ИҶТИМОЪ
ҲАМОИШИ ЗАНОНИ СОҲИБКОР
- Подробности
-
04 Авг 2016
- Опубликовано 04.08.2016 09:24
Форуми занони соҳибкори минтақаи Рашт, ки дар он намояндагони ноҳияҳои Лахш, Сангвор, Тоҷикобод, Нуробод, Рашт, Файзобод ва шаҳри Роғун иштирок доштанд, рӯзи 20 июл дар ноҳияамон баргузор гардид. Бонувони соҳибкори шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт он рӯз дар назди Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфова маҳсули ҳунарҳои зиёди худро ба намоиш гузоштанд.
ПЕШВО-НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ
- Подробности
-
04 Авг 2016
- Опубликовано 04.08.2016 09:17
Ба гӯшаҳои гуногуни кишвар сафар менамоем. Суғду Рашт, Хатлону Бадахшон ва соири шаҳру навоҳии кишвар ҳамагӣ хонаи озоду оростаи мост. Аз чизе бим надорем. Роҳҳои ҳамвору кӯтоҳшудаи камхатар, деҳоту қасабаҳои обод ва мардуми дар пайи меҳнату зиндагӣ машғулро мебинему дар дил шукронаи ҳастии худ менамоем. Таровате, накҳате ва қаноатмандие дар вуҷуди худ эҳсос менамоем. Хотири ҷамъу осуда аҷаб неъмати бебаҳоест. Чун ба маҳзари маҷмуи ин ҳама неъматҳо менигарем, саволе аз мо посух меҷӯяд, ки муҷиби ин ҷараёни босуботро сабаб чист? Ҷавоби кӯтоҳе дари андешаҳоро мекӯбад: Ин ҳама файзу баракат аз сулҳу ваҳдат аст.
МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ ДОИР ШУД
- Подробности
-
28 Июнь 2016
- Опубликовано 28.06.2016 10:22
То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳи назаррас ноил шуда наметавонем.
Эмомалӣ Раҳмон
ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ҲХДТ АМАЛӢ МЕШАВАНД
- Подробности
-
04 Авг 2016
- Опубликовано 04.08.2016 09:11
Тавре аз таърих маълум аст, дар ҳама давру замон ҳамон ҳизбе ба ҳадафҳои худ ноил мешавад, ки агар он воқеан ҳам амаликунандаи орзуву омоли халқи худ, ва барномаи амали он ба корҳои созандагию рушди кишвар нигаронида шуда бошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки зодаи Истиқлолият аст, воқеан ҳам татбиқкунандаи ормонҳои халқи худ буданро тӯли 22 соли арзи вуҷудаш исбот сохт.
АЗ ФАЙЗИ ВАҲДАТ ФАЙЗОБОД ГУЛ МЕКУНАД
- Подробности
-
28 Июнь 2016
- Опубликовано 28.06.2016 10:11
Аз баландии Чормағзак, даромадгоҳи нақби Хатлон боғу киштаҳои сарсабз ва деҳаҳои гулбасари ноҳияи Файзобод чун кафи даст намоён аст. Дарёи Элок, ки аз деҳаи Мискинобод ибтидо мегирад ва шоҳроҳи Душанбе-Лахш аз даромадгоҳ- деҳаи Чилчашма то баромадгоҳ -деҳаи Сарой марзи ноҳияро ба ду қисм тақсим мекунад. Аслан маҳаллаҳои аҳолинишин дар ду тараф рӯ ба рӯи ҳам ҷой гирифтаанд.
ШАҲНОЗАИ ОРМОНӢ
- Подробности
-
28 Июнь 2016
- Опубликовано 28.06.2016 10:32
Шаҳнозаи хушноми оча, гуларӯси нозании оча, ғами додари 18-солаи ғурамаргат – Илҳомҷон кам набуд, ки боз марги бемаҳалу ногаҳонии ту афгору бехудам кард. Охир дирӯзакак якҷоя палҳои гашничу райҳонро хишоваю ягона кардем. Шӯхиҳо мекардиву механдидӣ.Аз бӯи хуши ниҳолакҳои рӯида ҳаловат мебурдӣ. Аз куҷо медонам, ки рӯзе баъд миёни хона пайкари нозукат сарду хамӯш мегардад. Орзуи дидани қади арӯсиатро мекардам.
ҲАЙФ, КИ НАОМАДЕД
- Подробности
-
28 Июнь 2016
- Опубликовано 28.06.2016 09:15
Дастаи шашмақомсароёни назди Филармонияи халқии ба номи Нигина Раупова ба консерти мукамали худ, ки дар доираи чорабиниҳои бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша даромада буд, тайёрии пухта дид.
МОҲИ РАМАЗОН-МОҲИ ХАЙРУ САХО
- Подробности
-
28 Июнь 2016
- Опубликовано 28.06.2016 10:26
Омад рамазон рӯй ба даргоҳи Худо кун,
Аз дил ҳама буғзу ҳасаду кина раҳо кун.
Ҳамду ситоиш Парвардигори ҷаҳониёнро, ки сазовори ибодат ва ситоиш аст.
Дуруду саломи бепоён ба Расули раҳмат ва ҳотами анбиё Муҳаммад (с) бод.
БА ҶАВОНОН ЭЪТИМОД ЗИЁД АСТ
- Подробности
-
28 Июнь 2016
- Опубликовано 28.06.2016 09:10
Боиси қаноатмандии мо, ҷавонон аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - аз 18 июли соли 2015 Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Аз он ифтихор дорам, ки банда низ аз ҳисоби филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод аъзои ин Шӯрои бонуфӯз интихоб гаштаам.