ИҶТИМОЪ
«ШАҲРОШЎБ» СОҲИБИ ДИПЛОМ ШУД
- Подробности
-
07 Сен 2015
- Опубликовано 07.09.2015 14:40
Театр-студияи «Шаҳрошӯб»-и назди филармонияи халқии ба номи Нигина Раупова дар фестивал–озмуни ҷумҳуриявии «Оши палов», ки рӯзи 22 август дар шаҳри Душанбе доир шуд, дар бахши ҳаҷвнигорӣ соҳиби дипломи фестивали мазкур ва мукофоти пулӣ шуданд. Саҳнаҳои ҳаҷвӣ дар иҷрои аъзоёни театри студияи мазкур Иброҳим Каримов ва Музаффар Малангов дар сатҳи баланд иҷро шуда, писанди ҳозирин гардид.
МАРДӢ НАБУВАД ФИТОДАРО ПОЙ ЗАДАН
- Подробности
-
20 Июль 2015
- Опубликовано 20.07.2015 16:25
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кӯру кар ар нукта наигирӣ, мардӣ.
Дар ҳошияи ин байти қофиласолори назми тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ ба хотири рӯзи маъюбон дар толори киною консерти Рӯдакии ноҳия оғоз гардид. Муовини раиси ноҳия Сайбинисо Раҷабзода зимни сухани ифтитоҳӣ маъюбони ҳузурдоштаро, хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки чорабинӣ ба хотири таҷлили рӯзи маъюбон ва табрики эшон, ҳамчунин ба хотири боз ҳам қавӣ гаштани робитаи мақомот ба ин қишри ниёзманди ҷомеа мебошад.
Бояд гуфт, ки дастгирӣ ва кӯмаки шахсони дорои имконияти маҳдуд аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ, на як бору ду бор, балки арафаи ҳамаи иду ҷашнҳои миллӣ мушоҳида мегардад.
ДИЛИ БУЗУРГИ МОДАР, КИ БАЪДИ МАРГИ СЕ ГУЛДУХТАРУ РАНҶУРИ БИСТАРИИ ДУ ШАҲПИСАРАШ ҚОМАТ НАШИКАСТААСТ
- Подробности
-
20 Июль 2015
- Опубликовано 20.07.2015 15:34
Апаи Раҷабгул аз мақсади омадани мо огаҳӣ ёфта аз сарнавишти талхи панҷ нафар фарзандонаш, ки бар асари касалӣ се нафари онҳо фавтидаанд, бо оби дида нақл мекард. Худованд ба ман панҷ писару панҷ духтари гулрӯро лоиқ донист. Ба фарзандони ман Худованд ҳусну ҷамол, ақли расоро арзонӣ туҳфа намудааст. Ҳамаи онҳо солим ба дунё омадаанд. Ин дарди бедармон намедонам аз куҷо, бо кадом сабаб ба онҳо ёр гардиду риштаи умри се нафар духтарони азизам - Холисаю Зулҳияю Моҳлиқобҷонамро ба коми худ кашид. Ҳар се нозанину ҳалиму меҳрубон буданд. Холисаҷонам дар синни 29-солагӣ баъди 17 соли беморӣ, Зулҳияҷон дар синни 27-солагӣ баъди 14 соли беморӣ ва Моҳлиқобҷон дар синни 6-солагӣ баъди 2 соли бемори бистарӣ буданашон вафот кардаанд. Имрӯз ду писари дигарам Аҳтамҷони 35-сола ва Зурабҷони 32-солаам мубталои ин касалӣ гардидаанд. Аҳтамҷон 17 сол, Зурабҷон 18 сол боз бемори бистарианд. Апаи Раҷабгул ашк дар чашмон “ана, хоҳарам, дили кӣ барои ин ду шаҳбачаи паризоди ман намесӯзад?” онҳоро шинос менамояд ба мо. Мехоҳам кӯру кар гардаму азоби ҳар лаҳзаи онҳоро набинаму нолишашонро нашунавам. Лек боз шукрона ба ҷони фарзандонам менамоям. Аз обилаю кабудиҳои дасту пойҳои варамкардаи модар пайдо буд, ки ӯ сари болини фарзандон ҳамроҳи ҳамсари азизаш акаи Муқим шабзиндадорӣ мекашад. Гуфтанд, ки манзили истиқоматиамонро иваз намоем, шояд фарзандонамон шифо ёбанд. Лек сад афсӯс, ки ивази хона низ ба дарди фарзандони мо даво нагардид. Худованд чунин рӯзи сахте, ки ба сари ману ҳамсарам омадааст, ба сари ҳеҷ як падару модари фарзанддор наояд. Аз ҳеҷ кас гила надорем. Шукр мекунам, ки дар дунё ғайр аз одамоне, ки савори аспи ғуруру нописандианд, одамони раҳмдилу дастгири оилаҳои чун мо аламзада ҳастанд. Хоҳари Сайбӣ (манзур ҷонишини раиси ноҳия Раҷабзода Сайбинисо) солҳои раиси ҷамот буданаш тез-тез аз ҳолу аҳволамон хабардорӣ мекард. Духтари ғурамаргам Зулҳия, ки аз таъсири дарди беамон ҳамеша дар печутоб буд, бо дидани ӯ гӯё оромиш меёфт. Ба ӯ чун модар нозҳои фарзандона мекард.
