано 23.11.2014 21:38
Хоксорӣ-ин хислати ҳамидаест, ки дар амали ашхоси дурбину бофарҳанг ва донишманд зоҳир мегардад. Зеро онҳо хуб медонанд, ки бузурге гуфта:
Манманиҳо пешаи шайтон бувад,
Ҳар кӣ худро кам гирад, мард он бувад.
МАҚОМИ ФАРД ДАР БАХТНОМАИ МИЛЛАТ
- Подробности
-
22 Дек 2014
- Опубликовано 22.12.2014 10:30
Инак, ду даҳсола мешавад, ки Сарқонуни кишвар барои тақдиру сарнавишти халқи тоҷик ҳамчун омилу дастури муайянкунанда амал намуда, чун санади бунёдӣ тавонист дар замири дили ҳар як шаҳрванд манзалати шоиста пайдо намояд. Пайдо гаштани ин гуна рӯҳия як фикру гумони хушку холӣ нест. Мо медонем, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ баҳои баландро сазовор гашт. Худи ҳамин гувоҳу далели ҷомеаи демокративу озод будани Тоҷикистон мебошад.
ҶИЛОИ ҲУНАР ДАР ПОЙТАХТИ КИШВАР
- Подробности
-
23 Нояб 2014
- Опубликовано 23.11.2014 21:08
Ҳаваскорони санъати ноҳияи Файзобод даври якуми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2014”-ро бомуваффақият ҷамъбаст намуда, ҳамчун ғолиб (дар қатори 13 шаҳру навоҳии мамлакат) ба даври дуюми (ҷамъбастии) озмун роҳхат гирифтанд.
ОЛИМИ ҶАВОНИ ФАЙЗОБОД САЗОВОРИ ҶОИЗАИ «ИСМОИЛИ СОМОНӢ» ГАРДИД
- Подробности
-
22 Дек 2014
- Опубликовано 22.12.2014 10:02
Дар арафаи ҷашни 23-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари хуше боиси ифтихормандию сарбаландии ҳар яки мо, мардуми диёри Файзободи азиз гардид. Бо Фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамдиёрамон, дастпарвари мактаби таҳсилоти умумии рақами 15, дотсенти кафедраи пайвастҳои калонмолекулӣ ва технологияи химиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илми кимиё Сироҷиддин Раҷабов дар қатори 6 нафар олимони ҷавони ҷумҳурӣ ба ҷоизаи «Исмоили Сомонӣ» барои дастовардҳо дар соҳаи илмҳои бунёдӣ сазовор дониста шуд. Ин муждаи нек гувоҳ аз баҳои баланд ва меҳру муҳаббати Сардори давлат нисбати мардуми мост, ки гуфтаанд: «Файзобод мулки пурфайзу зодгоҳи чеҳраҳои маъруфи илму адаб ва санъату маънавиёти тоҷикон буда, мардуми он ватандӯсту ватандор, боғайрату кордон ва бонангу номус мебошанд».