ИҶТИМОЪ
БЕТАРАФӢ ҶИНОЯТ НЕ, ХИЁНАТ АСТ,
- Подробности
-
29 Фев 2016
- Опубликовано 29.02.2016 15:26
гуфт зимни вохӯрии худ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо бо фаъолзанони ҷамоати деҳоти Ҷавонон
Ҳафтае пеш раиси тозатаини Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо ба ноҳияамон сафар доштанд. Зимни шинос шудан бо ҳаёту фаъолияти бонувони диёр ӯ дар толори ЛКТ-24 бо занону ҷавонон вохӯри гузаронид. Қосимзода И.Т. бо қаноатмандӣ изҳор намуд, ки барояш хушоянд аст дар ҳафтаҳои аввали кориаш ба диёри файзбахши Файзобод сафар намуда бо бонувони шарафманди он вохӯрӣ менамояд.
МАҲФИЛИ ШЕЪРУ ТАРОНА
- Подробности
-
22 Янв 2016
- Опубликовано 22.01.2016 08:44
Маҳфили фарҳангие, ки ба пешвози 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рӯзи 4 январ дар филармонияи халқии ноҳия баргузор гардида, хеле серодам ва пуршукӯҳ гузашт, «Ману Усмон» ном дошт. «Ман»-и ин унвон ба исми Ҳабибуллои Мирзошариф вобаста буда, «Усмон» унвони шоири шинохтаи тоҷик Усмон Шарифзодаро ифода мекунад.
Маълум, ки имсол 25-умин солгарди соҳибдавлатии тоҷикон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин хотир мудири бахши фарҳанги ноҳия Ҳабибуллои Мирзошариф аз ашъори ватандӯстона ва лирикию иҷтимоии шоири шодравон Усмон Шарифзода барномаи аҷибе мураттаб намуд. Тайёрии пухта имкон дод, ки аз намоиши барнома тамошобинон изҳори қаноатмандӣ кунанд.
ХОНАИ НАВ ҲАДЯИ СОЛИНАВӢ БА БАРОДАРОНИ РАНҶУРИ БИСТАРӢ АҲТАМШОҲ ВА ЗУРАБШОҲ
- Подробности
-
11 Янв 2016
- Опубликовано 11.01.2016 08:21
Дар арафаи соли нав хушхабаре боиси хурсандии мо, аҳли эҷоди рӯзнома гардид. Чанд моҳ пештар, аниқтараш 16 июли соли равон аз тақдири ношоди ду нафар ҷавони бистарӣ Аҳтамшоҳу Зурабшоҳ – сокинони деҳаи Муллотуғма маводе бо номи «Дили бузурги модар, ки баъди марги се гулдухтару ранҷури бистарии ду шаҳписараш қомат нашикастааст» маводе дар рӯзнома чоп гардида буд.
АНЪАНАҲОИ ИСТИҚБОЛИ СОЛИ НАВ
- Подробности
-
11 Янв 2016
- Опубликовано 11.01.2016 10:17
Ҷашнгирии Соли нав дар Тоҷикистон тавассути халқи рус роиҷ шуд. Соли нави аҷдодии тоҷикон оғози баҳор аст. Имрӯз ҷашнгирии он ба ҳукми қонун даромада бо номи «Наврӯз» таҷлил мегардад. Хеле мутантан.
Ҳоло мо дар як сол ду дафъа Соли навро ҷашн мегирем – яке аз рӯйи солшумории мелодӣ (аз соли таваллуди Исои Масеҳ), дуввум соли хуршедӣ.
Дар Соли нави мелодӣ арча меороем.
ҲАР СОЛ - СОЛИ ОИЛА!
