ИҶТИМОЪ
ЗИНДАГИРО АЗ ТЕАТР МЕЁБЕД
- Подробности
-
14 Нояб 2016
- Опубликовано 14.11.2016 12:31
Театр инсонро комил мегардонад. Он воситаи пуриқтидортарини таъсиррасонӣ ба тафаккури инсон аст, ба ин маънӣ, ки одам худро дар саҳна дида, рӯйдодҳои зиндагиро муқоиса менамояд. Васеътар гӯем, театр одамонро ба ҳам меорад, ба онҳо маслиҳат медиҳад, ёрӣ мерасонад, аз воқеоти зиндагӣ огоҳ месозад, вафодориву зиндагонии поки инсониро талқин менамояд.
ДУРДОНАИ ХУШПАЙҚАДАМ
- Подробности
-
14 Нояб 2016
- Опубликовано 14.11.2016 12:23
Ишқу муҳаббат бузургтарину волотарин эҳсос аст, ки вақте дар қалби инсонӣ шӯъла меафканад, барояш миллат, мазҳаб, дурии роҳ, норозигии волидон бегонаю нодаркоранд. Дурдонаю Давлатро ишқу муҳаббати самимию заминӣ, аҳди содиқу меҳру вафо ба ҳам овард.
САҲМИ МАРДУМ АНДАК НЕСТ
- Подробности
-
20 Сен 2016
- Опубликовано 20.09.2016 09:47
Ду сол қабл, ҳине ки сохтмони хати оби нушокӣ дар деҳаи Қанғелӣ анҷом ёфт ва ба ин хотир ҷамъомади хотирмоне дар назди обанбор бо иштироки меҳмонон аз шаҳри Душанбею мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барпо шуд, дар ҳамсоядеҳаи онҳо- Кенҷаобод пойдевори сохтмони мактаби асосӣ гузошта шуд. Инак, баъд аз ду соли расо сохтмони мактаб бо маблағгузории сохибкори файзободии муқими Россия Ҷамшед Ғафуров ва дастгирии мақомоти маҳаллӣ, хусусан раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода интиҳои худро ёфт.
ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ
- Подробности
-
20 Сен 2016
- Опубликовано 20.09.2016 11:51
Истиқлолият нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, шарафу эътибор ва ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли мо мебошад ва инчунин рамзи олии ватану ватандорӣ буда, миллати тоҷикро бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонд.
ИХТИРОИ ФАРОМӮЗ
- Подробности
-
02 Сен 2016
- Опубликовано 02.09.2016 09:52
Падидаҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан гузоштани гомҳои устувор дар ҷодаи илму техника, иштирок дар мусобиқаву олимпиадаҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ ва сазовори зинаҳои ифтихорӣ гардидан дар он, ки бевосита ба заҳмату талоши ҷавонон вобастагӣ дорад аз борвар гардидани ниҳоли ваҳдат дарак медиҳад. Бо бадаст овардани неъмати истиқлол Тоҷикистони дар вартаи оташафтодаоҳиста-оҳиста рушду тараққӣ намуду дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар ба соҳаи маорифу илм дар мадди аввал қарор дошт. Аз ин хотир давлату ҳукумат ба ҷавонон ва насли навраси кишвар аҳамияти бештар медиҳад. Зеро ки пойдории давлату ояндаи неки он маҳз аз ҳамин қишри ҷомеа вобастагӣ дорад. Анвои меваҳои басамаррасидаи истиқлолият зиёданд ва рӯз аз рӯз афзунтар мегардад.
ИСТИҚЛОЛИЯТНЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ
- Подробности
-
20 Сен 2016
- Опубликовано 20.09.2016 11:50
Истиқлолият нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, шарафу эътибор ва ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли мо мебошад ва инчунин рамзи олии ватану ватандорӣ буда, миллати тоҷикро бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонд.
САНЪАТИ ФАЙЗОБОД БЕҲТАРИН ҲИСОБИДА ШУД
- Подробности
-
02 Сен 2016
- Опубликовано 02.09.2016 09:22
Файзобод дар даври аввали Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2016” дар миёни 67 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон қатори 10 шаҳру навоҳӣ ба даври ҷамъбастии озмун роҳхат гирифт.
Давоми ду моҳи пас аз баргузории даври аввали фестивал ҳаваскорони санъати ноҳия барномаи озмунии худро мукамалтар гардонда, дар асоси эродҳои доварон чеҳраҳои нав дарёфт намуданд.
Зулфизар ШАРИФОВА: ИСТИҚЛОЛИЯТ ҲАДЯИ НОДИРЕСТ БАРОИ МО, БОНУВОН
- Подробности
-
20 Сен 2016
- Опубликовано 20.09.2016 11:42
Зулфизар Шарифова зодаи ноҳияи Тоҷикобод аст. Бо ҳукми тақдир аз соли 1991 айни оғози ҷанги шаҳрвандӣ ба Файзобод омада, то ҳол пайи касби пуршараф – ҳифзи саломатии мардуми диёр мебошад. Чанде пеш ин бонуи матину қавиирода, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ шоҳиди нобасомониҳои зиёдест, меҳмони идораи мо гардида, чанд лаҳзаеро аз солҳои аввали Истиқлолияти кишвар ашк дар чашмон ёдоварӣ намуд:
85 СОЛИ НОБИНОӢ
- Подробности
-
17 Авг 2016
- Опубликовано 17.08.2016 10:22
Бибии Ҳикоят Ганҷараева то 6-солагӣ чашми бино дошт. Замоне ба сари кӯдакони деҳаи онҳо офате омад. Хона-хона кӯдакони хурдсол гирифтори бемории “гул” мешуданд. Ду нафар бародарони азизи бибии Ҳикоят аз набудани дорую дармон аз ин беморӣ фафтиданд. Ҳикоят ҳам гирифтори ин бемори шуда, зинда монд, аммо аз асари беморӣ аз ду дидаи бинояш маҳрум шуд. Ва қариб 85 сол мешавад, ки дарди ин бемориро, ки баробари азоби ҷон кандан барояш метобад, мекашад. Маҷруҳи гурӯҳи якум аст.