Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ИСТИҚЛОЛИЯТ БА МО ХУДШИНОСӢ ЭҲДО КАРД

Баҳори 23-юмини истиқлолият паси сар шуд. Роҳи ҳамвору ноҳамворе, ки мардуми тоҷик тайи ин солҳо паси сар намуд, албатта осон набуд. Аммо мардуми соҳибтамаддуни тоҷик бори дигар бо истодагариҳои хеш ба ҷаҳониён худро чун қавми ориёнажод ва қавме,ки таърихи тӯлонӣ дорад, муаррифӣ намуд. Ва боз ҳам шукрона аз раҳбарӣ ва давлатдории сарвари кишварамон, Президенти мамлакат Эмомалї Рањмон, ки ин ҳама бо заҳмату кӯшишҳо ва азму талошҳои ӯ рӯи кор омадаанд. Ман ин ҷо агар шумори он ҳама азму суботи роҳбари давлатро дар ин 23 соли истиқлолият ба қалам диҳам, бемуҳобот саҳифаҳо камӣ ва ҳатто ки вақти зиёде ба кор меояд. Аммо аз муҳимтарини онҳо ёдовар шудан мехоҳам.


Аввал, ин ки оташи ҷанги шаҳрвандиро маҳз ӯ тавонист, дар фосилаи кӯтоҳ хотима бахшад. Бубинед, ки дар кишвари ҳамсоя Афғонистони замоне ҷумҳурии демократӣ то ҳанӯз ҳам силоҳ дар дасти мухолифини ҳукумат ва садои тиру туфанг аз ҳар музофоте оромии мардуми кишварашро халадор мекунад.
Баргардонидани гурезаҳои тоҷик аз гӯшаву канори ҷаҳон аз корнамоии бузургу таърихии Президент аст. «То он даме,ки охирин гурезаи тоҷик ба хоки Точикистон барнагардад, ман худро ором ҳис намекунам» - ҳамин буд ҳадафи ин марди хирад.
Роҳбари давлат бо як пешниҳоди бузургу хирадмандонаи хеш дар Ассамблеяи СММ тавонист, ки мавқеи обро баробар бо газу ангишт баҳогузорӣ кунад ва ин таклиф ҷонибдорони худро ёфт,ки «Соли 2003- соли байналхалқии оби тоза» ва баъдан солҳои 2005-15 «Даҳсолаи об барои ҳаёт» эълон гардид. Ва дар ин самт як идда чорабиниҳои умумиҷаҳонӣ доир гаштанд.
Таваҷҷуҳи роҳбари давалат ба ятимону бепарасторон ,умуман мардуми камбизоатро махсус метавон қайд намуд. Дар ин маврид барномаи кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ амалӣ мегардад, ки мақсади он ба зиндагии тенҷу осоишта рӯ овардани мардуми тоҷик аст.
Чун банда дар риштаи маориф фаъолият мекунам, мехоҳам аз дастовардҳои соли истиқлолият махсус дар самти маориф ёдовар шавам. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6,ки банда соли панҷум аст ин ҷо ба ҳайси роҳбар фаъолият дорам, набзи хуши истиқлолият бараъло ҳис мешавад. Паст гаштани сифати таълим дар мактаб аз камии синфхонаҳо ва афзоиши шумораи хонандаҳо буд, ки аз замони шӯравӣ ин масъала моро ба ташвиш мегузошт. Ва дар ин бора ба ҳукумати вақтӣ низ даҳҳо бор муроҷиати хаттию шифоҳии омӯзгорону волидони деҳаҳо ва ҷамоати деҳот расонда шуда буд. Бо баракати соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар саҳни мактаб тавассути барномаҳои рушди соҳаи маориф бинои наву замонавӣ қомат рост кард, ки имрӯз дорои шаш синфхона буда, мушкилоти рақами яки моро аз байн бурд. Ҳамчунин соли гузашта бо маблағи 46 ҳазор сомонӣ се синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода додем, ки имрӯз хонандаҳо дар он таълим гирифта истодаанд. Соҳибкорони ватанӣ ва инсонҳои ғамхору шариф бо ҳидояти раиси ноҳия Каримиён Имомназар вақтҳои охир рӯ ба соҳаи маориф оварда, аз мушкилоти мо пурсон мешаванд. Айни вақт пойдевори хонаи методӣ дар саҳни мактаб, ки бо сохти хубу замонавӣ бунёд мешавад, гузошта шуд. Хонаи методӣ бо таҷҳизоти хушсифати замон муҷҷаҳаз мешавад ва ба ихтирои зеҳнии устодону шогирдон муттакои асосӣ хоҳад буд.
Шогирдони мактаб якҷо бо омӯзгорон дар аксари чорабиниҳои ноҳия ва тамоми чорабиниҳои ҷамоат фаъолона ширкат намуда, мақоми хешро дар ҷойи аввал нишон медиҳанд. Шогирдони фаъоли мактаб, хонандаҳои синфи 11 Усмон Бӯриев дар озмуни ҷумҳуриявӣ ба гирифтани ҷойи сеюм ва Парвиз Зоиров дар озмуни байналхалқӣ ба гирифтани медали биринҷӣ комёб шуданд. Танҳо дар тӯли панҷ соли охир 85 нафар дастпарварони мактаб ба макотиби олии пойтахт дохил шуда, таҳсили худро бомуваффақият идома дода истодаанд. Аз ҷумла соли ҷорӣ 33 нафар хатмкунандаҳои фаъол тавассути маркази миллии тестӣ шомили донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт гардиданд. Маҳмадраҷаб Сангов, Искандар Гадоев, Моҳраҷаб Азизова, Сафаралӣ Шамсов устодони заҳматкаш ва соҳибтаҷрибаи мактаб мебошанд.
Мо хуб медонем, ки ин ҳама дастовардҳо аз файзи бошукуҳи Истиқлол аст ва ба ќадри ин неъмат бояд расид.

Абулқосим Бобохонов, директори
муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6,
ба номи Абдулғанї Мирзоев.