Ср12112024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ДАР ҲАВОИ «ТАРОНАИ ВАҲДАТ»

ДАР ҲАВОИ «ТАРОНАИ ВАҲДАТ»Фестивал-озмуни ансамблҳои тарона ва рақс, фолклорӣ ва этнографӣ, ки таҳти унвони «Таронаи Ваҳдат» дар сатҳи ҷумҳурӣ мегузарад, ба 3000-солагии Ҳисор бахшида шудааст. Бар ҳамин асос дирӯз дар толори хонаи фарҳанги ноҳия консерти имтиҳонии  санъаткорони маҳал баргузор гардид. Тибқи низомномаи фестивал-озмун санъаткорон навозиши умумӣ, лапар, рақси «Реза», суруди «Модар», навозиши най, суруди анъанавиро пешкаши тамошобинон ва ҳакамон гардониданд. Ҳайати ҳакамон иборат аз 3 нафар – Салоҳиддин Розиқов – директори фестивал – озмун, Савригул Қурбонова – устоди рақс ва Ҳасан Пиров – узви Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон (раис) тайёрии санъаткоронро хуш қабул карда, ба намоиши консертӣ 56,5 хол доданд.

Навозиши умумии «Гулрез», оҳангҳои Қурбони Қурбониён, Ҳабибуллои Мирзошариф, Рустам Бобиев ва суруди анъанавии «Намадмолон», шеърҳои Ҷӯрабек Муъмин, оҳанги Абубакр Гулонов 10 – холӣ баҳо гирифтанд. Ба навозиши «Нури Ваҳдат», ки аз ҷониби найнавози ҷавон Акрамшо Қурчиев иҷро гардид, 9,5 хол баҳо гузошта шуд. Лапархонии сарояндаи ансамбли этнографии филармонияи халқии ба номи Нигина Раупова Ҷаҳонгул Аслонова (шеъри Ҷӯрабек Муъмин, оҳанги Ҳабибуллои Мирзошариф) 9,5 хол баҳогузорӣ шуд.
Раиси ҳакамон Ҳ. Пиров дар баҳои санъаткорони Файзобод изҳор кард, ки дар ифтихор бо номҳои Нигина Раупова ва Дӯстмурод Алиев санъати диёрро рушду такмил диҳанд, чеҳраҳои нав-нав рӯйи саҳна биёранд ва шуҳрати имрӯзаи санъати диёрро зиёдтар кунанд.
Барандаи консерт Музаффар Малангов бо садои марғуладор ва тарзи шеърхонияш меҳмононро ба ваҷд овард. Баранда дар фосилаи ҳар баромад аз ваҳдату ягонагии Тоҷикистон шеър хонда, ҷаззобии консертро таъмин намуд.
Ба баъзе баромадҳои санъаткорон эрод гирифта шуд.
- Файзобод дар минтақа аз ҳама холи зиёд гирифтааст, изҳор намуданд ҳакамон, боварӣ ҳаст, ки роҳхати даври ниҳодии озмунро соҳиб мегардад.


М. ТАЛЪАТ.