ИҶТИМОЪ
ГУЛИ САРИ САБАД
- Подробности
-
17 Март 2017
- Опубликовано 17.03.2017 15:40
Дар арафаи рӯзи Иди Модарон бо супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагӣ ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва эълон гардидани соли 2017- Соли ҷавонон озмуни «Кадбонуи беҳтарин-2017» дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардид. Дар ин озмун бонувоне, ки ҳунари баланди хӯрокпазӣ, аз ҷумла омода намудани таъомҳои милливу замонавӣ, хуришҳо, шириниҳо, оростани хони идонаро доранд, ширкат варзиданд. Дар ҷамоати деҳоти Мискинобод сокини деҳаи Сарой Қурбонбӣ Ғуломова бо иҷрои пурраи шартҳои озмун ғолиб дониста шуд. Мо бо ин бонуи ҳунарманд суҳбати рӯ ба рӯ доштем.
ФАРЗАНДИ ДУ ТАБИБ
- Подробности
-
17 Март 2017
- Опубликовано 17.03.2017 15:33
Лайлӣ Нусратова. Ин ном ба заноне, ки шарафи модарӣ насибашон гардидааст, хуб ошност. Имрӯз ӯ роҳбари маркази солимии репродуктивии дармонгоҳи ноҳия мебошад.
Лайлибону расо даҳ сол мудири шуъбаи таваллудхонаи бемористони ноҳия буд. Обрӯю нуфузи табибиаш маҳз аз ин даргоҳ боло гирифт. Табибони ноҳия Лайлӣ Нусратоваро ҳамчун мутахассиси баркамоли соҳа эътироф менамоянд. Воқеан, ӯ тахассуси табиби дараҷаи якумро дорост. Ҳамчунин ба унвони ифтихории Аълочии тандурустии Тоҷикистон мушарраф гардидааст.
ФИДОИ ЯК ДУОЯТ
- Подробности
-
17 Март 2017
- Опубликовано 17.03.2017 15:11
Аё модар, фидои як дуоят,
Бигӯ бар ман, кӣ ҳастам аз бароят.
Агар олим, агар донову бино,
Манам хокистаре дар пеши поят.
ДИЁРАМОНРО САБЗУ ХУРРАМ ГАРДОНЕМ
- Подробности
-
17 Март 2017
- Опубликовано 17.03.2017 15:17
Бо фарорасии мавсими ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ мардуми меҳнатқарини ноҳияи Файзобод аз аввали сол камари ҳиммат баста, дар ин самт як қатор корҳои заруриро ба анҷом расониданд. Фоида ва аҳамияти ниҳолшинонию кабудизоркуниро қариб ҳар як фарди ноҳияи мо хуб эҳсос менамоянд.
ЗАН ЗИННАТБАХШИ ҲАЁТ АСТ
- Подробности
-
17 Март 2017
- Опубликовано 17.03.2017 15:08
Имрӯз тамоми занон дар ҷамъият дар баробари мардон мавқеи арзанда ва назаррас доранд. Зан пеш аз ҳама Модар аст ва новобаста аз вазифа ва уҳдадориҳои дар ҷомеа доштааш дар оила масъулияти бузургеро ба уҳда дорад. Модароне ҳастанд, ки ба ташвишҳои рӯзгор машғул шуда барои фарзандонашон кам вақт ҷудо менамоянд, ки ин боиси ба амалҳои номатлуб даст задани фарзандон мегардад. Ҳар модар бояд, ки фарзандашро омӯзонад ва он чизе, ки ба ӯ нофаҳмост, фаҳмонад. Чунки пояи устувори инсонӣ ин модар аст, яъне фарзанд ба монанди деворест, ки хишти аввали онро модар мегузорад
МОҲИ ҲУНАРМАНД
- Подробности
-
17 Март 2017
- Опубликовано 17.03.2017 15:15
Моҳ Ятимзода ҳангоми дар мактаб хонданаш ният дошт, ки дар оянда ҳунарманди кошонаи ҳусн бошаду ҳуснбахши бонувон гардад. Пайи амалӣ шудани мақсадаш аз модараш, ки ҳунарманди «Кошонаи ҳусн» буд, нозукиҳои ҳунар омӯхт. Ва ба кор ба корхонаи «Кошонаи ҳусн», ки дар қабати дуюми бинои ҶДММ «Хизмат» ҷойгир аст, омад. Рӯзе ба коргоҳ даҳҳо бонувон барои ороиши мӯи сару ба тартиб даровардани мӯю рухсора ба назди ӯ меоянд. Ӯ инчунин барои навхонадоршавандагон либосҳои шинами домодию арӯсӣ тайёр карда бо нархи дастрас пешкаш менамояд. Дар давоми соли гузашта Моҳ Ятимзода ба 47 нафар либосҳои шинами домодию арӯсӣ дӯхт.
СУПОРИШИ ҚАТЪИИ РАИС
- Подробности
-
17 Март 2017
- Опубликовано 17.03.2017 14:57
Деҳаи мо дар фасли зимистон назар ба дигар деҳаҳои диёр серборишу қаҳратун аст. Махсусан боридани барфи баланд рафтуои мардумро душвор мегардонад. Бо мақсади дар фасли зимистон тоза кардани роҳҳои мошинагарду одамгард аз барф мардуми деҳа маблағ ҷамъ карда як булдозери К-100 хариданд. Ин булдозер солҳо мушкилоти сокинони деҳа ва деҳаҳои дигарро сабук мегардонид. Мутаассифона, ду сол қабл ин булдозер беному нишон гардид. Хушбахтона, баъди аз асли воқеа хабардор шудан бо супориши бевоситаи раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ булдозер ба хизмати мардуми деҳа баргардонида шуд ва бо кӯмаки раиси маҳалла Лутфулло Маҷнунов аз нав таъмир гардид.
ПУШАЙМОНАМ
- Подробности
-
17 Март 2017
- Опубликовано 17.03.2017 15:13
Чанд ҳафта пеш баъд аз дарс аз донишгоҳ баромада, дар истгоҳи Шаҳраки донишҷӯён интизори хатсайри мусофирбарии 8 шудам. Азбаски қисмати зиёди донишҷӯён аз дарс ҷавоб шуда буданд, дар мусофирбар ҷойи нишаст набуду ман бо азобе худро ҷо кардам. Дар ҳамин ҳолат зани тақрибан 25-27-сола дар даст борхалтаи пур омада рост истод. Ман ҷойи худро ба ӯ додам. Зан бо «раҳмат»-гуфтан ба сухан оғоз кард. Ӯ аз ман соли таваллуд, дар кадом факултет таҳсил кардан ва оиладор будан ё набуданамро пурсида ба нақли саргузашти худ оғоз намуд.
ПЕШ АЗ НИКОҲ МУОИНАИ ТИББӢ ҲАТМИСТ
- Подробности
-
25 Фев 2017
- Опубликовано 25.02.2017 12:41
Оила барои ҳар як инсон муқаддас ба ҳисоб рафта, солимии муҳити оила низ аз шартҳои муҳим маҳсуб меёбад. Тарбияи фарзанд чун яке аз омилҳои муҳим барои ҷомеа аз муҳити оила вобастагӣ дорад. Агар муҳит солим бошад, фарзанд солим ба воя мерасад ва муҳити ҷомеа низ солим мегардад.