Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

АЗ ФАЙЗИ ВАҲДАТ ФАЙЗОБОД ГУЛ МЕКУНАД

Аз баландии Чормағзак,  даромадгоҳи  нақби Хатлон боғу киштаҳои сарсабз ва деҳаҳои гулбасари  ноҳияи Файзобод чун кафи даст намоён аст. Дарёи Элок, ки аз деҳаи Мискинобод ибтидо мегирад ва  шоҳроҳи Душанбе-Лахш аз даромадгоҳ- деҳаи Чилчашма то баромадгоҳ -деҳаи Сарой марзи ноҳияро ба ду қисм тақсим мекунад. Аслан маҳаллаҳои аҳолинишин дар ду тараф рӯ ба рӯи ҳам  ҷой гирифтаанд.

Маҳз тавассути ин шоҳроҳ ҳамарӯза садҳо меҳмонон аз Бадахшону Раштон  сӯи маркази кишвар равонаанд ва баракс. Яъне Файзобод аз ибтидо  то интиҳо ба чашми  мусофирон намоён аст. Шукри Вадату оромӣ ва сулҳу суботи  Тоҷикистони азиз, ки кушода шудани роҳ ба марзи Қирғизистону Чин ва идомаи корҳо дар бузургтарин тарҳи энергетикии Осиёи Марказӣ Роғун сафи меҳмонони хориҷиро низ дучанд кардааст. Ин равуо масъулияти ҳар сокини ноҳияро баланд бардоштаву фикри ободиву  бунёдкории эшонро  дучанд мекунад. Ин масъулият мо, фарзандони   диёрро   ҳидоят ба корҳои бузурги созандагиву ободӣ  дорад. Ҳама чизи навин дарҳол  ба чашм мерасад.

Ман санги диёри худ ба гавҳар надиҳам,

Хокаш ба баҳои тӯдаи зар надиҳам

Ин байт, ки дар дарвозаи рамзии саршавии  ноҳия сабт шудааст, таваҷҷуҳангез аст.  Нахуст қадам ба марзи ноҳия гузоштаву  тарабхонаи “Панҷшер”  ба назар мерасад. Воқеан “Панҷшер”  рамзи гӯёи ваҳдати панҷ бародар аз деҳаи Чилчашма аст, ки ин макони ободу дастархони пурнозро ба рӯи  меҳмонон боз кардаанд.

Бисёр корҳои ободонӣ дар ноҳия аз ҷамоати деҳоти Бӯстон оғоз мегардад ва ҳамин аст, ки даромадгоҳи деҳаи Бӯстон ҳам   як соли охир диданӣ шудааст. Нуқтаҳои  хизмарасонӣ, шиору овезаҳо ва арчазори канори чапи шоҳроҳ сарсабз асту диққатрабо. Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ, ки ободиҳои як соли  охир дар  ноҳия ба фаъолияти ӯ сахт марбут аст ва  инсони кордидаву  соҳиби диди тозаи ободкориву созандагист,  бунёди шаршараи 25 метраи сунъиро дар ин мавзеъ  пешниҳод медорад. Бешак бо бунёди он  ҳусни  ин мавзеъ боз ҳам хоҳад афзуд.

Атрофи шоҳроҳ аз оғоз то анҷоми ноҳия 17 оромгоҳ ҷойгир асту эҳтироми   хуфтагони он аз маърифати баланди мардумонаш маншаъ мегирад. Сокинони деҳаи Бӯстон бо ташаббуси хеш пайи ба тартиб даровардани  ин оромгоҳ камар бастанд ва хуш аст, ки ин иқдом дар ноҳия  ҳамоовозӣ пайдо кард ва имрӯз дар ҷамоатҳои Вашгирду Ҷавонон ва Чашмасору  Қалъаи дашт ва Мискинобод онро идома медиҳанд.

Бунёди рамзҳои гуногун дар  даромадгоҳи ҷамоатҳо низ дастгирӣ меёбад.

Тавассути бунёди боғҳо атрофи шоҳроҳи Душанбе-Лахш ва гузоштани  ангораҳо таваҷҷуҳи ҳар бинанда  ба зебоиҳои  ин диёри биҳиштосо  дучанд менамояд. Чанд сол мегузараду арчаву дарахтони шинонидаи атрофи  ин шоҳроҳ, ки аксаран гирди онро  симтуру   пояҳои   сабзкардашуда  печонидааст, қомат рост хоҳанд кард.

Барои аксари меҳмонон ангораҳои зебои  бузи куҳӣ, кабку мурғ ва асп диққатҷалбкунанда шудааст.

Дар буриши роҳи маркази ноҳия ва  Роғун  ҷо гирифтани  рамзи ҷамоати шаҳраки Файзобод, ки Нишони миллиро дар бар мегирад ва  нав сохта шудаву корҳои  ободониаш идома дорад ва гувоҳ аз бунёди шаҳраки наву замонавӣ хоҳад буд.

Имрӯз бо ташаббуси бевоситаи раиси ноҳия,  узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар Раҷабзода  Миралӣ маркази ноҳия ҳам симои  худро  дигар карда истодааст. Айни ҳол шаҳраки Файзобод    намуди дилкаш дорад. Рӯзҳои иди Наврӯзи байналмиллал ба масофаи 3,5 километр мавриди истифода қарор гирифтани  хатҳои равшанидиҳӣ, васеъу ба кӯчаҳои гулбасар табдил додани  он иқдоми некест пайи беҳсозии рӯзгору  зиндагии сокинони  он.

-Шабона аз маркази ноҳия чун гузар мекунӣ, худро дар шаҳри нуристон тасаввур менамоӣ ва беихитёр сипос ба зимомдорони давр мекунӣ, ки пайи ободии ноҳия чунин андешаронӣ мекунанд. Барои ман, ки чанд сол аз ноҳия дур  будам ин хеле мароқангез аст,-иброз медорад собиқ сокини ноҳия Абдулоҳи Саид.

Бале, Файзобод  дар ҳамаи соҳаҳо рушд мекунад, дастовардҳои навин сокинонашро ҳамқадам аст, фарзандони  ба нангу номусаш дар ин роҳ пешсаф хоҳанд шуд.

Ҳамаи ин дигаргуниву ободиҳо мардуми диёри моро  аз файзу самари Ваҳдати миллӣ ва даврони соҳибистиқлолии кишвар ва  хизматҳои  зиёди фарзонафарзанд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ки ҳамеша шукронаи он мекунем.

Низомиддини Шамсиён