ИҶТИМОЪ
СУХАН АЗ ҶАШНИ НАВРӮЗ
- Подробности
-
29 Март 2016
- Опубликовано 29.03.2016 16:42
Ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯз аз Қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид (23 феврали соли 2010) оғоз гардид.
Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзро беш аз 300 миллион сокинони кишварҳои ҷаҳон таҷлил менамоянд.
Абурайҳони Берунӣ ва Умари Хайём оғози таърихи Наврӯзро ба нахустин шоҳаншоҳи сарзамини Ориёно Каюмарс нисбат медиҳанд.
Зардушт дар рӯзи Наврӯз чашм ба рӯшанӣ кушода аз сӯйи Аҳура Маздо ба пайғамбарӣ баргузида шуд. Дар Самангон кӯҳе бо номи «Тахти Рустам» то ба имрӯз пойбарҷост ва ба андешаи бостоншиносон он нахустин маъбадест, ки бевосита аз ҷониби Зардушт бунёд гардидааст.
Дар аҳди Куруши Кабир ва Доро Наврӯз чун ҷашни давлатӣ дар сатҳи олӣ доир мегашт. Дар аҳди Дорои се дар маросими ҷашни Наврӯз 365 ҷавон (рамзи як сол) пероҳани сурх дар бар дар ҷашнгоҳ ҳозир мешуданд.
Дар аҳди Хусрави Парвиз Наврӯз шаҳомат ва таровати беандоза пайдо кард. Борбад бо нағмасароии хеш ба ҷашн шукӯҳ мебахшид. Ӯ ҳамроҳи мутрибони ҳамкасбу шогирдонаш Саркан, Саркоб, Накисо, Озодвор Чангӣ, Гесӯи Навогар, Бомшоду Ромитин маҳфилорои маросимҳои ҳамасолаи наврӯзӣ буд.
Дар аҳди Сосониён шукӯҳмандтар ва дилнишинтар аз Наврӯз ҷашни дигаре вуҷуд надошт.
Вақте давлати Сомониён дар саросари Мовароуннаҳру Хуросон пойдор гардид, ҷашни Наврӯз чун дар аҳди Куруши Кабиру Доро ва Хусрави Парвиз аз нав мақоми давлатӣ насб кард ва эътибору шаҳоматаш болотар баромад. Ва сарзамини паҳнои Сомониён ба ҷавлонгоҳи воқеии Наврӯз табдил ёфту садои ғулғулафкани он бар фарози шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Чочу Марв, Хоразму Фарғона, Балху Ҳирот, Ғазнаву Тӯс, Нишопуру Сиистон, Суғду Хуҷанд, Хатлону Бадахшон баланд гардид.
Ҳозиркунанда М.ТАЛЪАТ.