ИҶТИМОЪ
БОҒИ ҒАЛАБА - ЁДЕ АЗ ҲАМДИЁРОН
- Подробности
-
08 Апр 2015
- Опубликовано 08.04.2015 15:59
Имсол ба Ғалабаи оламшумули халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бар Германияи фашистӣ 70 сол пур мешавад. Ҳамасола ба ифтихори ин воқеаи таърихӣ, ки рамзи Ғалабаи адолат бар ҷаҳолат чорабиниҳои мутантану хотирмон доир мегардад. Чаро ҳам ин санаи муборакро сазовор истиқбол накунем? Охир барои ин рӯзи фирӯз баробари дигар миллату халқиятҳо садҳо ҳамдиёрони мо низ ҷони худро фидо намудаанд. Садҳо нафар ҷавонони ғаюру далер ва шуҷои мо дур аз хоку диёр, дур аз пайвандон ғарибхок шуданд. Пас чи тавр метавон ин ҳамаро нодида гирифт. Ба қадри ин ҷоннисориҳо нарасид. Ҳар арафаи 9- май воқеаҳои мудҳиши ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ёд меоянд. Таърих гувоҳ аст, Ғалаба бар Германияи фашистӣ ба осонӣ муяссар нагардидааст ва инро падарону модарони мо аз хотир набаровардаанд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз 10271 нафар ҷавонмардони файзободӣ низ ба ҳифзи Ватан рафта, бар зидди хасми хунхор мардона ҷангидаву қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. То кунун ёд дорем, ки модарон то лаҳзаҳои охирини нафаси хеш ба умеди бозгашти паҳлавонмронашон буданд. То ба имрӯз ҳам роҳпойии модаронро бародарону хоҳарон, ҳамсарону фарзандони шаҳидони ҷанг идома додаву умедворӣ аз он мекунанд, ки шояд пайғомаке аз пайванди ғарибхокашон ба эшон мерасад.
Сокинони ноҳия бо роҳбарии масъулини мақомоти иҷроияи ноҳия низ ба хотири пос доштани рӯҳи шаҳидони ғарибхок корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд. Мадфани даҳҳо ҳамдиёронамон тавассути «Пайшиносони сурх»-и даврони Шӯравӣ дар қаламрави ҷумҳуриҳои собиқ СССР ва дигар давлатҳои Европа муайян гашт, ки ҳатто бархе аз наздикон як каф хоки ватанро ба мазори эшон бурданд.
Ёд дорам, соли 1985 роҳбарияти ноҳия ба хотири қурбониёни ҶБВ дар маркази ноҳия, як гӯшаи зебоеро бо номи боғи «40 солагии Ғалаба» бунёд карданд. Лавҳаи хотирвии «Шаҳидони ҶБВ», бо мақсади зинда гардонидани номи онҳо бунёду кушода шуд, ки номи зиёда аз 600 нафар ҳамдиёрони қурбоншудааамон дар он сабт гаштааст. Инак, 30 сол мешавад, ки ин рӯзи фирӯзро мардуми Файзобод бо пос доштани хотираи қаҳрамонони файзободӣ дар ҳамин боғ таҷлил менамоянд.
Оташи абадии хотираи шаҳидонро дар назди ин лавҳа модари Кабкрезӣ Соҷида Ҷомаҳмадова, ки чор фарзандашро ба ҷанг фиристодаву то нафаси охирини умраш роҳи онҳоро мепоид, афрӯхта буд. Ин оташ сӯзи модари фарзандгумкарда буд, ки бозгӯ аз ҷигари сӯхтаву гармии меҳри модарона дошт. Шуълаи он бозгӯи оқибатҳои ҷанг аст, ки барои ояндаҳо бояд сабақ гардад. Ҳамин аст, ки боғи Ғалабаи Файзобод китоби зиндаи таърих барои насли наврас ба ҳисоб рафтаву ёдгоре аз ҳамдиёрони қаҳрамонамон мебошад.
Инак, Ғалабаи бузурге, ки имрӯз 70 солагиашро ҷашн мегирем, чун воқеаи бузурги таърихи башарият, мардуми ҷаҳонро даъват мекунад, ки зери рамзи сулҳу осудагии рӯи замин кору зиндагӣ кунанд. Сабақҳои таърихро фаромӯш насозанд.
Дар суратҳо: Лавҳаи ёдгорӣ ва лаҳзаи гулгузории собиқадорони ҷангу меҳнат Санг Ҳакимов, Иброҳим Салимов (рӯҳашон шод бод) ва муовини раиси кумитаи иҷроияи ноҳия Нозук Шоазизова, дар рӯзи кушодашавии боғи «40 солагии Ғалаба», 9-майи соли 1985 .
Тиллои Соҳибназар,
хабарнигори «НФ».