ИҶТИМОЪ
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ АЗ МИНБАРИ СОЗМОНИ МИЛЛАЛИ МУТТАҲИД САДО ДОД
- Подробности
-
23 Окт 2015
- Опубликовано 23.10.2015 10:22
Шумораи навбатии рӯзномаи «Ҷумҳурият»- ро ба даст гирифтаму дар саҳифа аввали он чашмам ба маводи рӯзнома бо номи «Забони тоҷикӣ аз минбари Созмони Милали Мутаҳид садо медиҳад», ки бо расми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр шудааст, бурхӯрд. Баробари дидану хондани чунин навиштаҷот бешубҳа дили ҳар тоҷик аз фараҳ лабрез мегардад.
Дар дунё соҳибзабонон кам нестанд, вале хеле каманд забонҳое, ки аз чунин як минбари баланду байналмилалӣ садо диҳанд.
Ин навиштаҷот сарлавҳаи матни табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ буд, ки дар он омадааст: «Забони хушоҳангу зебо ва шевову шоиронаи тоҷикӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ неруи тоза гирифта, имрӯз аз минбари бонуфузтарин созмони дунё – Созмони Милали Мутаҳид садо медиҳад ва шуҳрати Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам афзун мегардонад».
Хушбахтона, имрӯз яке аз рукнҳои давлатдории тоҷикон – забони давлатӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Сарвари давлат қарор дошта, ҷиҳати рушди он ва поку беолоиш нигоҳ доштанаш аз ҷониби давлат ғамхориҳои рӯзафзун зоҳир карда мешавад. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012- 2016», «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ» (4 октябри соли 2012) ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба забони тоҷикӣ далели ҳамин ғамхориҳост.
Боиси зикр аст, ки дар ноҳия баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чораҳои амалӣ андешида мешаванд. Ба ин хотир дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Комиссияи татбиқи қонуни забон амал менамояд, ки ҷиҳати ба амал баровардани талаботҳои қонун, тарғибу ташвиқи забони давлатӣ, истифодаи он дар коргузорӣ ва дигар масоили вобаста ба забон тадбирҳо меандешад.
Ҳамасола, 5 – октябр «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳия чун дар тамоми кишвар ба таври васеъ ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои гуногун, ба мисол маҷлисҳои тантанавӣ, суҳбату вохӯриҳо ва мизҳои мудаввар доир карда мешавад. Дар ин ҳамоишҳо иштирокчиён бо ифтихор ва қаноатмандӣ дар хусуси забони модарии хеш суханронӣ мекунанд, шеъру қиссаҳо мехонанд ва дар рафти гап аз хусуси муваффақияту камбудиҳо дар боби татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»дар ноҳия, корхонаву муассисаҳо ҳарф мезананд.
Боиси ифтихор аст, ки баъди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани забони тоҷикӣ дар ноҳия нисбати рушду гиромидошти забони модаримон як қатор корҳо анҷом пазируфтанд. Аз ҷумла дар ин муддат номҳои арабиасос ё решаҳои туркидоштаи деҳаҳои ҳудуди ноҳия, аз қабили Ҷойникӯдӣ, Қарабулоқ, Лақаён, Гумбулоқ, Қулобод, Қасамдара, Сеқишлоқа, Қошқарӣ, Қаллошӣ, Субулоқ, Бунгакиён, Қашқараҳа ва амсоли инҳо дар асоси пешниҳоди сокинони маҳалҳо ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳия бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номҳои зебои тоҷикии Чилчашма, Бӯстон, Офтобрӯя, Меҳробод, Чорбоғ, Хуросон, Гулафшон, Себзор, Шифобахш, Баҳористон, Чашмасор, Дурахшон, Орифон иваз карда шуданд.
Имсол низ дар рӯзи таҷлили забони давлатӣ дар толори хурди Филармонияи ба номи Нигина Рауфова ба ифтихори ин иди муқаддаси миллиамон мизи мудаввар доир карда шуд, ки ба он роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, муаллимони забон ва адабиёти муассисаҳои таълимӣ даъват шуда буданд. Нишастро бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси ноҳия раиси Комиссияи татбиқи қонуни забони назди мақомоти иҷроия Раҷабзода Сайбиниссо оғоз бахшид. Хушу гуворо буд, ки дӯстдорону ифтихормандони ин забони шево муаллими муассисаи таълимии №47 Раҷабов Ҳабибулло, сармуҳаррири нашрияи «Набзи Файзобод» Низомиддини Шамсиён, шоир ва рӯзноманигор Ҷӯрабек Муъмин, муаллимони муассисаҳои таълимии № 4, 7 Ш. Ғаффоров, С. Абдуллоев ва дигарон баромад намуда, ҷиҳати минбаъд низ беҳтар намудани омӯзиши забони давлатӣ, дар замири ҷавонону наврасон тарбия намудани муҳаббат ба он, поку беолоиш нигоҳ доштани он пешниҳодҳои ҷолиб иброз намуданд.
Ногуфта намонад, ки, чи тавре иштирокдорони нишаст қайд намуданд, дар бобати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарғибу ташвиқи забон, истифодаи он дар коргузории ташкилоту муассисаҳо дар ноҳия камбудию норасоиҳо ҷой доранд. Ҳанӯз ҳам дар муошират бо забони модарӣ омехта намудани забонҳои дигар, ҳангоми суханрониҳо истифодаи забони лаҳҷаю гӯишҳои номувофиқ, ғалатҳои зиёд дар навиштаи номҳо, бо хатоҳои зиёд ҷой доштани шиору овезаҳо ба назар меарсад, ки нишони беэҳтиромӣ нисбат ба қонун, хусусан нисбат ба забони тоҷикист.
Он рӯз бисёр шигифтовар буд, ки дар ин нишаст роҳбарони аввали як қатор шуъбаву бахшҳо ва ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла шуъбаи маориф, раёсати кишоварзӣ, кумитаи идораи замин, бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, оид ба корҳои дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, меъморӣ ва сохтмони асосӣ, бо вуҷуди даъват шуданашон, иштирок надоштанд. Ин амали эшонро наметавон ба ҷуз беэътиноии онҳо нисбат ба забони модарӣ шарҳ дод.
Чи тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар табрикоти дар боло ёдрасшуда қайд намудаанд: «Ин арзиши миллиро нигаҳдорӣ кардан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номус ва ватандӯсту ватандори Тоҷикистони маҳбубамон мебошад…»
Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд, хусусан роҳбарони аввал, вазифадоранд, ки дар амалӣ намудани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», поку беолоиш нигоҳ доштани забони ширину фасеҳи модариамон саҳмгузор бошанд.
Сафарбег НУРЗОДА,
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи раиси ноҳия.