Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ПАЁМ ФОЛИ НЕКЕСТ

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири самтҳои мухталифи соҳаҳои афзалиятноки кишвар, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, тиҷорат, энергетика, варзиш, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти халқро дар мадди назари хеш қарор додааст. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз сиёсати хориҷии кишвар сухан ронда, ҳушёрӣ ва зиракии сиёсии шаҳрвандонро таъкид намуда, аз вазъи ноустувори олам, ба миён омадани ташкилоту ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ҳушдор доданд.

Масъалаи боло бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ҳамеша дар мадди назари ҳукумати кишвар қарор дорад. Боиси фараҳмандист, ки шурӯъ аз 1 сентябри соли 2018 музди маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз қабили маориф, фарҳанг, илм, тандурустӣ 15 фоиз, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ 10 фоиз, инчунин нафақа ва стипендияи донишӯён то 15 фоиз боло бардошта мешавад.

Дар Паём шахсони масъул ва роҳбарони корхонаву муассисаҳо вазифадор гардиданд, ки дар соли 2018-ум 110 ҳазор ҷойҳои нави корӣ барои занону ҷавонон таъсис диҳанд. Инчунин масъулини соҳаҳоро барои таъйин намудани кадрҳои болаёқат ба соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ вазифадор кард, то шахсони тасодуфӣ ва дилу нияти нопокдошта ба вазифаҳои масъул тавсия нашаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат таъкид доштанд, ки эълон гардидани соли 2017- «Соли ҷавонон» оғози кор буда, дар ҳама давру замон масъалаи ҳаёти иҷтимоии ҷавонон дар мадди назари ҳукумату давлат қарор хоҳад дошт.

Пешвои миллат дар Паёми имсола соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуда, таъкид доштанд, ки тамоми ҳунарҳои миллие, ки дар хона ба анҷом расонида мешавад, аз андоз озод карда шавад.

Умуман Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири масъалаҳои тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти халқ мебошад.

ДАВРИ МИНТАҚАВИИ «БӮСТОН – 2017» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Сокинони ноҳия рӯзи дувоздаҳуми январ шоҳиди баргузории боз як чорабинии пуршукӯҳи фарҳангӣ гардиданд. Он рӯз пеши саҳни бинои филармонияи халқии ноҳия пуропури мухлисони санъату ҳунар буд. Дар пешайвони бинои филармония намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид, ки дар он беҳтарин ҳунармандони ноҳия бо анвои ҳунарҳояшон иштирок доштанд. Пас аз анҷоми намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар толори васею барҳавои ин Кохи ҳунар даври дуюми барномаи консертии санъаткорони ноҳияи Файзобод,шаҳрҳои Ваҳдат, Норак ва Роғун дар доираи Низомномаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Бӯстон-2017» баргузор шуд. Сараввал ҷонишини раиси ноҳия Нурия Раҷабова иштирокдоронро бо сухани муқаддимавӣ хайрамақдам гуфта, ба ҳамаашон муваффақиятҳо орзу намуд. Тамошобинон хусусан суруди «Модар» дар иҷрои Шукрона Сангова, хониши бадеӣ «Ёди модар»-и устод Лоиқро дар иҷрои Руҳафзо Гулова аз ноҳияи Файзобод, суруди «Ҳар кӣ моро ёд кард» дар иҷрои Манучеҳр Убайдов аз шаҳри Ваҳдат, «Навои парасту» дар иҷрои гурӯҳи скрипканавозони шаҳри Норак ва рақси «Пайванд» ва «Оҳу» дар иҷрои Муқаддас Саидоваро аз шаҳри Роғун бо шавқ тамошо карданд.

