Вт12032024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ДАР ҲАВОИ «ТАРОНАИ ВАҲДАТ»

ДАР ҲАВОИ «ТАРОНАИ ВАҲДАТ»Фестивал-озмуни ансамблҳои тарона ва рақс, фолклорӣ ва этнографӣ, ки таҳти унвони «Таронаи Ваҳдат» дар сатҳи ҷумҳурӣ мегузарад, ба 3000-солагии Ҳисор бахшида шудааст. Бар ҳамин асос дирӯз дар толори хонаи фарҳанги ноҳия консерти имтиҳонии  санъаткорони маҳал баргузор гардид. Тибқи низомномаи фестивал-озмун санъаткорон навозиши умумӣ, лапар, рақси «Реза», суруди «Модар», навозиши най, суруди анъанавиро пешкаши тамошобинон ва ҳакамон гардониданд. Ҳайати ҳакамон иборат аз 3 нафар – Салоҳиддин Розиқов – директори фестивал – озмун, Савригул Қурбонова – устоди рақс ва Ҳасан Пиров – узви Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон (раис) тайёрии санъаткоронро хуш қабул карда, ба намоиши консертӣ 56,5 хол доданд.

Подробнее...

ХАТИ СИЁҲ

“Хати сиёҳ” ибораи солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (дар забони бобою бибиҳо “Ҷанги Гирмон”) аст. Ин ифода замоне пайдо шуд, ки фиристодаҳои кишвари мо, аз ҷумла фарзандони Файзобод дар муҳорибаҳои шадиди зидди душман ба ҳалокат расиданд. Худи калимаи “ҷанг” ҳамаро – хурду бузургро, хусусан модаронро ба тарсу ҳарос оварда буд. Ҷавонмардон, шаҳбачаҳои ҳанӯз гармии ҷогаҳи домодиро надида бо аввалин даъватномаи комиссариатҳои ҳарбӣ ба ҷанг раҳсипор мешуданд.

Подробнее...

БОҒИ ҒАЛАБА - ЁДЕ АЗ ҲАМДИЁРОН

БОҒИ  ҒАЛАБА - ЁДЕ АЗ ҲАМДИЁРОНИмсол ба   Ғалабаи оламшумули  халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бар  Германияи фашистӣ 70 сол пур мешавад.   Ҳамасола ба ифтихори ин воқеаи  таърихӣ, ки рамзи  Ғалабаи  адолат бар   ҷаҳолат   чорабиниҳои  мутантану хотирмон доир мегардад. Чаро ҳам ин санаи муборакро сазовор истиқбол накунем?  Охир барои  ин рӯзи фирӯз баробари дигар   миллату  халқиятҳо садҳо ҳамдиёрони мо низ  ҷони худро фидо намудаанд. Садҳо нафар ҷавонони ғаюру далер ва шуҷои мо  дур аз хоку диёр, дур аз  пайвандон ғарибхок шуданд. Пас чи тавр метавон ин  ҳамаро  нодида гирифт.

Подробнее...

ПОШХӮРИИ ОИЛАҲОРО ПЕШГИРӢ БОЯД КАРД

Рӯзи душанбе, 4 майи соли равон  дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, маҷлиси назоратии раиси ноҳия  бо иштироки роҳбарону масъулини соҳаҳо   доир гардид. Иҷрокунандаи вазифаи  раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ дар аввал масъалаҳои ба муҳокимаи маҷлиси  назоратӣ  пешниҳодшударо  баён  намуд.
Мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳия  Г. Халифаева сари масъалаи сабабҳои пошхўрии  оилаҳои ҷавон дар ноҳия гузориш дод.

Подробнее...

ВАЪДАҲОИ БАРДУРӮҒ - ЧАРО ҶАВОНОН ФИРЕБ МЕХӮРАНД

ВАЪДАҲОИ БАРДУРӮҒ - ЧАРО ҶАВОНОН ФИРЕБ МЕХӮРАНДЧанд рӯз пеш дар толори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ»  баргузор гардид.
Қабл аз оғози семинари мазкур ҷавонону донишҷӯён аз Кохи Наврӯз, ки дар он ҷо ҷаласаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баргузор гардида буд, дидан намуданд.

Подробнее...

ХУШБАХТИИ КИРОМИДДИНУ СУРАЙЁ

Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд мешавад, ки Ҳукумати мамлакат гурӯҳҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеаро мунтазам дастгирӣ менамояд. Аз ҷониби сардори давлат соли 2015 “Соли оила” эълон гардидан  ҳам, гуфтан мумкин, ғамхории навбатии давлату ҳукумат баҳри мустаҳкам шудани оила, солим гардонидани ҷомеаи имрӯза мебошад. Сокинони деҳаи Қошқарии  ҷамоати деҳоти Вашгирд пешниҳоди Президенти Тоҷикистонро хуш пазируфтанд.

Подробнее...

БЕМАЗҲАБӢ БА ГУМРОҲӢ МЕБАРАД

“Ҷумҳурии мо ҳамчун кишваре, ки беш аз навад фоизии аҳолиаш мусулмон аст, ҳаргиз наметавонад суннатҳои исломиро пеши по занад. Баръакс, мо равобити тарфайнро бо давлатҳои мусулмони Шарқ торафт густариш дода, ҳамбастагии мазҳабӣ таърихӣ ва фарҳангиро тақвият мебахшем.”


Эмомалӣ Раҳмон

Подробнее...

АРТИШ - МАКТАБИ ҶАВОНМАРДӢ

Имрӯзҳо даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар идома дорад. Хизмат ба Ватан-Модар қарзи шаҳрвандӣ ва номуси миллии ҳар як ҷавонмарди ба нангу ори диёр аст. Дар шумораҳои қаблӣ мо оид ба даъвати баҳории наваскарон ба хонанда иттилоъ дода будем. То ба имрӯз зиёда аз 60 нафар ҷавонмардони диёрамон, ки аз рӯйи синну сол ба даъвати баҳории Артиши миллӣ мувофиқ буданд, ба ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳи кишвар сафарбар гардиданд. Ёдрас менамоем, ки ин нишондиҳанда 70 фоизї нақшаи навбатиро дар бар мегирад.

Подробнее...

БАҲОРУ МОДАР ЭҲЁГАРУ ҲАЁТБАХШАНД

БАҲОРУ МОДАР  ЭҲЁГАРУ ҲАЁТБАХШАНДЧанд сатр аз маҳфили идонаи “Суруди беҳтарин дар васфи модар”

Дар арафаи иди Баҳор рост омадани ҷашни фархундапайи Рӯзи модар –иди бонувон басо рамзӣ ва хушфолӣ аст. Зеро Зан-Модар ҳамеша чун фасли дилкушои баҳор дилкашу зебо, фиребо ва чун гул шукуфою боиси дӯстдоштанист. Ҳар куҷо қадами Зан-Модар расад, чун қадам ва нафаси гарми баҳор зиндагибахшу меҳрофарин аст. Бе Зан-Модар наметавонем дар бораи ҳаёт ва ҳастӣ чизе бигӯем, зеро сарчашмаи ҳаёту нишот Зан-Модар аст. Бе Зан-Модар на дар хонадон ва на дар ҷомеа зебу фар нест. Пас аз Худованд офарандагӣ танҳо насиби зан шудааст. Аз ин рӯ Зан-Модар муқаддасу азиз дар дилу дида ва дар ҳар хонадон аст.

Подробнее...

Подкатегории