ИҶТИМОЪ
БА ҶАВОНОН ЭЪТИМОД ЗИЁД АСТ
- Подробности
-
28 Июнь 2016
- Опубликовано 28.06.2016 09:10
Боиси қаноатмандии мо, ҷавонон аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - аз 18 июли соли 2015 Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Аз он ифтихор дорам, ки банда низ аз ҳисоби филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод аъзои ин Шӯрои бонуфӯз интихоб гаштаам.
Ҳамчунин бароям хотирмон аст, ки дар ҷаласаи якуми Шӯрои мазкур, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Китобхонаи миллии мамлакат баргузор гардид, иштирок доштам.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди илмомӯзӣ ва самаранок истифодабарии илм дар рушди ҷомеаи кишвар ба ҷавонон дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.
Дар баромади худ қайд намуданд, ки зери роҳбарии Сарвари давлат амал намудани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон ин намунаи олии эътимоду боварӣ ва эҳтироми роҳбарияти сатҳи олии мамлакат дар нисбати ҷавонони саодатманди кишвар буда ин тадбир имкон медиҳад, ки пешниҳодоти онҳо ҳарчи бештар дастгирӣ ёбад ва мушкилоти дар рӯзгори онҳо мавҷуда сари вақт баррасию роҳу усулҳои фаъолияти минбаъдаи ҷавонон боз ҳам дақиқу мушаххас карда шаванд.
Бо назардошти хатарҳои дар замони глобализатсия ба амнияти Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷавонон даъват намуд, ки аз кирдорҳои номатлуби ҷаҳони муосир, аз ҷумла узвият ба ҳар гуна ташкилоту созмонҳои террористию ифротгароӣ ва нашъамандию ҷинояткорӣ худдорӣ карда бештар ба донишандӯзӣ, корҳои илмию озмоишӣ, ихтироъкорӣ ва тарбияи маънавию варзишии худ машғул шаванд ва дар корҳои муҳими сиёсию ҷамъиятӣ ва таҳияи лоиҳаҳои нави инноватсионӣ ба нафъи давлату миллат фаъолона иштирок намоянд.
Қайд гардид, ки айни замон аз Тоҷикистон шумораи донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии хориҷи кишвар беш аз 30 ҳазор нафар мебошад, 44 фоизи хизматчиёни давлатиро ҷавонони то 35 - сола ташкил медиҳад.
Фикр мекунам, ҷаласаи мазкур хеле такони ҷиддӣ баҳри татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар маҳал ва имкониятҳои навро ба насли ҷавони имрӯза медиҳад. Ҳамзамон дар Шӯро масъалаҳои дигари мубрами ҷомеаи имрӯза, аз қабили тарзи ҳаёти солим, варзиш ва сайёҳӣ изҳори назар карда шуд. Аз тарафи раиси Шӯро ба Вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки барои ҷавонони соҳибилм паркҳои технологӣ кушода шуда, баҳри баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ чораҳои зарурӣ андешида шавад. Бо истифодаи босамари имкониятҳои дохилӣ дар маҳалҳо ҷойҳои кории нав дар самтҳои корҳои хонагӣ аз қабили қолинбофии дастӣ, косибӣ ва машғул гардидани ҷавонон ба боғдорию хоҷагидорӣ таъсис дода шавад. Ҳамчунин баҳри баровардани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ - мева ва асали тозаи Тоҷикистон, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза буда манбаи даромади иловагист имкониятҳои нав фароҳам оварда шавад.
Боиси қайд аст, ки баҳри амалӣ сохтани Фармони мазкур Қарори раиси ноҳияи Файзобод, низ аз 14 октябри соли 2015, №522 ба тасвиб расида, Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъсис ёфтааст. Раисии онро дар ноҳия раиси ноҳия муҳтарам Раҷабзода Миралӣ ба уҳда доранд.
Ҷавобан ба ҳамаи ин дастгириҳо мо ҷавонон бояд сазовори боварӣ ва эҳтироми Сарвари давлат ва Раёсати олии кишвар бошем, сиёсати созандаю бунёдкориро идома дода, дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми сазовори худро гузорем.
Умедҷон Раҳимов,
мудири бахши ҷавонон, варзиш
ва сайёҳии ноҳия.