Ср12042024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ВАЪДАҲОИ БАРДУРӮҒ - ЧАРО ҶАВОНОН ФИРЕБ МЕХӮРАНД

ВАЪДАҲОИ БАРДУРӮҒ - ЧАРО ҶАВОНОН ФИРЕБ МЕХӮРАНДЧанд рӯз пеш дар толори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ»  баргузор гардид.
Қабл аз оғози семинари мазкур ҷавонону донишҷӯён аз Кохи Наврӯз, ки дар он ҷо ҷаласаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баргузор гардида буд, дидан намуданд.


Ҷавонон зимни боздид аз ҳунари волои устоҳои миллӣ таассуроти хотирмон бардошта, изҳор доштанд, ки Кохи Наврӯз таърихи миллати тоҷикро ба ёд меорад ва дар он тамоми боигарӣ ва санъати халқи тоҷик бо дастони пурэъҷози ҳунармандон инъикос ёфтааст.  
 Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода иштирокчиёни семинарро хайра мақдам гуфта, қайд кард, ки гурӯҳҳои ифротгаро дар тамоми гӯшаву канори дунё ҷавононро бо ҳар роҳу восита, ба хотири ваъдаҳои маблағи ночизе дур аз волидайн, наздикону пайвандон карда, барои ҷангидан дар давлати Сурия ба ин гурӯҳҳо шомил месозанд.
Мақомоти корҳои дохилӣ баҳри пешгирӣ ва баргардонидани шаҳрвандон, бахусус ҷавонон аз давлатҳои ҷангҷӯ чораҳои дахлдор андешида, кӯшиш менамояд, то афроди номбурда аз роҳи бад баргашта, дар назди падару модар, оилаву фарзандон зиндагии осоиштаро ба роҳ монанд.
Имрӯз аз Тоҷикистон ҳудуди 200 нафар шомили чунин равияву гуруҳҳои ифротгаро гаштаанд, ки қисме аз онҳо дар натиҷаи муқовиматҳо ҳалок шудаанд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ иброз дошт, ки саҳми ҷавонони Тоҷикистон дар ободии мамлакат беандоза буда, онҳо дар пешрафту тараққиёт ва корҳои созандагӣ нақши бориз доранд.
Дар ҷараёни ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам  дар мавзӯи «Арҷгузории ҷавонон ба фарҳанги миллӣ ҳамчун омили муҳими ваҳдат дар Тоҷикистони соҳибистиқлол» баромад карда, оид ба тамаддун, таърих, фарҳанг ва ҳуввияти миллӣ ибрози андеша намуд.
Раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатов бошад, перомуни «Пайвастагӣ ба Ватан» ибрози назар карда, доир ба дӯст доштан ва парастидани Ватани маҳбуб ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангию ахлоқӣ сухан гуфт.
Муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо атрофи «Роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди равандҳои номатлуби террористию экстремистӣ» баромад намуда, қайд кард, ки ҷавонон бояд хуб донанд, ки ҳама гуна нооромиҳо ва ҷангу ҷидол маҳз аз гурӯҳҳои ғайриқонунӣ сарчашма гирифта, барангезандагони он ҳеҷ гоҳ сулҳу оромӣ ва амнияти мардумро намехоҳанд.
Сипас, муаллими Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Эмоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, Раҳим Каримов дар мавзӯи «Дини ислом ва ифротгароӣ сухан ронд.
Муовини аввали сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, подполковники милитсия Шодӣ Ҳафизов дар мавзӯи «Сабабу омилҳои гаравидани ҷавонон ба иттиҳодияҳои террористӣ-экстремистӣ ва оқибатҳои он» муфассал баромад намуда, бо нишон додани филмҳои мустанад оид ба шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳои тундрав баромади хешро мукаммал гардонид.  
Дар ҷараёни семинар ҷавонону донишҷӯён аз ҷумла ҷавонони ноҳияи мо  баромад намуда, аз ҷавонони кишвар даъват ба амал оварданд, ки ба омӯхтани илму ҳунар машғул шуда, аз ҳар гуна равияву гурӯҳҳои ифротгаро ҳазар намоянд. Ёдовар мешавем, ки дар мавзӯи мубориза бо терроризму экстремизм чунин ҳамоиш соли 2014 аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд бо иштироки васеи аҳли ҷомеа, олимон, мутахассисон ва намояндагони дин конференсияву семинарҳо доир гардида буд.


Собир РОЗИҚОВ,
хабарнигори «НФ».