Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ИҶРОИ БАРНОМАИ РУШДИ ФАРҲАНГ МУҲОКИМА ШУД

Рӯзи 6 июли соли равон   маҷлиси назоратии раиси ноҳия  бо иштироки роҳбарону масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо    баргузор шуд.
 Раиси ноҳия  Раҷабзода Миралӣ ҳозиринро бо масъалаҳои дар маҷлис  муҳокимашаванда ошно сохт.  
Мудири бахши фарҳанги ноҳия  Ҳ. Мирзошариф оиди   рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  3 марти соли 2007таҳти рақами  85 ва қарори раиси ноҳия аз 27 апрели соли  2007  «Дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007 - 2015» гузориш дод.
Маълум гардид, ки ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур тӯли ин солҳо дар бахши фарҳанг бо ғамхориҳои пайвастаи мақомоти иҷроияи ноҳия  корҳои зиёде ба анҷом  расонида шудааст.
Иштироки санъаткорони ноҳия дар озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявӣ  ва ба ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гаштани онҳо, таъсиси ансамблҳои мақомсароён, карнайнавозон, фалак, театр-студияи ҳаҷвии «Шаҳрошӯб», филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфова, таъсиси 25 воҳиди нави корӣ, бо  асбобҳои мусиқӣ ва сару либос таъмин намудани ансамблҳо, таъмири  хонаҳои фарҳанги деҳаҳои Мискинобод, Бобоивалӣ, Файзобод ва қисман Меҳробод, ба тавозуни фарҳанг даровардани  мактаби санъати ба номи Дӯстмурод Алиев, хонаҳои фарҳанги  деҳаи Бобои валӣ, Файзобод, китобхонаҳои деҳаҳои Сари чинор, Кабкрез, мавриди истифода қарор гирифтани  осорхонаи нави замонавӣ аз зумраи корҳои ба иҷро расида дар доираи барномаи мазкур мебошад.   Бо таъмир гаштани хонаҳои фарҳанг чорабиниҳои фарҳангӣ дар деҳот зиёд гашта сатҳу сифати барномаҳо  хубтару беҳтар шудааст. Аммо айни ҳол нарасидани  асбобҳои мусиқӣ ва тақвияти овоз дар 4 хонаҳои фарҳанг, ки боиси пешрафти кори эҷодкорон мегардад, ба чашм мерасад.
 Ҳ. Мирзошарифов дар бораи фаъолияти китобхонаҳо ҳарф зада, дастгирии сокинони деҳаҳои  Яккабеди ҷамоати деҳоти Меҳробод ва Кабкрези ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев, ки бо тариқи ҳашар  сохтмони китобхонаҳо ро ба зимма гирифтаанд, ёдовар шуд. Ташаббуси мазкур дар  деҳаҳои Қошқарӣ, Бунгакиён ва Сари сафедхок низ аз ҷониби сокинони онҳо дар назар аст.    Дар деҳаҳои Дубеда, Элок ва Фатҳобод бошад айни ҳол бо  ин  мақсад замин ҷудо нашудааст. Ҳамчунин номбурда аз камии адабиёт  бо забони тоҷикӣ ва бозомӯзии китобдорҳо дар муассисаҳои касбии соҳа  ҳарф зад.
 Ба мактаби санъат табдил додани мактаби мусиқии  ноҳия ба номи Дӯстмурод Алиев низ яке аз дастоварҳои барномаи мазкур номбар шуд. Айни ҳол  дар мактаби мазкур 230 нафар дилбохтагони ҳунар дар шуъбаҳои созҳои миллӣ, драммавӣ, рақс ва санъати тасвирӣ  сабац мегиранд.   
Осорхонаи ноҳиявӣ соли 2011 бо иштироки бевоситаи Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҳои худро ба тамошобинон боз намуда, дорои қариб 1000 нигора мебошад. Ҳ. Мирзошарифов аз фаъолони ноҳия ҷиҳати ба осорхона супоридани ҳамагуна нигораҳо дархост намуд. Ҳамчунин ӯ ёдрас шуд, ки соли 2016 дар мавзӯи «Вашгирд шаҳри ҳунармандон, орифон ва косибон» баргузории конфронси байналмилалӣ   дар назар дошта шудааст ва  аз ин хотир ба он ҳаматарафа омода бояд шуд.
 Зеро дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо сокинони ноҳия 10 апрели соли 2014 омадааст, ки: «Дар қаламрави ноҳия шаҳри бостонии Вашгирд, ки таърихи беш аз 3000 сола дорад, мавҷуд буда, то ҳоло дар сатҳи зарурӣ омӯхта нашудааст. Ободсозии мақбара ва омӯзиши амиқи шаҳри кӯҳани Вашгирд боз як саҳифаи таърихи ватанамонро равшан намуда, метавонад ба мавзеи ҷолиби сайёҳон ва ҳаводорони таърих табдил ёбад».
Ин таъкиди сарвари давлат бори дигар моро водор месозад, ки  ба нигоҳдорию ҳифзи ёдгориҳои таърихии ноҳия ҳамаҷониба таваҷҷуҳ дошта бошем, ёдовар шуд дар фарҷоми сухани худ Ҳ. Мирзошарифов.
Раиси ноҳия  Раҷабзода М. ба иҷрои барномаи мазкур, ки бо  кӯшиши бевоситаи кормандони бахши фарҳанг амалӣ шудааст, изҳори қаноатмандӣ намуда  таассуф аз он кард, ки  дар иҷрои  барнома маблағгузорӣ аз ҳисоби Вазорати фарҳанг ба чашм  намерасад.
Сипас, Раҷабзода М. таваҷҷуҳи роҳбаронро ба иҷрои саривақтии ҷамъоварии андоз, анҷоми корҳои кишоварзӣ ва пеш аз ҳама корҳои ободонӣ ҷалб кард. Барои ҳалли мушкилоти мавҷуда масъулонро дастуру супоришҳо дод.

«НФ».