ОФАРИН БА ҲАМДЕҲАГОН

Соли равон дар муассисаи мо   корҳои таъмиру ободонӣ  бо кӯмаку дастгирии падару модарон, соҳибкорон, омӯзгорон ва хонандагон  хуб ҷараён гирифт. Боиси қайд аст, ки саҳми раиси Ҷамоати деҳоти Бӯстон Фаррух  Ҳикматуллоев ва сокинони деҳаи Себистон бо сарварии раиси маҳалла Н.Розиқов дар ин амали нек назаррас мебошад. Онҳо вазъи молиявии имсоларо ба назар гирифта,ба муассисаи таълимӣ аз ҳисоби дарахтони хушкшудаи маҳалла 0,3 мукааб ҳезум бахшиданд. Ин дастгирии онҳо шаҳодат аз он медиҳад, ки равшанфикрони маҳал суханҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, барои дастгирии насли оянда кӯмакҳои худро дареғ намедоранд. Барҳақ фармудаанд:

Шамъ то шуъла занад, як шараре даркор аст,

Хок то кӯза шавад, кӯзагаре даркор аст…

Пайравӣ ба ин ташаббус соҳибкорон А.Сафаров ва Ф.Сафаров аз ҳисоби худашон як миқдор маводҳои сохтмонӣ ба муассиса кӯмак намуданд, ки ин нишони  ватандорист. Офарин ба чунин ҷавонмардони соҳибкор! Нафақахӯр Ҳоҷиназар Раҳимов бошад  дар рӯзи набераашро ба муассиса овардан  аз ҳисоби нафақааш барои пешрафти корҳои ободонии муассиса саҳмгузорӣ намуд.  Мардуми деҳа аллакай дарк намудаанд, ки обод намудани як гӯшаи диёр қарзи ҳар як фард мебошад ва онҳо тайёранд барои дастгирии насли оянда ҳар кӯмаке, ки лозим бошад, дареғ надоранд. Чуноне ки фармудаанд:

Пояи давлат нагардад бе маориф устувор,

Давлати поянда хоҳӣ, рӯй ба мактаб биёр.

Мо, омӯзгорон кӯшиш менамоем, ки усулҳои нави технологияи имрӯзаро истифода бурда, хонандагонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем, то онҳо низ фардо анъанаи беҳтарини гузаштагонамонро  сарбаландона  идома диҳанд ва рӯзгори худу ҳаёти ҷомеаро обод нигоҳ доранд.

РАИСИ МАҲАЛЛА

Гоҳо чунин иттифоқ меафтад, ки дар бораи нафаре чизе иншо кардан мехоҳӣ, ки ҳам бисёр осон аст ва ҳам бисёр мушкил. Осон аз он хотир аст, ки рӯзгори чунин нафарон намунаи ибрату арзандаи ситоиш аст. Вале мушкил аст, ҳаргоҳ ки дар бораи шахсияти чунин нафарон ибрози андеша карданӣ мешавӣ. Боварӣ дорам, ки ҳар чизе дар бораи шахсияти онҳо гуфтан мехоҳӣ ба таври боиставу шоиста шахсияти онҳоро рӯи қоғаз оварда наметавонӣ. Зеро онҳо соҳиби дили бузургу муҳаббати бекаронанд. Раиси маҳаллаи деҳаи Ҷавонон Ҳанон Мирзоев аз гурӯҳи чунин инсонҳост. Муддати 5 сол аст, ки ӯ роҳбар ва маслиҳатгару шахси азизу маҳбуби мардуми ин деҳаи сернуфус мебошад. Дар ҳар як амали хайру савоб, шодию хурсандӣ ва ғаму дарди мардуми маҳалла ҳамдаму ҳамроз ва ҳамроҳу ҳамбози онҳост. Ин аст, ки ӯро зиёд дӯст медоранд ва эҳтиром мекунанд. Вақте ки муносибати аҳли деҳаро бо ӯ мебинед, бешак ба чунин хулоса меоед, ки агар шахс бо дасту дили пок, софдилона ва бо нафъи қавму диёр, дар маҷмӯъ ба миллату ватан кору пайкор намояд, ҳаргиз ба беэҳтиромӣ мувоҷеҳ нахоҳад гашт. Зеро ӯ ҳам таҳаввулгарову қолабшикан ва ҳам масъулиятшиносу содиқ аст. Вакили мардумӣ дар мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ буда, пайи анҷоми амали неку хайр баҳри ҳамдеҳагонаш ҳамеша дар талош аст.  

