ИҶТИМОЪ
МУРОҶИАТНОМАИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД БА РАЙЁСАТИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
- Подробности
-
20 Июль 2015
- Опубликовано 20.07.2015 16:11
Тоҷикистони соҳибистиқлол рўз аз рўз шукуфону ободтару зеботар гардида, барои тоҷикистониён, инчунин барои тоҷикони тамоми олам мояи ифтихору сарбаландӣ гаштааст. Пойдории сулҳу Ваҳдат дар мамлакат, тинҷию оромӣ моро ба он дилпур месозанд, ки кишвари биҳиштосои мо дар муддати начандон тўлонӣ ба қатори кишварҳои пешрафтаи олам ворид хоҳад гашт. Барои ин ҳамаи тоҷику тоҷикистониёнро зарур аст, ки аз як гиребон сар бароварда, зери Парчами Тоҷикистон баҳри ба ҳадафҳои олие, ки аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлатамон бармеояд, садоқатмандона меҳнат намоем.
Имрўз дар замони ҷаҳонишавии босуръат қувваҳое низ амал менамоянд, ки ба ваҳдату ягонагии миллат халал ворид намуда, фарзандони як оила, сокинони як маҳалро ба ҳизбу гурӯҳҳои гуногун талқин менамоянд ва дар ниҳояти кор монеи пешрафту суботу оромӣ мегарданд.
Барои ҳеҷ кас пӯшида нест, ки 99 дарсади сокинони ҷумҳурӣ мусулмонанд ва аксарияти кулл шомили як мазҳаб-мазҳаби ҳанафӣ буда, миёни ҳам ихтилофе надоранд. Аз гузаштагон дар давоми беш аз 1100 сол медонем, ки дар ислом ягон ҳизбе вуҷуд надошт ва мусалмононро мутаҳид намекард. Мутаассифона, солҳои охир Ҳизби наҳзати ислом дар ҷумҳурӣ миёни мусулмонон як навъ ҷудоиандозиро ба амал оварда пайравони як дину як мазҳабро ба гурӯҳҳо тақсим намуда, боиси нигаронии тамоми мусулмонони кишвар гардидааст. Суханони нафароне аз Ҳизби исломи Тоҷикистон, ки гўё касе аъзои ин ҳиз набошад, мусулмон нест - наметавонад кулли мусулмононро нороҳату ошуфта созад. Аз ин рў вақти он расидааст ва зарур аст, ки ба ҳар гуна иғвоангезию тафриқаандозӣ хотима бахшида ҳама яктану якҷон хизмати ин Ватану ин миллатро намуда дар гулгулшукуфии диёрамон саҳми муносиби худро гузорем. Мо мусулмонон набояд исломи покро, ки таи таърихи дуру дароз моро муттаҳид намуда ба некию накўкорӣ, таҳамулу бурдборӣ, инсонпарварию адлу инсоф даъват менамояд, арзишҳои неку поки онро олуда созем.
Мо сокинони ноҳияи Файзобод, вақтҳои охир мебинем, ки мардуми ноҳия ва ҷумҳурӣ аз амалу рафтори сарварони ин ҳизб норозигӣ изҳор намуда фаъолияти онро маҳкум менамоянд.
Ҳизби наҳзати ислом дар солҳои мавҷудияти худ дар ҷумҳурӣ ягон амали неке, ки боиси пешравӣ ва шукуфоии кишвар гардида бошад, содир накардааст. Баръакс он боиси ба гурӯҳу табақаҳо тақсим намудани намояндагони як дину мазҳаб гардида, роҳбарони ҳизб ҳамеша ба бечоранолию паст задании обрўву эътибори давлату миллат машғуланд. Бояд аъзоёни Ҳизби наҳзати ислом, хусусан роҳбарони он фаромўш насозанд, ки нафароне, ки аъзои ин ҳизб нестанд, мусулмонанд ва ҳаргиз ба ҳизби диние ниёз надоранд ва исломи покро ҳамеша риояву ҳимоя менамоянд. Биёед бубинем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои равнақи дини мубини ислом ва адои фаризаҳои динӣ чи қадар кўшишҳо ба харҷ дода мешавад ва ҳамаи ин аз тарафи давлат роҳандозӣ мегардад, на аз тарафи Ҳизби наҳзати ислом. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз ҷониби мусулмонон адо намудани фаризаҳои динӣ тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам овардаанд ва дар кишвар амал намудани беш аз чор ҳазор масҷид, Донишгоҳи исломӣ, маркази исломӣ, ҳамасола аз ҷониби беш аз панҷ ҳазор шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҷо оварда шудани маросими ҳаҷи фарзӣ, бо забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр гардидани китоби муқаддаси «Қуръон», дар фазои орому осуда озодона таҷлил намудани идҳои мазҳабӣ чун иди саиди Фитр ва иди Қурбон далели равшани ин гуфтаҳоянд.
Имрўз дар партави созандагию ободкориҳои Сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мо сокинони ноҳияи Файзобод чун дигар мардуми кишвар, равшан дарк намудаем, ки фаъолияти тахрибкоронаи ин ҳизб боиси норозигию эътирози аҳли ҷомеа гардидааст. Натиҷаи ҳамин гуна амалҳои носавобу норавои ин ҳизб ва роҳбарияти он, манфиатҳои шахсиву гурӯҳиро аз манфиатҳои милливу ҷамъиятӣ боло гузоштани он сокинони кишварро дилсарду нороҳат намуда, эътибори ҳизбро аз миён бурдааст. Мусулмонони ҷумҳурӣ ҳеҷ гоҳ наметавонанд бо он созиш намоянд, ки як гурӯҳи манфиатҷӯву ҷудоиандоз ба шаъну эътибори дини мубини Ислом, ки мақсади асосии он ободию созандагӣ, баробарию адолат, тарбияи инсони комил ва зиндагии поку гуворо аст, иснод оварда аз номи он ҳадафҳои нопоки худро роҳандозӣ намоянд.
Хусусан мо сокинони ноҳияи Файзобод, ки раиси ҳизби номбурда Муҳиддин Кабирӣ зодаи ин диёр аст, боре амали неки ин ҳизб ва роҳбарони онро надидаем ва эҳсос накардаем.
Интихоботи парлумонии моҳи марти соли равон баргузоргардида возеҳу равшан нишон дод, ки Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон миёни сокинони мамлакат, аз ҷумла ноҳияи мо ягон эътибору манзалатеро доро нест ва 99 фисади интихобкунандагон ин ҳизбро дастгирӣ намекунанд.
Хусусан амалҳои носавобу манфиатҷўёнаи роҳбарони ин ҳизб баъди бохти интихоботӣ, ки ифодаи иродаи шаҳрвандони кишвар аст, моро бетараф гузошта наметавонад. Мо фикр мекунем, ки ҳар фарди ватандўсту бо нангу номўс имрўз нодида гарифта наметавонад, ки дар шароите, ки душманони дини мубини ислом дар олам ба нест кардани мусулмонон бо дасти худи мусулмонон машғуланд, ҳимояи Ватан, дину оин аз вазифаҳои муқаддасу қарзи фарзандиву имонии ҳар як фард аст.
Аз ин рў мо бо ифодаи қарзи фарзандиву имонии худ ба Раёсати ҳизби мазкур муроҷиат намуда, талаб менамоем, ки ба хотири рушди минбаъдаи кишвар, муттаҳидии сокинони он, ояндаи дурахшони фарзандонамон ва поку беолоиш нигоҳ доштани дини мубини ислом фаъолияти Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон қатъ карда шавад.