ИҶТИМОЪ
ЗАХИРАИ ТИЛЛОИИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТЕМ
- Подробности
-
14 Июль 2017
- Опубликовано 14.07.2017 16:20
Дар рафти Паёми имсолаи Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи зиёд ба мо, ҷавонони кишвар соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон кард. Амалӣ гардидани ин иқдоми наҷиб ба мо, насли ҷавон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали мустақилияти кишвар дар бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бо ташаккул ва амалӣ намудани самти махсуси фаъолият-сиёсати давлатии ҷавонон давра ба давра ҳамқадами Истиқлолият мебошад.
НЕРУИ СОЗАНДА
- Подробности
-
14 Июль 2017
- Опубликовано 14.07.2017 16:19
«Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон карор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд».
БАҲОРИ НАВИ НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ
- Подробности
-
06 Апр 2017
- Опубликовано 06.04.2017 09:10
Наврӯзи дилафрӯз идест, ки дар фасли гулшукуфии зиндагӣ омада, одаму оламро ҷавон месозад, пироҳани куҳнаро дур андохта либоси нав ба бар мекунад, инсонҳоро ба ҳам дӯсту дилҳоро пайванд мегардонад. Маҳз дар ин фасли зебо ишқи ҷавонон ҷӯш мезанад, ҳаёт рангин мегардад.
ҶОН ФИДО КАРДАНД, ТО МО ДАР АМОН БОШЕМ
- Подробности
-
14 Июль 2017
- Опубликовано 14.07.2017 15:03
Имсол аз зафарёбии Иттиҳоди Шуравӣ бар Германияи фашистӣ расо 72 сол пур мешавад. Ин падидаи таърихӣ барои мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ басо гаронарзиш аст. Дар тӯли 5 сол фарзандони фарзонаи ватан ҷон дар каф гирифта, барои ҳифзи хоки ватани азиз далерона ҷангиданд. Шабу рӯз бо шиками гурӯснаю тани афгор ба пеш мерафтанду дар майдонҳои ҷанг муқобили душманон мубориза мебурданд.
САРОҒОЗИ ИДҲОИ БАҲОРӢ
- Подробности
-
06 Апр 2017
- Опубликовано 06.04.2017 09:06
(Чанд сатр аз маҷлиси идона ба шарафи таҷлили Рӯзи Модар дар ноҳия)
Баҳор бо омад-омади худ ба дилҳо шодию сурур мебахшад. Дар ин фасл сабзаҳо аз миёни хазони худ сар мекашанд, ғунчаҳо аз баландии шохаҳои ҳанӯз урён чашми худро во мекунанд, чашмаҳо озодона нафас мегиранд ва таронаашон равона мегардад, лонаҳои холии мурғакони муҳоҷир аз қум-қуму чув-чуву чаҳ-чаҳ сарошор мешавад. Ҳама чиз тоза, ҳама ҷо тоза, ҳама ҳавасу муҳаббат тоза. Ва одам ҳам мехоҳад чун табиат ҷавонӣ ёбад, поку покиза гардад, дар зери борони файзбори найсон мисли уқобон пару бол занад, ғубори солҳоро аз дилу дидаю хотираҳо бишӯяд ва дар моҳи аввали ин фасли зебо – моҳи март, ки ид болои ид аст. Маҳз дар ин моҳи муборак мо иди модарону хоҳарон, иди матбуоти тоҷик ва Наврӯзи оламафрӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоем. Ҳамасола бо шукуфтани нахустин муғчаи гулҳо, ки нишон аз эҳёи табиат ва фасли баҳори гулбасар аст, мавсими иди арҷгузорию эҳтироми хоса ба Модар оғоз мегардад.
ОЗМУН ҒОЛИБОНРО МУАЙЯН КАРД
- Подробности
-
14 Июль 2017
- Опубликовано 14.07.2017 15:00
Дар доираи амалӣ намудани барномаи «Беҳсозии Ҳамҷояи Ҳифзи сиҳат ва Макони зист дар минтақаи Рашт» бо маблағгузории дафтари рушд ва ҳамкорӣ SDC Швейтсария дар ноҳия озмуни «Беҳтарин мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» баргузор гардид.
ФАРХУНДАПАЙИ НАВРӮЗ
- Подробности
-
06 Апр 2017
- Опубликовано 06.04.2017 08:53
Тоҷикистон дар оғӯши Баҳор аст. Ба гулшанкишвари мо Баҳору Наврӯз паиҳам меоянд. Баҳору Наврӯз хоҳарони ҷонианд, балки модару духтаранд. Баҳор Наврӯзро тавлид мекунад.
Дар пушта баҳори гулбасар омадааст,
Дар кишта баҳори сабзу тар омадааст.
Як соли дароз сайри олам карда,
Наврӯз ба кулвори сафар омадааст.
ҲАФТ ПОРАИ ДИЛИ МОДАР
- Подробности
-
06 Апр 2017
- Опубликовано 06.04.2017 10:04
Басбӣ Ҳафизова дар деҳаи Бобоивалӣ дар оилаи инсони обрӯманду олиҳиммат, ба қавле нондору меҳмондор бобои Абдурашид Ҳафизов ба дунё омадааст. Давраи кӯдакию камолоти умри ӯ дар ҳамин деҳаи зебоманзари диёр гузашту ӯро пару бол дод. Духтари кунҷкову ҳозирҷавобе буд ӯ. Забони русиро хуб медонисту аълохони мактабашон буд. Шеър менавишту ба касе нишон намедод.
ПЕШВОИ ХУДРО ДӮСТ ДОРЕМ
- Подробности
-
17 Март 2017
- Опубликовано 17.03.2017 15:44
Мо медонем, ки аз 25 соли соҳибистиқлолӣ қариб 10 солаш ба ором намудани тарафҳои муқобил ва барҳам додани хисороти ҷанг сарф шуд. Дар 15 соли охири даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳрдорию шароити зиндагии тоҷикон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Сохтмони манзили зисти шаҳрвандон ба 70 соли замони шуравӣ баробар шуд ва ҳатто аз он ҳам гузашт.