Муҳимтар аз ҳама дар зиндагии  ӯ маҷмӯи кору амалест, ки ӯ дар муддати 5 соли роҳбарии худ анҷом додааст. Инҳо иборатанд аз таъмири роҳи байни деҳаю мактаб, ки зиёда аз як километрро ташкил медиҳад. Барои тахту ҳамвор намудани ин роҳи асосии байни  деҳаю муассисаи таълимӣ зиёда аз 100 мошин сангу шағал кашонда, қисмати зиёди онро бетонпӯш намуданд. Дар ин кор аз барномаи «Баҳри Арал»низ истифода шудааст. Ҳамчунин бо ёрӣ ва дастгирии ҳаматарафаи аҳли деҳа роҳи дуюнимкилометраи байни деҳа ва шоҳроҳи «Файзобод-Помир» ба кашондан ва тахту ҳамвор кардани 150 мошин сангу шағал тахту ҳамвор карда шудааст. Инчунин дар доираи сарсабзу кабудизоркунӣ дар ду тарафи роҳ шинонидани ниҳолҳои арча ва нигоҳубини онҳо бо роҳбарии бевоситаи Ҳанон Мирзоев ба роҳ монда шудааст. Масъалаи назаррасе, ки дар дохили деҳа ба чашм мехӯрад, ин азнавсозии ду пули одамгузар ва мошингузари байни деҳа аст, ки яке бо маблағи 35 ҳазор сомонӣ сохта шуда дарозии ин пули мошингузар 13 метрро ташкил медиҳад. Пули дигаре, ки дарозии он зиёда аз 25 метрро ташкил медиҳад ва аз ду қисмат иборат будаву бо маблағи 110ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Ду хати обгузаре, ки аз миёни талу теппаҳо бо дарозии 7 ва 3 километр ба деҳа оварда шудааст, ҳоҷати мардумро бо таъмини оби нӯшокӣ пурра таъмин менамояд. Дар саргаҳи деҳа бошад обанбори 100 кӯба бунёд кардаанд, ки танзими обро дар қубурҳои ба деҳа бурдашуда таъмин менамояд. Дар ин муддат ҳамчунин як мағозаи фурӯши маҳсулот дар маркази деҳа сохта шудааст. Ба масъалаҳои фароғатию варзиши ҷавонони деҳа низ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Зеро ӯ худ дар айни авҷи камолоту ҷавон аст ва аз ҳидоятҳои Сарвари давлат илҳоми нав гирифта, ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ин аст, ки дар назди чойхонаи ҷамъиятии деҳа толори нави варзишӣ дар масоҳати 13х6 сохта ба истифода дода шуд, ки фарзандони деҳа дар он бо гӯштин ва дигар навъҳои варзишӣ машғуланд. Ва дар сатҳи ноҳияву кишвар ва берун аз он ҳам бо натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.

Ба наздикӣ хушхабари дигаре даррасид, ки хушҳолию ифтихор ва сарбаландии мардуми деҳаро ҳаду канор набуд. Хабар чунин аст, ки фарзанди ҳамин деҳа, шогирди мураббии гӯштини толори номбурда Маҳмадшариф Наҷмиддинов дар мусобиқаи байналхалқӣ дар риштаи ДЗЮДО дар ҷумҳурии Қирғизистон дар вазни 73 кг ба гирифтани ҷойи сеюм шарафёб гардид. Ин худ ғалабаи хурду калони деҳа буд. Варзишгарон Наврӯз Оев, Наврӯз Солеҳов низ дар сатҳи ноҳияву кишвар ба дастовардҳои калони варзишӣ ноил гаштаанд.

Кӯмак ба камбизоатону пиронсолон ва иштирокчиёни ҷанг дар ин деҳа бо ташаббуси раиси маҳалла Ҳанон Мирзоев ба ҳукми анъана даромадааст. Айни замон дар назди Ҳанон Мирзоев ва аҳли деҳа масъулияти сохта ба истифода додани майдони варзишӣ ба меъёрҳои варзишӣ ҷавобгӯ (комплексӣ) истодааст, ки аллакай бахши аввали онро ба анҷом расонидаанд. Иҷрои ин кор ба мабалғи 140 ҳазор сомонӣ бояд ба анҷом расад.

