Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

МАҲФИЛИ ШЕЪРУ ТАРОНА

Маҳфили фарҳангие, ки ба пешвози 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рӯзи 4 январ дар филармонияи халқии ноҳия баргузор гардида, хеле серодам ва пуршукӯҳ гузашт, «Ману Усмон» ном дошт. «Ман»-и ин унвон ба исми Ҳабибуллои Мирзошариф вобаста буда, «Усмон» унвони шоири шинохтаи тоҷик Усмон Шарифзодаро ифода мекунад.
Маълум, ки имсол 25-умин солгарди соҳибдавлатии тоҷикон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин хотир мудири бахши фарҳанги ноҳия Ҳабибуллои Мирзошариф аз ашъори ватандӯстона ва лирикию иҷтимоии шоири шодравон Усмон Шарифзода барномаи аҷибе мураттаб намуд. Тайёрии пухта имкон дод, ки аз намоиши барнома тамошобинон изҳори қаноатмандӣ кунанд.
Ровии барнома актёри театри академикӣ драмаи ба номи Лоҳутӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қиёмиддин Чақалзода бо лутф баён кард, ки Ҳабибуллои Мирзошариф даҳ шеъри Усмон Шарифзодаро ба хотири гиромидошти 70-солагии шоир ба ришати оҳанг дароварда, дар 50-солагии худ рӯйи саҳна баровардааст. Ин хабари ровиро аҳли толор бо кафкӯбӣ пазироӣ карданд. Қ. Чақалзода Ҳабибуллои Мирзошарифро ҳамчун ҳунарманди асил, роҳбари оқил васф намуд. Воқеан, ӯ ҳам сароянда асту ҳам навозанда, ҳам драматург асту ҳам коргардон. Ва ҷолибтарин нақшҳоро ӯ дар спектаклҳо иҷро мекунад.
Раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода маҳфили оростаро рамзи эҳтироми эҷодкорони диёр, хусусан Усмон Шарифзода, эътироф намуда, ба ташкилкунандагонаш миннатдорӣ изҳор кард.
Ба маҳфили фарҳангии «Ману Усмон» аз пойтахти ватанамон шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ҳисор меҳмонон даъват шуда буданд. Иштироки доктори фанҳои педагогӣ, профессор Зиёзода Таваралӣ, Нозимпур олимони шинохтаи соҳаи адабиёт Боймурод Шарифов ва Ҷамолиддин Саидзода, Ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон Муҳаррама Шарифова, Шамсиддин Муҳиддин ва Фурқат Саид, шоир Султонмурод Одина нишони эҳтироми ашъори мутантани Усмон Шарифзода буд.
Шеърхонии фарзанди Усмон Шарифзода Саъодат Шарифзода, ки худ мутахассиси тиб аст, аҳли залро мутаассир гардонд.
Аз чеҳраи аҳли толор ва пазироии самимии ҳар як баромади Ҳабибуллои Мирзошариф аён буд, ки кулли ҳозирин аз ин маҳфил як ҷаҳон маънӣ бардоштанд.


М. ТАЛЪАТ.