ИҶТИМОЪ
ТАРБИЯ-ОМИЛИ АСОСИИ ТАШАККУЛИ ҶОМЕА
- Подробности
-
23 Окт 2015
- Опубликовано 23.10.2015 10:07
«Ҳар як фарди соҳибмаърифат бояд тамоми нерӯ ва заковати хешро барои солимии ҷомеа ва оила сафарбар кунад ва дар рушди маърифати оиладорӣ, таҳкими пояҳои хонавода ва устувор намудани ҳаёти оилаҳои ҷавон саҳми арзанда гузорад».
Эмомалӣ Раҳмон
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷомеа аз оилаҳо иборат аст ва оила аз волидон ва фарзандон. Тарбияи фарзанд бошад, бевосита бар дӯши падару модар меистад. Устоди нахустини ҳар як фард дар ҳаёт волидайн, бахусус модар ба ҳисоб меравад. Тарбияи фарзанд ҳанӯз аз батни модар шурӯъ мегардад ва баъд аз тавлид шудан бо бархурди ҳаводис ташаккул меёбад. Кӯдак аз аввалин рӯзҳо ба падару модари худ тақлид мекунад. Он чи ки ӯ бо нигоҳи кӯдаконаи хеш мебинад, то охири ҳаёт дар хотираи ӯ нақш мебандад. Рафтор ва гуфтор дар оила ба шахсияти ояндаи тарбиятгиранда таъсири худро мерасонад.
Агар фарзанд дар оила тарбияи дуруст гирад, ба пешрафти ҷомеа таъсири мусбат мерасонад ва агар тарбия дар оила нодуруст ба роҳ монда шуда бошад, пас он фарзанд, ки дар оянда як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад, метавонад ба пешрафти ҷомеа таъсири манфии хешро расонад, чуноне ки Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад».
Аз ин рӯ, ҳар як шахси баркамоли ҷомеаро зарур аст, ки қӯдаконро дар рўҳияи худогоҳӣ, ватандӯстӣ, миллатдӯстӣ, гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ тарбия намуда, дар ташаккули ҷомеаи солим саҳм гузорад.
Ҳар фарди солимфикри ҷомеа чун ба синни никоҳӣ мерасад, дар вай хоҳиши барпо намудани оила пайдо мешавад ва тақдири никоҳшавандагон, ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо ҳамеша дар маркази диққат ва ғамхории давлат қарор дорад. Бо ин мақсад давлат қайди давлатии ақди никоҳро муқаррар намудааст. «Ҳуқуқу уҳдадориҳои зану шавҳар аз лаҳзаи дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифтани ақди никоҳ ба миён меояд», гуфта шудааст дар қисми 2 моддаи 10 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тибқи қисми 3 моддаи 1 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «танҳо он никоҳе эътироф карда мешавад, ки дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҷо оварда шудааст. Ақди никоҳе, ки бо расму оини динӣ сурат гирифтааст, эътибори қонунӣ надорад».
Бояд гуфт, ки сабти ақди никоҳ зарур ва ҳатмист, чунки он имконият медиҳад, ки муносибати ҳамсариро аз дигар муносибатҳои ҷамъиятӣ бо хусусиятҳои фарқкунандааш ҷудо созем. Барпо кардани оилаҳо падидаи хубест ва имрӯз мардум хуб дарк кардаанд, ки барои барпо кардани оила гузаштан аз ақди никоҳи давлатӣ ҳатмист. Ҳатто пеш аз гузаштан аз ақди никоҳ онҳо аз муоинаи тиббӣ мегузаранд, чунки тибқи қисми 3, моддаи 15 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Агар яке аз издивоҷкунандагон аз дигаре ба бемории венерикӣ ва ё вируси норасоии масунияти одам ва бемории мухассали норасоии масуният мубтало будани худро пинҳон дорад, шахси дигар (охирин) метавонад ба суд муроҷиат карда, беэътибор донистани ақди никоҳро талаб намояд».
Тибқи моддаи 13 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон синни никоҳӣ барои зану мард аз 18-солагӣ муқаррар карда шудааст. Дар ҳолатҳои истисноӣ суд ҳақ дорад дар асоси хоҳиши шахсони издивоҷкунанда синни никоҳиро ба мӯҳлати на бештар аз як сол кам кунад.
Имрӯзҳо дар ҷомеаи шаҳрвандӣ аз оилаҳои солим дида оилаҳои носолим зиёд шуда истодаанд ва барҳам хӯрдани оилаҳои ҷавон яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба шумор меравад. Сабабҳои зиёд шудани бекор шудани ақди никоҳи оилаҳои ҷавон гуногун аст. Сатҳи пасти маълумоти ҷавонон, бахусус духтарон, яке аз омилҳои асосии барҳам хӯрдани оилаҳост. Аз мактаб дур мондани духтарон, барвақт – дар синни 18 – солагӣ (баъзан 17-солагӣ) ба шавҳар баромадани онҳо, надоштани ягон намуди маълумоти касбӣ, сатҳи пасти маърифати оиладорӣ, бо якдигар шинос набудани домоду арӯс, омилҳое мебошанд, ки ба барҳам хӯрдани оилаҳо сабаб мешаванд. Омили дигаре, ки имрӯз хеле маъмул гаштааст, бо маблағи шахсии худ хонадор шудани ҷавонон мебошад. Ҷавон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, бо маблағи бадастовардаи худ оила бунёд мекунад. Ҳолатҳое вомехӯранд, ки ҳатто домод арӯсро рӯзи тӯй мебинад. Баъд аз тӯй мешавад, ки арӯс ба домод писанд намеояд ва ё баракс, домод ба арӯс. Ҷавон тоқат мекунад, то як ё ду фарзанддор шуданашон, лекин азбаски байни онҳо муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ нест, оилаи онҳо барҳам мехӯрад ва ҷавон медонад, ки боз як сол дар муҳоҷирати меҳнатӣ мемонаду боз як зани дигар мегирад, лекин ҳоли духтари бечора ва фарзандони ӯ чӣ мешавад?!
Дар таҷрибаи хеш рӯ ба рӯ шудаем, бо ҳолатҳое, ки сабабгори вайрон шудани оилаҳои ҷавон хушдоманҳо низ мебошанд, лекин шоҳиди он ҳам шудаем, ки падар низ ба фарзанди худ мегуфт: «Бачам, инаш нашуд, як дигараш. Худам чор зан гирифтам, лаби дунё каҷ шуд?»
Бинобар ин бояд ҳар як фарди солимфикри ҷомеа, падару модар, бахусус модарон, пеш аз ҳама дар тақдири фарзандони худ бетараф набошанд, ба фарзандон тарбияи дуруст диҳанд. Кӯшиш кунанд, ки онҳо дар мактаб таълими дуруст гиранд. Ба духтарони худ ягон намуди касбу ҳунар, маърифати оиладорӣ, пухтани хӯрок, дӯхтани либос ва пеш аз ҳама, ҳурмату эҳтиромро омӯзанд, келину домоди хешро мисли фарзанди худ қабул кунанд, на мисли ғуломи зархарид.
Фариштамоҳ РАҲМАТУЛЛОЗОДА,
мудири бахши САҲШ-и ноҳия.