Хулоса, кору рафтори чунин шахсиятҳои наҷибу кордон ва роҳбару ҳидоятгар шоистаи таҳсину офаринҳост. Дар иҷрои нақшаҳову амалҳои ин ҷавони маҳбуби мардум барору комёбиҳо орзу мекунем.

ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМИ МИЛЛӢ

Бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» даҳ сол сипарӣ гардид.
Мақсади қонуни мазкур баҳри паст кардани сатҳи камбизоатӣ, коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ва риояву танзими дурусти маъракаҳоямон мебошад. Қонуни мазкур на танҳо дар ноҳияи Файзобод, балки дар миқёси ҷумҳурӣ манфиати зиёдеро ба бор овард. Барои барпо намудани тӯйи арӯсию домодӣ ва маъракаҳои азодорӣ харҷи зиёдеро масраф менамудем, ки ин ба манфиати кор набуд. Маълум аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бештари суханрониҳои худ ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум андешаронӣ менамояд. Ва хушбахтона бо қабули қонуни мазкур сатҳи камбизоатӣ сол то сол коҳиш ёфта истодааст. Дар ноҳияи мо низ бо ибтикори раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қонуни мазкур тадбирҳои зиёде андешида шуда барои коҳиши сатҳи камбизоатӣ, харҷи барзиёд корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад.
Баъди воридгардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо дархости мардум амалӣ шуд, кор ранги дигар гирифт.
Махсусан мувофиқи дархостҳои мардум моддаи 11-и қонуни мазкур, ки маросими дафну азодориро танзим менамояд, забҳи чорворо, ки дар маросими азодорӣ ба ҳукми анъана даромада буд ва ба буҷаи хонавода зарари сахт мерасонд, манъ кард. Ҳамин гуна тағйиротҳо дар дигар моддаҳои қонуни мазкур низ ворид гардидаанд. Ҷашни зодрӯз ба таври ихтиёрӣ, танҳо дар доираи оила гузаронида мешавад. Инчунин ҷашну маросимҳо дар майдончаҳои (ҳавлиҳои) назди биноҳои истиқоматӣ, дохили хонаҳои шахсӣ ва ё дар тарабхона, қаҳвахона, ошхона ва ё тӯйхонаҳо бо риояи тартиботи ҷамъиятӣ гузаронида мешавад.
Дар ин ҷашну маросимҳо пошидан ва часпондани пул манъ шудаву тӯю маросимҳо рӯзҳои истироҳат аз соати 8 то 23 ва рӯзҳои корӣ аз соати 18 то 23 гузаронида мешавад, ки ин ба мақсад мувофиқ буда, давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар шудааст.
Дар моддаи 15-и қонуни мазкур омадааст: шахсоне, ки талаботи ҳамин қонунро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Хулоса, мавриди амал қарор гирифтани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сари ҳалли масъалаи мушкилоти молиявии оилаҳо нақши асосӣ дорад.

ТОҶИКИСТОН ХОНАИ ОБОДИ МОСТ

Тоҷикистон ба маънои пуррааш умеди дилу хонаи оборди  ҳар як фарди тоҷик аст. Ба ёд овардани бузургону родмардоне, ки дар домони ин сарзамини биҳиштмонанд кору пайкор кардаанд, ифтихору сарбаландии мо, ҷавононро ба авҷи аъло мерасонад. Ин аст, ки насли мо шукргузор аз  оромию осудагӣ, аз озодию истиқлолият буда, пайи боз ҳам ободию гулафшонии ин ватани зебо камари ҳиммат бастаанд. Ҳамаи ин пешравию тараққиёт шаҳодати хираду фазилати баланди роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Чаро ки баҳри ба зинаҳои баланди рушду тараққӣ даст ёфтани кишвари азизамон ӯ аз тамоми воситаву имкониятҳо истифода карда, баҳри фардои боз ҳам дурахшони миллату ватанамон дониш, қувват ва ғайрати худро дареғ намедорад. Дар ин роҳи пурифтихор ӯ бештар ба гурӯҳи ҷавонони кишвар такя намуда, пешрафти босуръату тараққиёти чашмгирро маҳз дар симо ва рафтору амали онҳо мебинад. Ҷавобан ба ин боварию эътирофи Сарвари давлатамон мо ҳам кӯшиш мекунем, ки бо ҳар як ҳаракату рафторамон баҳри ободию пояндагии диёрамон саҳмгузор бошем. Барои расидан ба ин ҳадафи бузург моро мебояд, ки пештар ва бештар аз ҳама бо донишу қуллаи баланди илми муосир  мусаллаҳ бошем. Дар амалӣ гаштани ин ормон мо, ҷавонон аз ҳамаи имокниятҳо истифода мекунем, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакатамон саҳми худро гузорем.

