ИҶТИМОЪ
БЕТАРАФӢ ҶИНОЯТ НЕ, ХИЁНАТ АСТ,
- Подробности
-
29 Фев 2016
- Опубликовано 29.02.2016 15:26
гуфт зимни вохӯрии худ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо бо фаъолзанони ҷамоати деҳоти Ҷавонон
Ҳафтае пеш раиси тозатаини Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо ба ноҳияамон сафар доштанд. Зимни шинос шудан бо ҳаёту фаъолияти бонувони диёр ӯ дар толори ЛКТ-24 бо занону ҷавонон вохӯри гузаронид. Қосимзода И.Т. бо қаноатмандӣ изҳор намуд, ки барояш хушоянд аст дар ҳафтаҳои аввали кориаш ба диёри файзбахши Файзобод сафар намуда бо бонувони шарафманди он вохӯрӣ менамояд.
Дар рафти вохӯрӣ ӯ ба пешрафти кори занон, пешгирии зӯроварӣ, пешгирии занону духтарон дар роҳи ба давлати исломӣ пайвастан, пешгирии тӯъмаи террористон ва экстремистон нашудани онҳо таваҷҷуҳ намуд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд кард, ки рӯйдодҳои охири ҷаҳон яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳад, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатаре на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Аз ин рӯ ҳар яки моро мебояд, ки пеши роҳи ин зуҳуроти даҳшатноку нафратоваро бигирем, зеро бетарафӣ ҷиноят не, ин хиёнат ба худу миллат аст.
Қосимзода И. Т инчунин дар баромади худ ишора намуд, ки мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо тақозои рушди ҷомеа, анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда ба ҳифзи арзишҳои асилу фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандон равона гардида, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд пурзӯр менамоянд.
Баъди вохӯрӣ Қосимзода Идигул Тағо бо бонувоне, ки дар курси дӯзандагии ЛКТ – 24 касб меомӯзанд вохӯрӣ намуд. Воқеан маҳсули дастони ҳунарманди ин бонувон кайҳост, ки писанди мардум ва зеббахши чорабиниҳои фарҳангӣ гардидааст. Сарвари курс, бонуи ҳунарманд Ҳалима Шарифова аз И. Т. Қосимзода хоҳиш намуд, ки барои кушодани курсҳои дӯзандагӣ дар маҳалҳо, ташкили боғча барои фарзандони онҳо кӯмак намояд. Намоиши маҳсули дастони бонувони ҳунарманд ба ӯ хеле писанд омад ва сарвари занони ҷумҳурӣ бонувонро боварӣ бахшид, ки дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои онҳо албатта шароити хуби таҳсил ва истироҳатӣ фароҳам хоҳад овард.
М. ТАҒОЕВА. «НФ».