ИҶТИМОЪ
ШУКРО, ШУКРО, КИ БОЗ НАВРӮЗ ОМАД…
- Подробности
-
14 Апр 2016
- Опубликовано 14.04.2016 09:58
(Гузориш аз тантанаи Наврӯзи хуҷастапай дар боғи фарҳангӣ – фароғатии ноҳия)
«Наврӯз ба ягон дину мазҳаб робитае надорад, балки ҷашни фарҳангиест, ки аз суннату оинҳои инсондӯстона ва ваҳдатсозу сулҳпарварона иборат мебошад ва маҳз бо ҳамин мушаххасоташ ба ҷашни оммавӣ табдил гардидааст».
Эмомалӣ РАҲМОН.
Боиси ифтихору сарбаландист, ки бо ташаббус ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт, ки он соли ҳафтум аст дар тамоми ҷаҳон таҷлил мегардад. Ҷашни Наврӯз, ки ба хонадони ҳар яки мо, мардуми диёр бо қадамҳои сабзу баҳорона ба меҳмонӣ омадааст, аз ҷумлаи куҳантарин, зеботарин ва азизтарину маъмултарин ҷашнҳост. Ин ҷашни муборак ба мардуми халқҳои олам пайки шодиву сурур, бахту саодат, шукуфоиву зебоӣ, оғози киштукор ва зиндашавии табиатро мерасонад. Мардумонро ба некиву накӯкорӣ, хайру саховат, заҳмати созанда ва таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ даъват менамояд.
21 март, он рӯзи нармаки баҳорӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия, ки макони баргузории Наврӯз интихоб шуда буд, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот маҳсули ҳунарҳои зебои худро ба намоиш гузоштанд. Сари ҳар қадам хонҳои ҳафтсину ҳафтшин бо шириниҳою хӯришҳои лазизи наврӯзӣ ороста шуда, атрофи он базму тараби дилнишин ба чашм мерасид. Намоиши дастовардҳо, анъанаҳои накӯи наврӯзӣ, расму оинҳои миллӣ, маҳсули дасти кадбонуҳо, ҳунари устоҳои диёр наврӯзгоҳро намуди идонаю тӯёна мебахшиданд. Наврӯзи сабздомани имсола дар чунин айёме меҳмони мост, ки аз истиқлолияти Тоҷикистони азиз 25 сол сипарӣ мешавад.
Тантанаи наврӯзиро раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Миралӣ кушода, бо ифтихормандӣ қайд намуд, ки сокинони ноҳия дар қатори мардуми меҳнатқарину ободгари кишвар дар арафаи Наврӯзи имсола корҳои ободониро беш аз ҳарвақта вусъат бахшида, дар тозаю озода намудани кӯчаю хиёбонҳо, маҳалҳои зист, бунёди боғу токзорҳо, шинонидани дарахтони ороишию гулбуттаҳо саҳми арзанда гузошта истодаанд. Сокинон дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 8 ҳазор бех дарахтони ҳамешасабзи арча ва гулу гулбуттаҳои гуногун шинонида, ин амалҳои некро бо суръат идома медиҳанд. Хурду бузурги диёр шукрона аз он мекунанд, ки баҳори 25-уми давлатдории мустақил ва 7-умин ҷашни бузурги байналмилалии Наврӯзро дар фазои истиқлолияти комил, сулҳу субот ва ваҳдату якдилии сокинони кишвар истиқбол менамоянд. Ҳар як фарди диёр вазифадор аст, ки баҳри ободии Ватани азизамон содиқонаву софдилона заҳмат кашида кӯшиш намояд, ки деҳу диёри кишварамон ободу зебою шукуфон гардад. Воқеан, Наврӯз ба хонадони ҳар як сокини диёр тинҷию оромӣ, файзу баракат овардаТоҷикистони озоду соҳибихтиёрамон ба фатҳу нусратҳои нав расид.
Он рӯз дар чорабинии идона тӯйи суннатии 47 нафар фарзандони оилаҳои ниёзманд ва 6 ҷуфт ҷавонон гузаронида шуд, ки раиси ноҳия ба онҳо туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим намуд. Барномаи пурмуҳтавои театркунонидашудаи ҳунармандони Филармонияи халқии ба номи Нигина Раупова хотири иштирокчиёни базми наврӯзиро болида гардонид. Мисраҳои қироатнамудаи ровӣ Музаффар Малангов
Шукро, шукро, ки боз Наврӯз омад,
Баҳри ҳамагон иди дилафрӯз омад.
Ин муждаи сулҳу ваҳдату шодиҳост,
Болед, ки ин лаҳзаи фирӯз омад.
анҷомбахши тантанаи наврӯзӣ гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша изҳори боварӣ менамояд, ки баробари эҳёи оинҳои сершумори наврӯзӣ оини «Наврӯзи бунёдкориву ниҳолшинонӣ» низ дар рӯзҳои наврӯзӣ аз нав густариш меёбад. Ин буд, ки дар рӯзи сеюми ҷашни Наврӯз мардуми диёр ба шинонидани ниҳолу буттаҳои ороишӣ, бунёду азнавбарқароркунии боғҳои маҳалли худ машғул шуданд. Инчунин дар доираи чорабиниҳои наврӯзӣ дар деҳаи Арзановаи ҷамоати деҳоти Ҷавонон мусобиқаи калони гӯштингирӣ баргузор гардид, ки дар он паҳлавонон аз ноҳияҳои гирду атроф иштирок намуданд.
М.ТАҒОЕВА,
хабарнигори «Набзи Файзобод».