Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

МАРДӢ НАБУВАД ФИТОДАРО ПОЙ ЗАДАН

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кӯру кар ар нукта наигирӣ, мардӣ.

Дар ҳошияи ин байти қофиласолори назми тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ ба хотири рӯзи маъюбон дар толори киною консерти Рӯдакии ноҳия оғоз гардид. Муовини раиси ноҳия Сайбинисо Раҷабзода зимни сухани ифтитоҳӣ маъюбони ҳузурдоштаро, хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки чорабинӣ   ба хотири таҷлили рӯзи маъюбон ва табрики эшон, ҳамчунин ба хотири боз ҳам қавӣ гаштани робитаи мақомот ба ин қишри ниёзманди ҷомеа мебошад.
 Бояд гуфт, ки дастгирӣ ва кӯмаки шахсони дорои имконияти маҳдуд аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ, на як бору ду бор, балки арафаи ҳамаи иду ҷашнҳои миллӣ мушоҳида мегардад.
Мо ба он хотир барномаи фарҳангии имрӯзаро омода намудем, ки лаҳзае ҳам бошад, шумо истироҳати бофароғат дошта бошед. Ва ҳеҷ вақт эҳсоси танҳоӣ накунед, зеро давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамеша дар фикри шумо ва бо шумост, изҳор кард С. Раҷабзода.
Маъюби  гурӯҳи якум Фатҳуллои Нурулло, ҳамзамон роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Тавоно» аз деҳаи Ҷонварсӯзи ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев, дар баромади худ қайд кард, ки омода намудани чунин чорабинӣ  бори дигар нишон медиҳад, ки ҳеҷ гоҳ мо аз назари давлату ҳукумат дур нахоҳем монд. Роҳбарияти ноҳия ҳамеша барои беҳбуд бахшидани ин азизон, ки осебпазиртарин қишри ҷомеа ба ҳисоб мераванд, талош мекунад. Ҳамчунин ӯ иброз намуд, ки  маъюбӣ нотавонӣ, корношоямӣ ва ноуҳдабароӣ набуда, танҳо маҳдудият аст, ки метавонад сари роҳи ҳар касе бошад. Бисёр касонеро медонем, ки ҳеҷ ноуқисии ҷисмоние надоранд, вале ба монеаҳое бархӯрд ҳастанд, ки  боиси заифии онҳост ва касонеро ҳам медонем, ки бо вуҷуди маъюбият ба қуллаҳои муваффақият расидаанд.
Икромиддин Ёров, ки маъюбии дараҷаи аввал дорад, истиқлолияту сулҳу суботи кишвар ва умуман зиндагии ҳамарӯзаи моро бо чашми дил мебинад, ба замми аз ду дида маҳрум будан, имрӯз дар хонаи фарҳанги деҳаи Меҳрободи ноҳия кору фаъолият дорад.  Ӯ дар чорабинии имрӯза аз ваҳдату истиқлолият тарона замзама намуда, табъи ҳозиринро болида намуд.
Дар чорабинӣ 170 нафар шахсони маъюб аз ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҷамъ омада буданд, ки якояки эшон аз ин дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳукумати ноҳия изҳори миннатдорӣ мекарданд.
Бояд гуфт, ки ба ҷамъомадагони чорабинии имрӯза 170 туҳфа, аз қабили асо, асобағал, аробачаи маъюбӣ, либос, маводҳои гигиении рӯзгор ва маҳсулоти хӯрока аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар ташкилоту муассисаҳои ҳамкор тақдим карда шуд.
Айни замон дар ноҳия 1331 нафар шахсони дорои имконияти маҳдуд умр ба сар мебаранд, ки 143 нафарашон дорои маъюбии гурӯҳи якум, 692 нафар гурӯҳи дуюм, 235 нафар гурӯҳи сеюм ва 261 нафар маъюби то синни 18-сола ҳастанд.


Р. СОБИР,
Шаҳодат ДАВЛАТОВА «НФ».