ИҶТИМОЪ
САҲМИ МАРДУМ АНДАК НЕСТ
- Подробности
-
20 Сен 2016
- Опубликовано 20.09.2016 09:47
Ду сол қабл, ҳине ки сохтмони хати оби нушокӣ дар деҳаи Қанғелӣ анҷом ёфт ва ба ин хотир ҷамъомади хотирмоне дар назди обанбор бо иштироки меҳмонон аз шаҳри Душанбею мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барпо шуд, дар ҳамсоядеҳаи онҳо- Кенҷаобод пойдевори сохтмони мактаби асосӣ гузошта шуд. Инак, баъд аз ду соли расо сохтмони мактаб бо маблағгузории сохибкори файзободии муқими Россия Ҷамшед Ғафуров ва дастгирии мақомоти маҳаллӣ, хусусан раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода интиҳои худро ёфт. Корҳои сохтмонӣ ҳарчанд дароз тӯл кашида бошад ҳам, он бо сифати хуб анҷом ёфт. Дастгирии мардуми маҳал, сокинони деҳаро махсус қайд кардан мехоҳам, ки онҳо бо дасту бозӯи ҷавонмардона аксари корҳои сохтмониро худашон анҷом доданд. Дар шароити кунунӣ дарёфти маблағ кори андак нест, аммо ҳам соҳибкор ва ҳам мардуми деҳа илоҷе карда даст ба дасти якдигар дода, давоми ду сол ҳам бинои бунгоҳи тиббӣ (бо дастгирии соҳибкор Зариф Ҳалимов) ва ҳам мактаби асосиро ба истифодаи мардум қарор доданд. Дар баробари изҳори миннатдорӣ намудан аз раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ва соҳибкори шинохта Ҷамшед Ғафуров мехоҳам ба ҷавонмардони асили Кенҷаобод Ҳайдар Холов, Нусратулло Қутбиддинов, Таваккал Юсупов ва хоҳарони меҳрубон Фариштаю Маҳастӣ, Мастонаю Марҷона, ки ҳамадам бари мо буданд, самимона сипос гӯям. Зеро саҳми мардуми маҳал дар бунёди ин мактаби хушсохту замонавӣ андак нест ва бояд афзуд, ки агар мо сарҷамъу аҳл бошем ҳама кори пешомада саҳл хоҳад шуд.
Сайфиддин Табаров, раиси маҳаллаи деҳаи Кенҷаобод