ИҶТИМОЪ
АТРИ БОРОНҲО
- Подробности
-
14 Апр 2016
- Опубликовано 14.04.2016 13:37
Дар арафаи иди «Рӯзи модарон» ва «Наврӯз» китоби тозаи аъзои Иттифоқи рӯзноманигорон, Аълочии фарҳанг ва Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек Муъмин бо номи «Атрборон» ба табъ расид. Ин маҷмӯаи устод гулчини шеърҳои солҳои охир эҷоднамудаи ӯ буда, Ватан Модар, Ваҳдат, Тоҷикистон, Баҳору Наврӯзро тараннум мекунанд.
ШУКРО, ШУКРО, КИ БОЗ НАВРӮЗ ОМАД…
- Подробности
-
14 Апр 2016
- Опубликовано 14.04.2016 09:58
(Гузориш аз тантанаи Наврӯзи хуҷастапай дар боғи фарҳангӣ – фароғатии ноҳия)
«Наврӯз ба ягон дину мазҳаб робитае надорад, балки ҷашни фарҳангиест, ки аз суннату оинҳои инсондӯстона ва ваҳдатсозу сулҳпарварона иборат мебошад ва маҳз бо ҳамин мушаххасоташ ба ҷашни оммавӣ табдил гардидааст».
Эмомалӣ РАҲМОН.
СУХАН АЗ ҶАШНИ НАВРӮЗ
- Подробности
-
29 Март 2016
- Опубликовано 29.03.2016 16:42
Ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯз аз Қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид (23 феврали соли 2010) оғоз гардид.
Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзро беш аз 300 миллион сокинони кишварҳои ҷаҳон таҷлил менамоянд.
Абурайҳони Берунӣ ва Умари Хайём оғози таърихи Наврӯзро ба нахустин шоҳаншоҳи сарзамини Ориёно Каюмарс нисбат медиҳанд.
БА ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНАИ МАКТАБИЁН ОМОДАЕМ?
- Подробности
-
14 Апр 2016
- Опубликовано 14.04.2016 09:33
Маҷлиси васеи назди раиси ноҳия бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия рӯзи 4 апрел доир шуд. Сараввал раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ аз ғолибияти ҳунармандони ноҳия дар фестивал –озмуни ҷумҳуриявии «Биёед, бо ҳам бихандем», ки бо иқдоми Вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ доир гардида буд, сухан кард. Раиси ноҳия иброз дошт, ки маҳз бо роҳбарии мудири бахши фарҳанги ноҳия Ҳабибуллои Мирзошариф, қариб дар ҳамаи чорабиниҳои фараҳангии мамлакат аҳли санъату ҳунари Файзобод дастболо мешаванд. Раҷабзода Миралӣ подоши заҳматҳои Ҳабибуллои Мирзошарифро бо ифтихорнома қадрдонӣ намуд. Дигар иштирокчиёни фестивал-озмуни мазкур ҳам туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро аз дасти раис гирифтанд.
ҲАМОИШИ АДИБОНИ ҲАВЗАИ НАВРӮЗ
- Подробности
-
29 Март 2016
- Опубликовано 29.03.2016 16:36
Рӯзҳои 18-24 март дар Тоҷикистон Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз барпо мегардад. Баргузории чунин як чорабинии бузурги фарҳангӣ дар кишвари азизи мо гувоҳ аз он аст, ки ҷашни Наврӯз рамзи бедории оламу одам буда, тараннуму ситоиши он тавассути адибон сурат мегирад.
ҶАВОНОН РУҲБАЛАНД ШУДАНД
- Подробности
-
29 Март 2016
- Опубликовано 29.03.2016 16:55
Охири моҳи феврал раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ аз майдончаи варзишии маҳаллаи Арзанова дидан кард. Майдончаи мазкур миёни теппаҳо ҷойгир будаву барои баргузории мусобиқаҳои варзишӣ хеле мусоид аст. Зимни боздид раиси ноҳия ба масъулон супориш дод, ки то фарорасии иди Наврӯз корҳои азнавсозӣ ва васеъ намудани саҳни майдончаи варзишӣ ба анҷом расонда шавад, то ҷавонони деҳа аз он мақсаднок истифода намоянд. Ҳамчунин раис аз ҳисоби буҷаи ноҳия 5 ҳазор сомонӣ барои маҳкам намудани гирду атрофи майдончаи варзишӣ ҷудо кард.
ОЗМУНИ «МАЛИКАИ НАВРӮЗ» ВА «ҶИЛВАИ ҲУСН» ДОИР ШУД
- Подробности
-
29 Март 2016
- Опубликовано 29.03.2016 16:17
Дар толори Филармонияи халқии ноҳия ба номи Нигина Рауфова озмуни «Маликаи Наврӯз» ва даври дуюми фестивали ноҳиявии «Ҷилваи ҳусн» баргузор шуд. Дар он беҳтарин гулдухтарон ва тарроҳони чирадаст аз 9 ҷамоати шаҳраку деҳот ва литсейи касбӣ–техникии ноҳия ҳунарнамоӣ доштанд.
РӮНАМОИИ «НИДО АЗ РОҒУН»
- Подробности
-
29 Март 2016
- Опубликовано 29.03.2016 16:43
Раҷабалӣ Аҳмад, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон солҳои ҳафтодуми асри пешин бо китоби «Саманди зебо» вориди майдони адабӣ гардида, имрӯз ҳамчун нависандаи баркамол шинохта мешавад. Нақди адабӣ Раҷабалӣ Аҳмадро чун офарандаи чирадасти асарҳои публитсистӣ эътироф менамояд. Қаҳрамони асарҳои нависанда бештар заҳматкашон буда, симои онҳо бо қалами устодона рӯи қоғаз меояд.
ҶУНАЙДУЛЛО ҶОНИ ШИРИНАШРО ДАР РОҲИ ВАТАН НИСОР КАРД
- Подробности
-
29 Фев 2016
- Опубликовано 29.02.2016 15:32
Ҷунайдулло овони мактабхониаш ба хизмати Модар-Ватан омода буд. Ҳар гоҳе низомиеро медид гул-гул мешукуфту худро аскарбачаи сафи Қувваҳои мусаллаҳ мехонд. Гузаштани парадҳои ҳарбӣ, қадамзании аскарбачаҳоро бо диққат тамошо карда ҳаловат мебурд. Ӯ асное мактабро хатм кард, ки дар кишвари азизамон Тоҷикистон алангаи ҷанги шаҳрвандӣ доман паҳн мекард. Ҷунайдуллои ҷавон бо гирифтани даъватномаи хизмат бе дудилагӣ дар комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуд. Падару модари азизаш акаи Шаҳдоду янгаи Раҷабмоҳ ҳам ба фарзанди дилбандашон дуои нек доданд, ки хизматро бо сари баланд адо намояду назди ҳаққу ҳамсоя сари онҳоро хам накунад.