Бо Аҳтамҷону Зурабшоҳ, ки яке аз дигаре ситорагарму хушсухан буданд, дар алоҳидагӣ суҳбати ширине доштем. Аҳтамҷон мактаби миёнаи рақами 22-и деҳаи Муллотуғмаро соли 1997 хатм карда, нияти ба ДДМТ дохил шуданро дошт. Дарди беамон нагузошт, ки ӯ мисли дигар ҳамсинфонаш шаҳди орзую ҳавасҳои ҷавониро чашад. Аз зурии дард аз пойи равон монд. Аз фарзандони инсони шариф Ҳакимов Дӯстмурод изҳори миннатдорӣ менамояд. Акаи Меъроҷиддин тез-тез моро хабаргирӣ меояд. Бо кӯмаки ӯ чанд маротиба табобат гирифтам. Сироҷиддини бачаи акаи Акбар як аробачаи худрав ҳадяам намуд, ки то нафас боқист аз ӯ миннатдорам. Имрӯз ягона таскинбахши қалбу давои дардамро дар мутолиаи Қуръони шариф медонам. Ояҳои ин Каломи шарифро хонда муъҷизаеро интизорам, ки Худованд ба мани ранҷур шифое шояд рӯзе ато мефармояд. Ба наздикӣ мардеро дар хоб дидам, ки чеҳраи гарму нуронӣ дошт. Ӯ маро аёдат омаду сару рӯямро сила намуд. Дуо дода гуфт, ки албатта шифо меёбам. Ҳафтае баъд раиси нави ноҳия Раҷабзода Миралӣ ҳамроҳи Раҷабзода Сайбинисо омада буданд. Раисро дидаму он чеҳра ба ёдам омад. Ба номи Худованд ба ҳамон чеҳрае, ки дар хоб дидаю гуфтугӯ карда будам монанд буд. Раис ваъда доданд, ки барои ману бародарам шароити дурусти манзил муҳайё месозанд. Дасти дуои сидқидилонаи ману бародари ранҷурамро нисбати чунин инсонҳои ғамхор Худованд қабул фармояд.
Зурабшоҳи 32-сола нисбати бародараш аз ранҷи беморӣ хеле харобу чеҳрааш заъфаронӣ гардидааст. Асабҳояш хароб шудаю бо ҳаяҷон сухан мегӯяд.
“Худо хоҳад додари мо сиҳат шуда дар хонаи нав тӯйи домодӣ меороему мо, апаҳо ҳама ҷамъ меоем” дигар сухане барои таскини тани ранҷури ӯ наёфта рӯҳбаланд карданаш хостам.
... Қалам дар даст ба андеша меравам. Месазад сари таъзим фурӯд овард пеши модаре, ки вазнинии ҳаёт, марги фарзандону ранҷурии онҳоро дидаю қомат нашикастааст. Ин модари соҳиби дили бузург шукрона ба ҷони панҷ нафар фарзандони солиму ду шоҳписари ранҷури худро, ки ҳанӯз умед аз зиндагӣ карданро доранд, мекунад. Шукрона мекунад, ки дар зиндагӣ онҳоро одамони хайрхоҳу накӯкор дастгирию болидарӯҳ мегардонанд.
Воқеан, муҳимтарин аркони оини ҷавонмардӣ – саховат ва шуҷоат аст: “Ҷавонмардӣ дарахтест аз чамани ҷаннат раста ва саховат ниҳолест аз ҷӯйбори Кавсар нашъунамо ёфта...”
Ҳиммат баланд дор, ки назди Худову халқ,
Бошад ба қадри ҳиммати ту эътибори ту.
Умед дорем, ки ҷавонмардони саховатманди диёр Аҳтамҷону Зурабшоҳро зери болҳои хайрпешагии худ мегиранд.
М.ТАҒОЕВА,
хабарнигори “Набзи Файзобод”.
Аз идора: Вақте ки мавод омодаи чоп буд, ба мо хабар расид, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсан раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ва саховатмандони диёр таҳкурсии хонаи онҳо гузошта шуд.
ОБ ҲАЁТ АСТ, ҲАЁТ!
- Подробности
-
20 Июль 2015
- Опубликовано 20.07.2015 16:23
Мақолаи хабарнигорони “Набзи Файзобод” Ҷӯрабек Мӯъмин, Тиллои Соҳибназар “Ҳафт чашма куҷо равон аст?” (27 июни соли 2015, № 23)-ро бо ҳиссиёти баланд таҳлил карда, ҳамчун мутахассиси соҳаи солимии ҷомеа, ба хулоса омадам, ки дар ноҳияи Файзобод сидқан дилсӯзони халқ, ободкорону созандагон ҳастанд. Масъалаи дарҷшуда дарди имрӯзу имсол нест, дарди куҳна асту аз соли 2004 идома мегирад. Бинед, чӣ қадар касон дар ин давра сардорони ташкилоту муассисаҳои мутасаддӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот шоҳиди чунин камбудии ҷиддӣ ҳастанд. Дидаю дониста чашм пӯшида ба сокинони шаҳрак раҳм накардаанд. Мутаассифона, ин қабил одамон ҳоло ҳам сари вазифаанд.
