ИҶТИМОЪ
МОҲИ РАМАЗОН-МОҲИ ХАЙРУ САХО
- Подробности
-
28 Июнь 2016
- Опубликовано 28.06.2016 10:26
Омад рамазон рӯй ба даргоҳи Худо кун,
Аз дил ҳама буғзу ҳасаду кина раҳо кун.
Ҳамду ситоиш Парвардигори ҷаҳониёнро, ки сазовори ибодат ва ситоиш аст.
Дуруду саломи бепоён ба Расули раҳмат ва ҳотами анбиё Муҳаммад (с) бод.
Моҳи мубораки Рамазон, моҳи меҳмонии Худо, моҳи зиёфати илоҳӣ, нузулӣ раҳмату мағфират ва файзу баракат, иҷобати дуоҳо мебошад. Ҳар касе барои ин меҳмонӣ хубтар омодагӣ дида бошад, аз хони густурдаи лутфу карами Илоҳӣ бештар баҳраманд хоҳад шуд. Ҳар кас дар ин меҳмонӣ сари суфраи Илоҳӣ бо адаб оростатар бишинад, ба меҳрубониву навозиши соҳиби хон бештар сазовор хоҳад шуд.
Худованд рӯзаро ҳамон гуна, ки бар умматои пеш аз ислом фарз гардонида буд, онро бар уммати ҳазрати Муҳаммад (с) низ фарз гардонидааст. Дар сураи Бақара ояти (183) фармудааст: “Эй касоне, ки имон овардаед, рӯзаи моҳи рамазонро бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гуна, ки бар миллатҳои пеш аз шумо фарз гардида буд, бошад, ки парҳезгор шавед” (Сураи “Бақара”, ояти 183).
Моҳи Рамазон монанди дурри қимат ва арзишманде аст.
Моҳи шарифи Рамазон мувофиқи таълимоти исломӣ моҳи нузули Қуръон, моҳи хайру баракат, моҳи ибодат, моҳи аз ҳоли беморон ва муҳтоҷон хабардор шудан ва моҳи аз буғзу адоват дур будан аст. Бояд ҳар як мусулмон ин моҳро аз моҳҳои дигар фарқ кунад, ҳурмати моҳи Рамазонро ба ҷо орад. Он некиҳое, ки аз дасташ барои халқ меояд, дареғ надорад. Аз бадиҳою гуноҳҳо худдорӣ кунад ва дигаронро низ ба роҳи ростӣ ва накӯкорӣ ҳидоят намояд.
Аз ҳама муҳимтар, хислати парҳезгорӣ ва поку нек зистанро дар инсон тақвият медиҳад, ки муҳимтарин ҳадафи ибодатҳои Илоҳӣ низ ҳамин мебошад.
Анъана ва суннати неки дигар, ки дар моҳи Рамазон анҷом дода мешавад, ба ниёзмандон хайру саховат кардан ба ҳисоб меравад.
Аз ин рӯ, яке аз фавоиди рӯза таваҷҷуҳ ба ҳоли бечорагон ва огоҳ шудан аз аҳволи фуқаро ва мустамандон мебошад. Ва ҳар вақте, ки сарватмандон ба фуқаро меҳру муҳаббат ва бахшиш дошта бошанд, дар байни табақоти ҷомеа як сафову самимият ба вуҷуд меояд. Пайғамбари Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, бисёр саховатманд буданд, бахусус дар моҳи Рамазон аз роҳи ҷуду эҳсон зиёдтар кор мегирифтанд.
Дар Қуръони карим инфоқ, яъне: хайру садақа кардан, дар тамоми ҳолатҳо – дар шабу дар рӯз, пинҳону ошкоро ва ҳини тавонгариву аснои тангдастӣ таъкид шудааст. Аз ин рӯ, мардум ҳам ҳар кас ба қадри тавону дороии худ дар инфоқ – хайру садақа кардан кӯшиш ва ҷаҳд ба кор мебарад: садақаи фитр ва закоти молашро медиҳад, хайрот мекунад, дар анҷом додани амалҳои хайр ва накӯкорӣ мекӯшад.
