ПЕШВОИ МАН
Туро, эй Пешвои Тоҷикистон, дӯст медорам,
Туро, эй мунису ғамхори моён, дӯст медорам.
Туро, эй пуштибону раҳнамои беҳтарини халқ,
Мисоли модари ҷон, модари ҷон, дӯст медорам.
Ту давлатро раҳонидӣ ба азмат аз парешонӣ
Ту ин миллат ба ҷони реш сари як хон бигзоштӣ.
Ту он будӣ, ки вақти ҷанг натарсидӣ зи танҳоӣ,
Ба ҳарҷо сулҳ мегуфтӣ, нагуфтӣ моли дунёӣ.
Ту он астӣ, ки имрӯзам ба ҳифзи ин ватан ҳастӣ,
Ғарибонро ватан додӣ, рақибонро ту бишкастӣ,
Барои ҳифзи ин миллат ҳарифонро ҳадаф гуфтӣ,
Барои сулҳу ҳам ваҳдат ҳазорон бор авф гуфтӣ.
Вале, афсӯс, ҳоло ҳам рақибу хоинон ҳастанд,
Палиду баргумон буданд, ҳоло ҳамчунон пастанд.
Ҳанӯзам ҷанг мехоҳанд, агарчӣ дар ғарибиянд,
Ҳанӯзам зархариданду ғуломи хоҷагон астанд.
Кунун танҳо найӣ дигар, туро миллат бувад дар бар,
Кунун ту аз ману мо ҳастиву Пешвою ҳам Сарвар.
Ҳама олам туро хоҳад, зи дарсат ибрат омӯзад,
Зи ту оби мусаффо хоҳаду болотар аз гавҳар.
Зиҳӣ ту, эй азизи дил, зиҳӣ эй Пешвои мо,
Зиҳӣ, эй сарвари оқилу доно, раҳнамои мо.
Ҳазорон офарин он модареро, ки туро зодаст,
Ба ту ақли расою бар сари ту тоҷ бинҳодааст.
ҒИЁСОВ ДИЛОВАРШО САМАДОВИЧ,
соҳибкор, сокини д. Қалъаи дашт.