ИҶРОИ БАРНОМАИ РУШДИ ФАРҲАНГ МУҲОКИМА ШУД
- Подробности
-
20 Июль 2015
- Опубликовано 20.07.2015 15:23
Рӯзи 6 июли соли равон маҷлиси назоратии раиси ноҳия бо иштироки роҳбарону масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо баргузор шуд.
Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ҳозиринро бо масъалаҳои дар маҷлис муҳокимашаванда ошно сохт.
Мудири бахши фарҳанги ноҳия Ҳ. Мирзошариф оиди рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007таҳти рақами 85 ва қарори раиси ноҳия аз 27 апрели соли 2007 «Дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007 - 2015» гузориш дод.
ПАРВАРИШГОҲИ «БАҲРИ НОРАК». ҲАДАФҲО ВА МАҚСАДҲОИ АСОСИИ ТАЪСИСИ ОН
- Подробности
-
20 Июль 2015
- Опубликовано 20.07.2015 16:17
«Сари таъзим ба табиати бою ғании кишварамон, ки дар лаҳзаҳои душвори бӯҳрони иқтисодӣ ва сиёсие, ки ба дӯши халқамон омад, имкони паси сар кардани онро таъмин намуд».
Эмомалӣ Раҳмон.
Парваришгоҳ гуфта мавзеъҳои гуногун, ҳаҷми табииеро меноманд, ки дар онҳо намудҳои алоҳидаи набототу ҳайвонот парвариш меёбанд.
Муассисаи давлатии парваришгоҳи «Баҳри Норак» дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012 таҳти № 631 «Дар бораи гирифтан ва ба парваришгоҳи «Баҳри Норак» додани қитъаҳои замин» таъсис дода шудааст. Баъдан Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2013 № 338 «Дар бораи таъсис додани муассисаи давлатии парваришгоҳи «Баҳри Норак» ба тасвиб расид. Тибқи ин қарорҳо муассисаи мазкур ба ихтиёри Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Сипас бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2014 № 132 парваришгоҳи «Баҳри Норак» ба ихтиёри Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Муассиса дорои 30763,38 гектар замин буда аз ин ҳисоб 7294,26 гектарашро обанбори Норак ташкил медиҳад.
ВАҲДАТ-ПАДИДАИ НОДИР
- Подробности
-
01 Июль 2015
- Опубликовано 01.07.2015 13:56
Оре, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки сулҳу субот, ваҳдати миллиро миёни тоҷикон тавлид сохт, барои мо, сокинони ин марзу бум дар ҳамон рӯзҳои таърихии соли 1997 ва имрӯз ҳам падидаи нодир маҳсуб меёбад. Таърих гувоҳ аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар раванди ин садсолаҳо борҳо ба муқовимату задухӯрдҳои аҷнабиён рӯ ба рӯ омадаву моро ба парешӣ ниҳод, аммо ҳамчун миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ аз байн нарафт.
МУРОҶИАТНОМАИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД БА РАЙЁСАТИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
- Подробности
-
20 Июль 2015
- Опубликовано 20.07.2015 16:11
Тоҷикистони соҳибистиқлол рўз аз рўз шукуфону ободтару зеботар гардида, барои тоҷикистониён, инчунин барои тоҷикони тамоми олам мояи ифтихору сарбаландӣ гаштааст. Пойдории сулҳу Ваҳдат дар мамлакат, тинҷию оромӣ моро ба он дилпур месозанд, ки кишвари биҳиштосои мо дар муддати начандон тўлонӣ ба қатори кишварҳои пешрафтаи олам ворид хоҳад гашт. Барои ин ҳамаи тоҷику тоҷикистониёнро зарур аст, ки аз як гиребон сар бароварда, зери Парчами Тоҷикистон баҳри ба ҳадафҳои олие, ки аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлатамон бармеояд, садоқатмандона меҳнат намоем.
...КИ БЕ ТАЛХӢ НАБОШАД АЙШИ ШИРИН
- Подробности
-
23 Июнь 2015
- Опубликовано 23.06.2015 11:41
Инак, моҳи шарифи Рамазон фаро расид, ки он мояи ифтихори мо мусулмонон ва моҳи хайру баракат ва нузули раҳмат аст. Аз ин хотир бо самимияти хос ҳамдиёрони азизро муборакбод мегӯям.
Боварӣ дорам, ки бо баракати ин моҳи муборак, ки моҳи хушнудии Парвардигор аст, Худованд зиндагии мардумро мисли ҳамеша файзбору пурбаракат бигардонад ва дар оянда низ файзу баракаташро арзонӣ медорад.
Моҳи шарифи Рамазон саршор аз ҳикматҳои зиёдест, ки бо воситаи гирифтани рӯза сабру таҳаммули муъминон ва пок кардани зоҳиру ботини онон мавриди санҷиш қарор мегирад.