Дар Қуръони карим, ки дар моҳи Рамазон нозил шудааст, инсони садақадиҳанда ба донае монанд карда шудааст, ки аз он ҳафт хӯша мебарояд ва ҳар хӯшаи он сад дона дорад. Маълум мешавад, Худованд барои ҳар садақа ҳафтсад баробар подош медиҳад ва ҳатто бештар аз онро ҳам ба садақадиҳандаҳо метавонад бибахшад. Дар натиҷа садақа додан сабаби рушду тараққии моддӣ ва маънавии худи садақадиҳанда мешавад ва аз ин кор аз ҳама бештар худи ӯ фоида мебарад.
Расули акрам (с) дар саховатмандӣ, ҷавонмардӣ ва ғамхориву дилсӯзӣ ба ниёзмандон намунаи ибрат буд. Дар моҳи мубораки Рамазон аз дигар моҳҳо бештар некӣ мекард, ба бахшишу эҳсон мепардохт, сахитару бахшандатар ва аз боди вазон ҳам дастбахайртар буд. Паёмбари гиромӣ фармудааст:
“Беҳтарин ва бо арзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад”.
Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ ривоят аст, ки Паёмбари гиромӣ (с) дар мавриди осонгирӣ ва гузашт дар муомилоти хариду фурӯш фармудааст: “Раҳмати Худо бар касе бод, ки ҳангоми хариду фурӯш ва ҳангоми талаби ҳаққаш осонгир бошад”.
Ҳамчунин аз Абуҳурайра ривоят аст, ки Паёмбари акрам фармуд: “Касе, ки фиребкорӣ мекунад, аз мо нест”.
Масъалаи дигаре, ки дар моҳи Рамазон ва арафаи идҳо пайдо мегардад, ин баланд бурдани нархи маҳсулот мебошад. Баъзе “Ҷавонмардон”-е, ҳастанд, ки моҳи Рамазонро бесаброна интизор мешаванд. Шумо гумон мекунед, ки барои дарёфти савоб? Не, хато кардед. Барои гарон кардани нархи маҳсулот. Агар дар тамоми дунё мардум рӯзадоронро ҳурмат намуда, молҳояшонро арзон кунанд, дар бозорҳои мо баръакс нарху наво аз ҷонибӣ “савобҷӯён” баланд карда мешавад. Оё ин мусулмонӣ аст? Магар ин савдогарон аз моҳи Рамазон баҳрае мебаранд? Гумон аст, ки онҳо савобе ба даст оранд. Ба гуфти Расулӣ акрам (с) Худованд ба рӯзадории онҳо эҳтиёҷ надорад. Чунин ашхос аз Рамазон танҳо ташнагиву гурӯснагӣ ҳосил мекунанду халос, аз савоб ба онҳо чизе намерасад. Зеро бадхоҳи мардум будан ва аз моҳи Рамазон суйистифода бурдан муқобили таълимоти Ислом аст.
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармудааст. Барои рӯзадор ҳангомӣ ифтор кардан дуоест, ки рад намешавад. (Ривояти ибни Моҷа ва Ҳаким) барои иҷобати дуо вақтҳову лаҳзаҳоест, ки инсон дар он фурсатҳо бо ихлос дуо намояд, мустаҷоб мешавад. Аз ҷумла рӯзи арафа, рӯзи ҷумъа, сеяки шаб, вақти боридани борон, вақти ифтор ва байни азону қомат аз лаҳзаҳое ба шумор меравад, ки дар онҳо дуои мухлисона пазиро мешавад. Аз ин рӯ, рӯзадор агар ҳангоми ифтор намудан бо ихлосу муҳаббат дуо намояд, дуояш мустаҷоб мешавад.
Хуб мешуд, ки бародарон дар ҳаққи падарон ва модарон дуъои хайр мекарданд. Падарону модарон дар ҳаққи фарзандон дуои хайр мекарданд. Ва мо ҳама дар ҳаққи Пешвои миллатамон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дуои хайр кунем, ки Худованди мутаъол Пешвои миллатамонро аз тамоми газандҳои дунявӣ ва ухравӣ дар паноҳи исмати худаш нигаҳбон ва Худованди мутаъол ватани моро боз ҳам зеботар ва ободтар ва бобаракат гардонад.
Қорӣ Носир РАҲИМОВ,
сархатиби ноҳия.