Тоҷикистон, Тоҷикистон!

Мекунам шукри каму бисёри ту,

Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту.

Аз ту ман сарват намехоҳам,

Ватан ҳастӣ, бас аст,

Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.

МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 марти соли 2015 оид ба муаррифии «Барномаи давлатии комплекси рушди тарбияи маърифати экологӣ» қайд намуданд, ки «Табиати биҳиштосои Тоҷикистон аз пурарзиштарин сарватҳои миллӣ ва неъматҳои моддӣ буда, ҳифз ва муаррифии шоистаи он шарти муҳими рушди ояндаи миллат мебошад». Ҳамзамон дастур дода шуд, ки барои татбиқи босамари ин Барнома «тамоми имкону захираҳои таълимию тарбиявӣ бояд васеъ истифода шаванд, то ки ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ барои ҳифзи табиат ва покизагии муҳити зист масъулияти баланд эҳсос намояд». Ноҳияи мо ҳам чун яке аз ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ буда, пурарзиштарин сарватҳои табиӣ ва моддиро дорост.

Яке аз корҳои заминавӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур, ин дар муассисаҳои таълимӣ баробари таълими фанҳои ботаника, зоология, биология, ҷуғрофия таълими фанни экология ба роҳ монда шудааст. Ҳадафи тарбия ва маърифати экологӣ аз он иборат аст, ки инсониятро ба ҳаллу фасли масъалаҳои гуногуни экологӣ ҷалб намуда, дар ниҳоди ӯ муносибат бо наботот, ҳайвонот, об, хок ва ғайраро ташаккул диҳад, муҳити зист ва манзараҳову мавҷудоти онро ҳифз намояд.
Шуъбаи маориф рафти иҷрои тадбирҳои Барномаи давлатии рушди тарбия ва маърифтаи экологиро дар муассисаҳои таълимӣ таҳлил намуда, мавриди баррасии шӯрои маориф қарор дода, дар машваратҳои доимоамалкунандаи омӯзгорони фанни биология ва экология мавзӯъҳо оид ба баланд бардоштани маърифати экологӣ муҳокима шуда, рефератҳо тайёр карда шуданд. Ҳамасола дар арафаи иди Наврӯзи байналмилалӣ озмуни расмҳои беҳатарин бахшида ба беҳдошти муҳити зист ва экология гузаронида шуда дар олимпиадаҳои мактаббачагон аз фанни биология мавзӯъҳои зиёд оиди ҳифзи муҳити зист пурсида мешаванд. Қитъаҳои назди муассисаҳои таълимӣ самаранок истифода шуда, хонандагон озмоишҳои фаннӣ мегузаронанд. Соли таҳсили 2017-2018 конференсияи хонандагон бахшида ба даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» дар мавзӯи «Об манбаи ҳаёт», «Об беҳтарин мӯъҷиза» гузаронида мешавад.
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар ноҳия низ миёни ҷавонон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши экологӣ вохӯриҳо баргузор намуда, дар байни хонандагон 3 озмуни иншо ва 4 озмуни расмҳои беҳтарин таҳти унвони «Тозагӣ гарави саломатӣ» ва «Тоҷикистон кишвари афсункор бо табиати ҳамешабаҳор» гузаронида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шудаанд. Соли ҷорӣ 2 аксияи ноҳиявӣ баҳри баланд бардоштани маърифати экологӣ баргузор гаштааст. Дар арафаи идҳои суннатии Рамазон ва Қурбон аксия таҳти унвони «Мо ба гузаштагони худ арҷ мегузорем» баргузор гашта ҷавонон ба тоза намудани ҷӯйбору роҳравҳои маҳаллаҳо, зиёратгоҳҳо, оромгоҳҳо баромада саҳмгузорӣ намуданд.
