ИҶТИМОЪ
ИХТИРОИ ФАРОМӮЗ
- Подробности
-
02 Сен 2016
- Опубликовано 02.09.2016 09:52
Падидаҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан гузоштани гомҳои устувор дар ҷодаи илму техника, иштирок дар мусобиқаву олимпиадаҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ ва сазовори зинаҳои ифтихорӣ гардидан дар он, ки бевосита ба заҳмату талоши ҷавонон вобастагӣ дорад аз борвар гардидани ниҳоли ваҳдат дарак медиҳад. Бо бадаст овардани неъмати истиқлол Тоҷикистони дар вартаи оташафтодаоҳиста-оҳиста рушду тараққӣ намуду дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар ба соҳаи маорифу илм дар мадди аввал қарор дошт. Аз ин хотир давлату ҳукумат ба ҷавонон ва насли навраси кишвар аҳамияти бештар медиҳад. Зеро ки пойдории давлату ояндаи неки он маҳз аз ҳамин қишри ҷомеа вобастагӣ дорад. Анвои меваҳои басамаррасидаи истиқлолият зиёданд ва рӯз аз рӯз афзунтар мегардад.
Дар диёри мо ҳам ҷавонони серғайрату ихитирокори зодагони даврони истиқлолият кам нестанд.
Оилаи амаки Зувайдуллоро аз ҷамоати шаҳраки ноҳия аксарият мешиносанд. Фарзандони ин хонадон бо хулқу атвори нек ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, донишандӯз ва соҳибистеъдод буданашон вирди забони хосу оманд.
Фаромӯз Ойев як тан аз ҷавонони соҳибистеъдоду ихтирокор тарбиятдидаи ҳамин хонадон аст. Дар оила фарзанди чорумист. Пеш аз ӯ се бародараш баъди хатми макотиби олии кишвар ва соҳибмаълумот гардидан дар пешаи интихобкардаи хеш пайи кору зиндагианд.
Фаромӯз зодаи даврони истиқлолу ҳамсоли ваҳдати миллист. Аниқтараш баъд аз ду моҳи баимзорасии созишномаи истиқрори сулҳ дар ин хонадон бо қудуми некаш ба дунё омад. Дониши замонавиро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35 гирифту то синфи нуҳум толибилми ин боргоҳи маърифату дониш буд. Ӯ бештар ба фанҳои дақиқ майлу рағбат дошт. Ҳамин завқу хоҳишаш буд, ки аз синфи 6-ум инҷониб ихтирооти кардаашро пешкаши устодонаш намуду ба майдони озмуну олимпиадаҳои мактабию ноҳиявӣ ва баъдан ҷумҳуриявӣ қадам ниҳод. Баъзе аз ашёи аввалини сохтааш, ки ба таври механикӣ ҳаракат мекунад, айни ҳол дар муассисаи таълимии рақами 35 ва Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон нигоҳ дошта мешаванд.
Пас аз хатми синфи нуҳум таҳсилро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 97-и ба номи Абдулҳақ Оеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе идома дод. То анҷоми мактаби миёна дар ин махзани дурру гуҳар дониш андӯхту аз устодон таҷриба омӯхт. Омӯзиши пай дар паю чолокӣ ва ҳисси кунҷковиаш буд, ки бо ихтирооти кардаву соҳибмақом гардиданаш дар озмунҳо миёни ҳамсинфону ҳамсолон ва кулли устодону шогирдони муассисаи таълимии мазкур ҷову мақоми худро соҳиб шуд. Ҳоло бошад донишҷӯйи соли дуюми факултаи технологияҳои иноватсионии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимист. Пайваста пайи омӯзишу навоварист. То ин вақт зиёда аз 14 намуд ашёро дар шакли макет ихтиро намудааст.