- Подробности
-
11 Янв 2016
- Опубликовано 11.01.2016 08:18
Оила арзиши муқаддасу қадимиест, ки ба эҳёи тамаддунҳо замина гузошта дар зиндагии инсоният ва пешрафти мадании ҷомеа нақши меҳварӣ дорад. Зербинои таълиму тарбия дар оила устувор гашта рушду такомули зеҳнии инсон аз муҳити хонавода ибтидо мегирад. Мутаассифона, солҳои охир дар баробари коҳиш ёфтани ахлоқи ҷавонон, худкушию дигар ҷиноятҳо, ки боиси пошхӯрии оилаҳо мегардад ҷомеаро нигарон сохтааст. Бо мақсади омӯзишу баррасии ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти оилавӣ, тарбияи фарҳанги оиладорӣ ва пешгирӣ аз пошхӯрии хонаводаҳо Сарвари давлат соли 2015 – ро «Соли оила» эълон намуд. Эълон гардидани «Соли оила» ба ҳамин маъност, ки хонаводаҳои ҷавон бояд дорои фарҳанги оиладорӣ, одоби муошират, рафтори дуруст ба волидону ҷомеа ва давлати худ дошта бошанд.
«АМОНАТБОНК» БОНКИ МАРДУМИСТ
- Подробности
-
11 Янв 2016
- Опубликовано 11.01.2016 09:13
Сокинони кишварамон имрӯзҳо ба «Амонатбонк» эътимоду боварии дучанд доранд, ҳамин аст, ки сафи муштариёни бонки мазкур сол аз сол меафзояд. Бояд хотиррас намоем, ки имрӯз ба сокинони кишвар 75 филиали “Амонатбонк” ва 512 марказҳои хизматрасонӣ ва 214 нуқтаҳои интиқоли маблағи он пурсамар фаъолият дорад. Филиали рақами 16-и бонки мазкур, ки дар ноҳияи мо фаъолият мекунад, бо роҳбарии сарвари он Саидакбар Ҳақназаров таҳти шиори «Хизмати аъло ба ҳар муштарӣ» кўшиши онро мекунанд, то ба боварии мардум сазовор бошанд. Суҳбати мо арафаи соли нав бо директори филиал Саидакбар Ҳақназаров атрофи кору дастовардҳои эшон тайи соли 2015 сурат гирифт:
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ АЗ МИНБАРИ СОЗМОНИ МИЛЛАЛИ МУТТАҲИД САДО ДОД
- Подробности
-
23 Окт 2015
- Опубликовано 23.10.2015 10:22
Шумораи навбатии рӯзномаи «Ҷумҳурият»- ро ба даст гирифтаму дар саҳифа аввали он чашмам ба маводи рӯзнома бо номи «Забони тоҷикӣ аз минбари Созмони Милали Мутаҳид садо медиҳад», ки бо расми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр шудааст, бурхӯрд. Баробари дидану хондани чунин навиштаҷот бешубҳа дили ҳар тоҷик аз фараҳ лабрез мегардад.
ДАСТОВАРДҲОИ АҲЛИ ФАРҲАНГ
- Подробности
-
11 Янв 2016
- Опубликовано 11.01.2016 09:09
Аҳли фарҳанги ноҳия дар соли рафта аз ҳисоби маблағҳои буҷаи ноҳия 108 ҳазор сомонӣ барои таъмири бинои Филармонияи халқӣ, 25 ҳазор сомонӣ барои мактаби санъати ба номи Дӯстмурод Алиев, 37 ҳазор сомонӣ барои харидории таҷҳизот истифода намуданд.
Иштироки санъаткорони ноҳия дар даври ниҳоии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақси фолклорӣ-этнографӣ таҳти унвони «Таронаи ваҳдат» ба ифтихори 3000-солагии Ҳисори Шодмон дар толори Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев ширкат варзиданд.
ТАРБИЯ-ОМИЛИ АСОСИИ ТАШАККУЛИ ҶОМЕА
- Подробности
-
23 Окт 2015
- Опубликовано 23.10.2015 10:07
«Ҳар як фарди соҳибмаърифат бояд тамоми нерӯ ва заковати хешро барои солимии ҷомеа ва оила сафарбар кунад ва дар рушди маърифати оиладорӣ, таҳкими пояҳои хонавода ва устувор намудани ҳаёти оилаҳои ҷавон саҳми арзанда гузорад».
Эмомалӣ Раҳмон