Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

«АМОНАТБОНК» БОНКИ МАРДУМИСТ

Сокинони кишварамон имрӯзҳо  ба «Амонатбонк» эътимоду боварии дучанд доранд, ҳамин аст, ки    сафи  муштариёни бонки мазкур сол аз сол меафзояд. Бояд хотиррас намоем, ки имрӯз ба сокинони кишвар 75 филиали  “Амонатбонк” ва 512 марказҳои хизматрасонӣ ва 214 нуқтаҳои интиқоли  маблағи он  пурсамар фаъолият дорад. Филиали рақами 16-и бонки мазкур, ки дар ноҳияи мо фаъолият  мекунад,  бо роҳбарии  сарвари он Саидакбар Ҳақназаров   таҳти шиори  «Хизмати аъло ба ҳар муштарӣ» кўшиши онро мекунанд, то ба боварии мардум сазовор бошанд. Суҳбати мо арафаи соли нав бо директори филиал Саидакбар Ҳақназаров     атрофи  кору дастовардҳои эшон тайи соли 2015 сурат гирифт:
Дар филиали  ноҳиявии «Амонатбонк» хизматрасонӣ аз рӯи ҳамаи намудҳо дар сатҳи баланд барои мизоҷон дастрас мебошад. Интиқоли маблағҳо, пардохти саривақтии нафақа ва қабули пасандозҳо, пешниҳоди қарзҳои дастрас ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ доимӣ пешкаши мизоҷон мегардад. Мо ба он мекўшем, ки  мардум аз хизмти кормандони мо  қаноатманд бошанд, ба хусус нафақахӯрон, ки шумораашон беш аз 6700 нафарро ташкил медиҳад, муштариёни ҳамешагии мо мебошанд. Барои сари вақт дар ҷойи истиқоматашон дастрас намудани нафақаи онҳо, кормандони бонк аз   терминалҳо истифода мебаранд, ки   ин  писанди нафақахӯрон мебошад.
Лозим ба ёддоварист, ки  сол аз сол  маблағҳои  пасандозӣ ва маблағҳои коммуналӣ  зиёд шуда истодааст. Ҳамчунин  мо барои  дастгирии бахшҳои  иқтисодиёти ноҳия,  ба хусус рушди соҳаи соҳаи кишоварзӣ  ва мусоидат ба  соҳибкории хурду миёна, ба хоҳишмадон  қарзҳо дастрас менамоем. Танҳо дар соли 2015 ба зиёда аз 500 нафар ба маблағи  беш аз 3 миллион сомонӣ  маблағҳои қарзӣ пешниҳод шудааст, ки  наздики 500 ҳазорашро қарзҳои имтиёзнок ташкил мекунад.
Ҳамчунин хизматрасонӣ  тавассути  кортҳои  бонкӣ  пурра дар «Амонатбонк» амалӣ шудааст. Айни ҳол   зиёда аз 9 ҳазор муштариёни бонк бо кортҳои  пластикӣ таъмин шудаанд.
Барои пешрафти кор албата  ташкили  шароити мусоиди корӣ  омили асосӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир мо барои  кору истироҳати кормандон айни ҳол шароити  зурурӣ муҳайё сохтем. Бинои иловагии шуъбаи хизматрасонии қарзӣ  сохта мавриди истифода қарор дорем, ки дар баланд бардоштани сифати кор  мусоидат намуд.
Дар соли нави 2016 ҳамдиёронамонро муборакбод намуда, рӯзгори хушу сарбаландиро  барояшон таманно дорам ва гуфтаниям, ки агар хизматрасониҳои бонкиро дар сатҳи баланд хоҳиш дошта бошед, пас ба «Амонатбонк» муроҷиат намоянд.


«НФ».