Дар давоми соли 2016-2017 тавассути рӯзномаи ноҳиявии «Набзи Файзобод» дар мавзӯъҳои гуногуни ҳифзи муҳити зист ва тарбияи маърифати экологӣ зиёда аз 20 мақолаҳо чоп гаштаанд.
Ба чорабиниҳои доиргашта оид ба рушди маърифати экологӣ нигоҳ накарда, дар масъалаи ҳифзи муҳити зист камбудиҳои назаррас хело зиёданд. Маркази ноҳия солҳои охир ҳусни нави ободонию кабудизоркунӣ гирифта бошад ҳам, муносибати баъзе аз шахсон нисбати нигоҳубини ниҳолҳои арча, гулҳои шинонидашуда табъро хира мегардонанд. Назди аксарияти ташкилоту муассисаҳо аз муносибатҳои беаҳамиятонаашон макони ғарамҳои ифлосиҳо гаштааст. Бо назорату чораҷӯиҳои ҳифзи муҳити зист ва маркази назорати давлатии эпидемиологӣ нигоҳ накарда, назди бозори марказӣ ва фурӯшгоҳҳо доимо ифлосиҳо ҷамъ шуда, аксари партовҳои гирдомада ба сойи «Лояк» партофта мешаванд. Муносибати аҳолӣ ба истифодабарии партовгоҳҳо аз ҷиҳати маърифати экологӣ коста буда, гӯё ягон нафар аз ҳифзи муҳити зист ва талаботҳои санитарию гигиенӣ хабардор нестанд.
Истифодабарии номатлуби чарогоҳҳо боиси вайрон шудани сохтори хок ва нест шудани набототҳои шифобахш гаштааст, ки ин норасогӣ дар ҳамаи минтақаи чарогоҳҳо мушоҳида мешаванд. Дар атрофи ноҷӯриҳои муҳити зист, ки бевосита бо иштироки инсонӣ вайрон мегарданд, мисолҳои зиёд овардан мумкин аст. Ин камбудиҳоро фақат эҳсосу дарки шахсии маърифати экологӣ ислоҳ карда метавонад.
Тарбияи экологӣ дар Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти инсонӣ арзёбӣ гардидааст. Бо ифлосшавии муҳит натанҳо корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои хизмати маишӣ, нақлиёт ва ғайра, ки партовҳои зиёди истеҳсолии ба саломатии инсон ва табиат зарарнокро ба табиат мепартоянд, балки инсонҳои алоҳида низ сабаб мешаванд. Тарбияи экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, пеш аз ҳама ҳимояи генофони миллатро дар назар дорад. Тақвияти ин унсури тарбия ва ҳифзи муҳити зисти атрофи зиндагии ҳар як шаҳрванд ба шахсият ва масъулияти шаҳрвандии он дар назди худ ва атрофиён маҳсуб меёбад.
М.НАЗАРОВ, сардори шуъбаи

БАХШИДА БА СОЛИ ҶАВОНОН

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35 (директораш Б.Холиқов) дар асоси суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш, ки махсус таъкид намуда буданд, «…Ҳар шаш моҳ дар байни хонандагон озмунҳои чевари беҳтарин, кадбонуи моҳир ва монанди инҳоро гузаронида доир ба дастгириву ҳавасмандгардонии модию маънавии ғолибон чораҷӯӣ намоед», чорабинии «Кадбонуи беҳтарин» гузаронида шуд.  Хонандагони муассиса зери унвонҳои «Кадбонуи беҳтарин», «Расмҳои беҳтарин», «Газетаи синфии беҳтарин» маҳсули меҳнати худро ба намоиш гузоштанд. Дар ҷамъбаст ҷойи якумро хонандагони синфи 11 «б» («Дунёи меҳр»), ҷойи дуюмро хонандагони синфи 10 «в» («Ҷавонони болаёқат»), ҷойи сеюмро хонандагони синфи 11 «в»(«Ҷаҳоноро») сазовор гардиданд. Хонандагони синфҳои 11 «а», 9 «а», 9 «б», 8 «а», 8 «б», 10 «а», 10 «б» низ дар чорабинӣ фаъолона иштирок намуданд. Ғолибон аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва маъмурияти мактаб бо Ифтихорномаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. 

