ИҶТИМОЪ
ОБ ҲАЁТ АСТ, ҲАЁТ!
- Подробности
-
20 Июль 2015
- Опубликовано 20.07.2015 16:23
Мақолаи хабарнигорони “Набзи Файзобод” Ҷӯрабек Мӯъмин, Тиллои Соҳибназар “Ҳафт чашма куҷо равон аст?” (27 июни соли 2015, № 23)-ро бо ҳиссиёти баланд таҳлил карда, ҳамчун мутахассиси соҳаи солимии ҷомеа, ба хулоса омадам, ки дар ноҳияи Файзобод сидқан дилсӯзони халқ, ободкорону созандагон ҳастанд. Масъалаи дарҷшуда дарди имрӯзу имсол нест, дарди куҳна асту аз соли 2004 идома мегирад. Бинед, чӣ қадар касон дар ин давра сардорони ташкилоту муассисаҳои мутасаддӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот шоҳиди чунин камбудии ҷиддӣ ҳастанд. Дидаю дониста чашм пӯшида ба сокинони шаҳрак раҳм накардаанд. Мутаассифона, ин қабил одамон ҳоло ҳам сари вазифаанд.
Беҳад хурсанд шудам, вақте фаҳмидам, ки раиси тозаинтихоби ноҳия муҳтарам Раҷабзода Миралӣ ба масъалаи нарасидани оби нӯшиданӣ дар шаҳрак таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.
Дар дастгирии мақолаи “Набзи Файзобод” танҳо ба ҷиҳати экологии он андешаҳои худро гуфтаниям.
Мардуми шаҳраки Файзобод ва ҷамоати Меҳробод обро аз ҳудуди шаҳри Ваҳдат истифода мекунанд. Мавзеъҳои Дараи Токо ва Ҳафтчашма то ҳол ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи соҳиби обро надоранд. Дар ҳолати заҳролуд гардидани ин чашмаҳо пеш аз ҳама соҳибони мавзеи ҷойгиршавӣ ҷавоб мегӯянд. Яъне ҷониби шаҳри Ваҳдат. Гап сари он аст, ки Ҳафтчашма ва Дараи Токо то ҳол ба қайди ноҳияи Файзобод дохил нест. Оид ба масъалаи мазкур шахсан ман ҳамчун мутахассиси эпидимолог ва эколог ду маротиба бо мактуб ба собиқ раиси ноҳия Ҳакимов А. А ва дигар бор ба Каримиёни Имомназар муроҷиат кардам. Лекин гапи мо дар ҳаво рафт.
Дар Ҳафтчашма, Дараи Токо минтақаҳои санитарӣ вуҷуд надоранд. Чӣ тавре рӯзноманигорон қайд карданд, сарчашмаҳо ба чарогоҳ мубадал гаштаанд. Як андеша кунед, аксари аҳолии шаҳрак чорво надорад, мисоли мушаххас, сокинони биноҳои чандқабата. Вале ба бемории буғумдард, лептоспироз гирифтор мешаванд, ки сабабаш оби нӯшиданӣ мебошад. Бинед, ки ба Исфандиёр Сафаров ном сокини ҷамоати Ҷавонон иҷозат додаанд, ки барои об додани боғи навбунёд ва полезиҳояш, ки ба номи ҷамъияти нобиноён сабт шудааст, аз дохили обанбор ба воситаи насос об гирад. Ба гуфти корманди озмоишгоҳи обанбор Руқия Маҳмадиева ӯ ҳар замони баъди об гирифтан обкашро ба хонааш мебурдааст. Раваду об заҳролуд шавад, вой бар ҳоли 10 ҳазор аҳолии шаҳрак! Ба ёд биёред, ҳодисаи чанд сол пеш дар ҷамоати Меҳробод рӯйдодаро. Он вақт садҳо нафар гирифтори бемории лептоспироз гардиданд.
Муаллифони “Бонги изтироб аз норасоии об” таҳқиқ кардаанд, ки дар се деҳа – Дубеда, Муллотуғма ва Ғуломдавлат зиёда аз ҳазор кас аз оби “Ҳафтчашма” истеъмол мекунанд. Аҳолии ин деҳаҳо обро на аз зарфи захиравӣ, чи тавре қонуни санитарӣ талаб мекунад, балки аз хати равон мегиранд. Аз рӯи қоида об бояд аввал ба обанбор ворид гардаду баъди омехтани хлор барои истифода пешкаш карда шавад.
Чизи дигар. Аҳолии шаҳрак аз беобӣ азоб мекашаду вазифадорон ба нуқтаҳои мошиншӯйи иҷозат додаанд, ки аз “Ҳафтчашма” истифода баранд. Ҳол он ки калонтарин муассисаҳои таълимии ноҳия – мактаби №1 ва мактаби рақами 35 бо оби нӯшиданӣ пурра таъмин нестанд.
Об сарчашмаи ҳаёт аст бе об зиндагии инсон пеш намеравад. Бесабаб нест, ки давлати Тоҷикистон ба об ҳамчун солимӣ ва асоси рушди ҷомеа аҳамияти калон зоҳир менамояд. Аз ин рӯ, обро муқаддас дониста, нагузорем, ки он ифлос шаваду боиси хатари ҷомеа гардад.
А. ЗАРДОВ,
эпидемиологи дараҷаи олӣ, мухбири ҷамоатии “Набзи Файзобод”.