ИҶТИМОЪ
ҲАФТ ПОРАИ ДИЛИ МОДАР
- Подробности
-
06 Апр 2017
- Опубликовано 06.04.2017 10:04
Басбӣ Ҳафизова дар деҳаи Бобоивалӣ дар оилаи инсони обрӯманду олиҳиммат, ба қавле нондору меҳмондор бобои Абдурашид Ҳафизов ба дунё омадааст. Давраи кӯдакию камолоти умри ӯ дар ҳамин деҳаи зебоманзари диёр гузашту ӯро пару бол дод. Духтари кунҷкову ҳозирҷавобе буд ӯ. Забони русиро хуб медонисту аълохони мактабашон буд. Шеър менавишту ба касе нишон намедод. Солҳое, ки ӯ мактабро хатм намуд, духтаронро «маҷбур» ба мактабҳои олӣ мебурданд. Устодон ҳуҷҷатҳои ӯ ва духтари тағояшро ба донишгоҳи тиббӣ супориданд. Басбӣ, ки дониши хуб дошт, аз имтиҳонҳо гузашту духтари тағояш не. Ӯ се моҳ дар донишкада таҳсили кард. Ба деҳа ба аёдати волидон омад, дигар нагузоштанд, ки таҳсилашро давом диҳад. Барои орзуҳои амалинашудааш дарун-дарун месӯхту ҷуръате надошт, ки муқобили гуфтаҳои пайвандон барояд. Хушбахтона, тақдир ӯро ба деҳаи Элок оварду келини хонадони инсони соҳибмаърифат Соҳибназар Боев гардонид. Аз зиндагии ширин бо ҳамсари азизу дилошнояш Мирзоҳиммат соҳиби 7 нафар фарзанд гардид. Лаҳзаҳои фориғ аз кори хона модар сари гаҳвораи тифлаконаш машғули эҷод мешуд. Гоҳе чанд мисраъ шеър менавишту гоҳе лавҳаю қисса. Ба зиндагии ширинашон чашме расид, ки Басбӣ гирифтори дарди бедаво гардид. Ягон дору дармонаш набахшид. Ӯ бо қалби пур аз розу ниёзу ошиқи зиндагӣ тифлакону ҳамсарашро танҳо гузошта, оғӯши хок гирифт. Баъди вафоташ фарзандон порчаҳои эҷоди ӯро дар шакли се китобча: «Ашки ятими панҷсола», «Ашки падар», «Шукри модар», ки ҳанӯз таҳрир нашуда буданд, чопи компютерӣ кардаанд. Дар ҷое аз китобчаҳояш навиштааст: «Ман ҳафт фарзанди аз ҷон азиз, аз ҳама боигарии дунё қимматтар дорам, ки барои онҳо дили дармандамро ба ҳафт пора тақсим кардаам. Фарзандон ҷону ҷигарам, қуввату дармонам, гавҳари чашмонам ҳастанд. Ман ҳамеша бо шумоям, ҳафт пораи дили ман. Баъди мурданам рӯҳам бо шумост, азизонам. Китобҳои навиштаам низ ба хотири шумост. Баъди сари ман онҳоро хонеду модари ормониатонро ёд кунед…».
Мо дар зер аз эҷоди ин модари равоншод ба хотири рӯҳи поку ормонҳои ношикастаи дар хок рафтааш чанд рубоиашро меорем.
Болу пари фарзандон модар будаст,
Тоҷи сари фарзандон модар будаст.
Рӯзе, ки агар ту бистарӣ мегардӣ,
Он бистари фарзандон модар будаст.
Ту дар бари мо наӣ, зи ғам беморем,
Эй модари ҷон, рӯзу шабон бедорем.
Мо хоҳару додарон ҳама якҷоя,
Дар синаи худ тухми алам мекорем.
Модар, ту куҷоӣ, чашми гирён бинӣ,
Як духтари носудаи нолон бинӣ.
Бо ранҷу азоб калон кардӣ ту маро,
Имрӯз ту як синаи бирён бинӣ.
Т.МУНАВВАРА.