Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

РАИСИ МАҲАЛЛА

Гоҳо чунин иттифоқ меафтад, ки дар бораи нафаре чизе иншо кардан мехоҳӣ, ки ҳам бисёр осон аст ва ҳам бисёр мушкил. Осон аз он хотир аст, ки рӯзгори чунин нафарон намунаи ибрату арзандаи ситоиш аст. Вале мушкил аст, ҳаргоҳ ки дар бораи шахсияти чунин нафарон ибрози андеша карданӣ мешавӣ. Боварӣ дорам, ки ҳар чизе дар бораи шахсияти онҳо гуфтан мехоҳӣ ба таври боиставу шоиста шахсияти онҳоро рӯи қоғаз оварда наметавонӣ. Зеро онҳо соҳиби дили бузургу муҳаббати бекаронанд. Раиси маҳаллаи деҳаи Ҷавонон Ҳанон Мирзоев аз гурӯҳи чунин инсонҳост. Муддати 5 сол аст, ки ӯ роҳбар ва маслиҳатгару шахси азизу маҳбуби мардуми ин деҳаи сернуфус мебошад. Дар ҳар як амали хайру савоб, шодию хурсандӣ ва ғаму дарди мардуми маҳалла ҳамдаму ҳамроз ва ҳамроҳу ҳамбози онҳост. Ин аст, ки ӯро зиёд дӯст медоранд ва эҳтиром мекунанд. Вақте ки муносибати аҳли деҳаро бо ӯ мебинед, бешак ба чунин хулоса меоед, ки агар шахс бо дасту дили пок, софдилона ва бо нафъи қавму диёр, дар маҷмӯъ ба миллату ватан кору пайкор намояд, ҳаргиз ба беэҳтиромӣ мувоҷеҳ нахоҳад гашт. Зеро ӯ ҳам таҳаввулгарову қолабшикан ва ҳам масъулиятшиносу содиқ аст. Вакили мардумӣ дар мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ буда, пайи анҷоми амали неку хайр баҳри ҳамдеҳагонаш ҳамеша дар талош аст.  

Муҳимтар аз ҳама дар зиндагии  ӯ маҷмӯи кору амалест, ки ӯ дар муддати 5 соли роҳбарии худ анҷом додааст. Инҳо иборатанд аз таъмири роҳи байни деҳаю мактаб, ки зиёда аз як километрро ташкил медиҳад. Барои тахту ҳамвор намудани ин роҳи асосии байни  деҳаю муассисаи таълимӣ зиёда аз 100 мошин сангу шағал кашонда, қисмати зиёди онро бетонпӯш намуданд. Дар ин кор аз барномаи «Баҳри Арал»низ истифода шудааст. Ҳамчунин бо ёрӣ ва дастгирии ҳаматарафаи аҳли деҳа роҳи дуюнимкилометраи байни деҳа ва шоҳроҳи «Файзобод-Помир» ба кашондан ва тахту ҳамвор кардани 150 мошин сангу шағал тахту ҳамвор карда шудааст. Инчунин дар доираи сарсабзу кабудизоркунӣ дар ду тарафи роҳ шинонидани ниҳолҳои арча ва нигоҳубини онҳо бо роҳбарии бевоситаи Ҳанон Мирзоев ба роҳ монда шудааст. Масъалаи назаррасе, ки дар дохили деҳа ба чашм мехӯрад, ин азнавсозии ду пули одамгузар ва мошингузари байни деҳа аст, ки яке бо маблағи 35 ҳазор сомонӣ сохта шуда дарозии ин пули мошингузар 13 метрро ташкил медиҳад. Пули дигаре, ки дарозии он зиёда аз 25 метрро ташкил медиҳад ва аз ду қисмат иборат будаву бо маблағи 110ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Ду хати обгузаре, ки аз миёни талу теппаҳо бо дарозии 7 ва 3 километр ба деҳа оварда шудааст, ҳоҷати мардумро бо таъмини оби нӯшокӣ пурра таъмин менамояд. Дар саргаҳи деҳа бошад обанбори 100 кӯба бунёд кардаанд, ки танзими обро дар қубурҳои ба деҳа бурдашуда таъмин менамояд. Дар ин муддат ҳамчунин як мағозаи фурӯши маҳсулот дар маркази деҳа сохта шудааст. Ба масъалаҳои фароғатию варзиши ҷавонони деҳа низ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Зеро ӯ худ дар айни авҷи камолоту ҷавон аст ва аз ҳидоятҳои Сарвари давлат илҳоми нав гирифта, ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ин аст, ки дар назди чойхонаи ҷамъиятии деҳа толори нави варзишӣ дар масоҳати 13х6 сохта ба истифода дода шуд, ки фарзандони деҳа дар он бо гӯштин ва дигар навъҳои варзишӣ машғуланд. Ва дар сатҳи ноҳияву кишвар ва берун аз он ҳам бо натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.

Ба наздикӣ хушхабари дигаре даррасид, ки хушҳолию ифтихор ва сарбаландии мардуми деҳаро ҳаду канор набуд. Хабар чунин аст, ки фарзанди ҳамин деҳа, шогирди мураббии гӯштини толори номбурда Маҳмадшариф Наҷмиддинов дар мусобиқаи байналхалқӣ дар риштаи ДЗЮДО дар ҷумҳурии Қирғизистон дар вазни 73 кг ба гирифтани ҷойи сеюм шарафёб гардид. Ин худ ғалабаи хурду калони деҳа буд. Варзишгарон Наврӯз Оев, Наврӯз Солеҳов низ дар сатҳи ноҳияву кишвар ба дастовардҳои калони варзишӣ ноил гаштаанд.

Кӯмак ба камбизоатону пиронсолон ва иштирокчиёни ҷанг дар ин деҳа бо ташаббуси раиси маҳалла Ҳанон Мирзоев ба ҳукми анъана даромадааст. Айни замон дар назди Ҳанон Мирзоев ва аҳли деҳа масъулияти сохта ба истифода додани майдони варзишӣ ба меъёрҳои варзишӣ ҷавобгӯ (комплексӣ) истодааст, ки аллакай бахши аввали онро ба анҷом расонидаанд. Иҷрои ин кор ба мабалғи 140 ҳазор сомонӣ бояд ба анҷом расад.

Хулоса, кору рафтори чунин шахсиятҳои наҷибу кордон ва роҳбару ҳидоятгар шоистаи таҳсину офаринҳост. Дар иҷрои нақшаҳову амалҳои ин ҷавони маҳбуби мардум барору комёбиҳо орзу мекунем.