Куртаи махсус ё ҷавшани ихтирокардааш бошад, дар ҳолати зарб хурдан, ё ба замин афтодани муҳофиз ва ҳангоми расидани зарбаи тир ё корд ба шумораи телефоне, ки дар маркази полис насб шудааст, тариқи худкор занг мезанад. Фаромӯз мегӯяд: “Дар дохили ин курта аз системаи телефони мобилӣ истифода шудааст. Муҳофиз пеш аз оне, ки куртаро мепӯшад, дар равзанаи қисмати дохили он ки механизми худкори телефон меистад, рақами телефони даркориро чида, куртаро ба бар мекунад. Агар ҳангоми адои вазифа ба муҳофиз ҳамлаи ногаҳонӣ шуд, бидуни ягон ишорат он ба кор даромада, ба шумораи телефони дар хотира сабтшуда занги оҷилӣ ирсол мекунад, ки дар ин ҳолат маркази полис метавонад ба муҳофиз кӯмаки саривақтиро расонад”.
Ба ҳамин монанд дарвозаи махсус барои даромадгоҳи беморхонаҳо, ки ба ҷуз мошини ёрии таъҷилӣ дигар намуди воситаи нақлиётро роҳ намедиҳад, аз ихтирои дигари Фаромӯз аст.
Пойафзоли сохтааш бошад, хусусияти аҷоибро дорост. Вақти пӯшидану ба масофаи 50-100 метр роҳ рафтан дар худ ба миқдори 9 волт қувва захира мекунад, ки ин энергияро дар пойафзол аз 25 то 30 дақиқа истифода бурдан имкон дорад. Пойафзол энергияи мазкурро ба воситаи резистори табдилдиҳандаи ҳаво дар ҳолати гармӣ ба сардӣ ва баракс барои муътадил нигоҳ доштани ҳарорати дохилаш истифода мекунад. Пойафзол асосан барои нобиноён сохта шудааст. Хусусияти дигараш ин аст, ки вақти роҳ рафтани шахси нобино агар дар сари роҳ монеае барояд, пойафзол тариқи худкор садо медиҳад, токи шахси роҳрав самташро тағйир диҳад.
Фаромӯз ҳамеша пайи ҷӯстуҷӯву навоварист. Ӯ ба қарибӣ хазинаи махсусро сохт, ки ба воситаи изи ангушт кушода мегардад. Дар сурати даст расонидани шахси бегона ба он садо медиҳад. Хусусияти дигараш дар он аст, ки вақти шикастани дараш маблағ ё ашёи дигари қиматбаҳое, ки дохилаш меистад ба таври автоматикӣ ҷой иваз мекунад, ки шахси маҷбуркушояндаи он ба кадом самти қуттӣ интиқол ёфтани маблағро пай намебарад.
Ҳоло бошад Фаромӯз пайи омӯзиши ихтирои навбатист. Ӯ мехоҳад гармхонаи махсусро вобаста ба шароит ва иқлими ноҳияамон дар ҳамаи фасли сол барои парвариши меваҷоту сабзавот созад. Умедворем, ки ин навбат ҳам мисли дигар ихтирооти кардааш муваффақ мегардад.
Ин муддат ҷавони ҳамдиёри мо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда, бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илм, озмуни “Навоварони беҳтарин”, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба “Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ” ва чанд ифтихорномаи дигар барои навовариву ихтирооташ аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ сарфароз гардидааст. Ҳамчунин барои пешниҳоди ихтирои беҳтарин дар «Ҳафтаи технология ва иноватсия ва ихтирокории ҷавонону наврасони шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт», бахшида ба 25- солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплом мукофотонида шудааст.
Чанде пеш дар озмуни ҷумҳуриявии телевизони Баҳористон - “Бозёфт” ихтирооти кардааш: мушқапаки электронӣ, кондитсионер (аз шамол гармӣ ҳосил мекунад) ва пойафзоли сохтаашро пешниҳод карда, соҳиби ҷойи сеюм гардид.
Ҳукумати ноҳия ва мардуми шарафманди диёр ба чунин ҷавонони соҳибистеъдод сари ифтихор доранд. Ва ҳамеша барои расиданашон ба фатҳи қуллаҳои баланд дастгириву кӯмак ва ҳамроҳиашон хоҳанд кард.
Собир РОЗИҚОВ,
хабарнигори “НФ”.