КӮДАКИСТОНИ НАВ ДАР МЕҲРОБОД

Он рӯзаки офтобӣ дар фазои бинои мактаби пешинаи рақами 2 садои беолоиши шодиву хурсандии кӯдакон танинандоз буд. Хурду бузурги деҳаи Меҳробод, ки орзуи доштани кӯдакистон барои тифлонашонро мекарданд, дар саҳни хуб орододашудаи мактаб ҷамъ омада буданд. Воқеан бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, махсусан раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ва сокинони ҷамоати деҳот ин бино пурра таъмиру таҷдид гардида имрӯз чун кӯдакистон оғӯши худро барои фарзандони деҳот боз намуд. Баъди буридани лентаи рамзӣ, тантанаро раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ кушода изҳор намуд, ки кӯдакон ҳамчун ояндаи миллат дар мавриди ғамхории махсус ва доимии давлат қарор доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҷиҳати ба ҳаёти пурарзиш, сатҳи шоистаи зиндагӣ таъмин намудани кӯдакон чораҳои дахлдор меандешад. Шукрона, ки кӯдакони даврони Истиқлол дар фазои сулҳу оромӣ ва муҳаббату ғамхориҳои беназири давлату ҳукумат умр ба сар мебаранд. Ва муҳимтарин марҳилаи тарбияи ҷамъиятии инсон овони аз домони модар ба боғча ворид шуданаш оғоз мегардад. Имрӯз боиси ифтихори ҳар яки мову шумо аст, ки шоҳиди як рӯйдоди хотирмоне гардидем. Баъди солҳои зиёд нахустин боғчаи бачагона оғӯши меҳру муҳаббати худро барои тифлакони Ҷамоати деҳоти Меҳробод кушод. Сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Алиев зимни суханрониаш изҳор намуд, ки боғчаи бачагона давраи муҳими инкишофи зеҳнӣ ва тарбияи ахлоқии кӯдакон мебошад. Дар ин самт иқдоми неки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аз тариқи ҳашари сокинони ҷамоати деҳот ба истифода додани  ин макони муқаддас боиси таҳсину офарин ва дастгирист.

-Ин мавзеи пур аз садои беғаши кӯдакон маҳалли ободеро мемонад, ки ҳар замон аз наздаш гузаштан маро ҳиссиёти фараҳбахше фаро мегирад,- мегӯяд, раиси кумитаи маҳаллаи деҳаи Нодирӣ Ҷӯрабек Самадов. Ва ман бо сари баланд мегӯям, ки дар таъмиру таҷдид ва дигар корҳои ташкилии кӯдакистони нав мардуми маҳалли мо низ саҳми калони худро гузоштаанд.  

-Айёми кӯдакӣ давраи хушу гуворо ва нотакрори умри инсонист. Хандаҳои ширину шӯхиҳои дилангези тифлон ба дили мо, модарон шодию сурур мебахшад,-мегӯяд, Шарифмоҳ Гулова. Имрӯз барои мо, модарони Ҷамоати деҳоти Меҳробод, ки орзуи солҳои сол доштани кӯдакистонро доштем, рӯзи хурсандию фараҳмандӣ аз он аст, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҳашари мардум ин бино дар як муддати на чандон зиёд таъмиру таҷдид гардид. Акнун мо бо дили пуру хотири ҷамъ аз фарзандони хурдсоламон пайи кору бори хеш хоҳем гардид.

Алҳол қариб 50 нафар тифлакон дар ду гурӯҳ дар ин кӯдакистони бо тамоми таҷҳизотҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз тарбия ёфта истодаанд. Дар оянда шумораи онҳоро ба 150 нафар расонидан дар назар аст. Бигзор ба бахти ин тифлакон хуршеди Ватан нурпошӣ кунад ва онҳо хушбахту солим ба воя расанд, кӯдакии беғаму беолоиш дошта бошанд.

Подкатегории