Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ПАРВАРИШГОҲИ «БАҲРИ НОРАК». ҲАДАФҲО ВА МАҚСАДҲОИ АСОСИИ ТАЪСИСИ ОН

«Сари таъзим ба табиати бою ғании кишварамон, ки дар лаҳзаҳои душвори бӯҳрони иқтисодӣ ва сиёсие, ки ба дӯши халқамон омад, имкони паси сар кардани онро таъмин намуд».

                               Эмомалӣ Раҳмон.

Парваришгоҳ гуфта мавзеъҳои гуногун, ҳаҷми табииеро меноманд, ки дар онҳо намудҳои алоҳидаи набототу ҳайвонот парвариш меёбанд.
Муассисаи давлатии парваришгоҳи «Баҳри Норак» дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012 таҳти № 631 «Дар бораи гирифтан ва ба парваришгоҳи «Баҳри Норак» додани қитъаҳои замин» таъсис дода шудааст. Баъдан Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2013 № 338 «Дар бораи таъсис додани муассисаи давлатии парваришгоҳи «Баҳри Норак» ба тасвиб расид. Тибқи ин қарорҳо муассисаи мазкур ба ихтиёри Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Сипас бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2014 № 132 парваришгоҳи «Баҳри Норак» ба ихтиёри Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт.   Муассиса дорои 30763,38 гектар замин буда аз ин ҳисоб 7294,26 гектарашро обанбори Норак ташкил медиҳад.
Муассисаи мазкур за-минҳои ҳудуди ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Балҷувон, Файзобод ва шаҳри Норакро дар бар мегирад. Аз масоҳати умумӣ  9152,67 гектар дар ҳудуди ноҳияи Данғара, 3158,12 гектар ба ноҳияи Темурмалик, 6687,22 гектар ба ноҳияи Балҷувон, 797,98 гектар ба шаҳри Норак, 4667,39 гектар ба ноҳияи Файзобод воқеъ аст . Тибқи қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои мазкур ин миқдор замин ба муассисаи давлатии парваришгоҳи «Баҳри Норак» барои истифодаи бемуҳлат дода шудааст. Мақсади таъсис додани муассисаи мазкур барқарор кардани олами набототу ҳайвонот, захираҳои обу моҳӣ ва дигар захираҳои табиӣ мебошад, ки қаблан дар ҳолати таназзул қарор доштанд. Аз он ҷумла, намудҳои зерини фавна ва флораи Тоҷикистон дар ин ҳудуд дар ҳолати нестшавӣ ва хатар қарор доштанд, ки ҳамаи ин намудҳо минбаъд аз тарафи муассиса ҳифз карда мешавад. Чунончӣ, алафи сафро, чойполак, анҷибар, адрасмон, ангури сагак, гандумак, банги девона, бобуна, буғум, барги зулф, бобосилак, гули хайрӣ, гули ғозӣ, гули зардӣ, лоласурхак, зағербутта, мармиҷон, қоқу, мушбӯяк, мурчахор, мармарак, модел, пудина, кокутӣ, ҷамилак, (зиёда аз сездаҳ намуд), пиёзи анзӯр, пиёзи кабуд, роҳдавак, рӯян, сабзии худрӯй, сиёҳҷорӯб, ситораи хунук, сӯзанак, чойкаҳак, ҷоҷӣ, сиёҳалаф, чукрӣ, решаи торон, талхакбӯя, ширинбӯя, ҷағ-ҷағ, ҳазориспанд, шулха, чилбуғум- амонкара, явшан, замбуруғҳои гуногун ва даҳҳо намудҳои дигар аз дарахтони ҷангалӣ: арча, бодом, писта, мурути ёбоӣ, настаран, яхманак, марминҷон, зелол, дулона, туғ, эрғай, қорт, (мевадиҳанда). Аз сояафкану ороишӣ: заранг, шӯлаш, бушол, фарк, шунг ва ҳоказо. Аз олами ҳайвонот намудҳои зерин вомехӯранд (тарафи чапи дарёи Вахш): бузи кӯҳии сибирӣ, хуки ваҳшӣ, қашқалдоқ, рубоҳ, суғур, харгӯш, кабкҳо, будана, кабутари кабуд, фохтаки калон, фохтаки хурд, уқоби кӯҳӣ, калхот, шоҳин, бум, мушхӯрак, бодхӯрак, мурғобиҳои мавсимӣ, урдаки калон ва урдаки хурд, гург, гӯсфанди бухороӣ, сангпушт, морҳои кубро ва гуреза, намудҳои зиёди каламӯш, юрмон, силравсин, хирси малла, хирси сиёҳ, мурғи ҳилол, барси барфӣ ва даҳҳо намудҳои дигари гуногун мавҷуданд. Аз ҳашаротҳо низ садҳо намуд вомехӯранд. Дар «Баҳри Норак» моҳиҳои гуногуни таҳҷой, ба монанди гулмоҳиии амударёӣ, ширмоҳии осиёимиёнагӣ ё маренка, храмуляи самарқандӣ, галс (3-4 намуд) сагмоҳӣ, лақачаи туркистонӣ. Моҳиҳои аз дигар ҳавзҳо оварда толстолобик (пешониғавс), амури сафед, карп ва сазан.
Бояд зикр кард, ки ҳамаи намудҳои олами набототу ҳайвоноту парандагону моҳиҳо, ки дар ҳолати нестшавӣ ҳастанд, аз тарафи давлату ҳукумат ҳифз карда мешаванд. Муассисаи парваришгоҳи «Баҳри Норак» барои ҳифзу нигоҳубини тамоми намудҳои фауна ва флораи Тоҷикистон мунтазам тадбирҳо меандешад.
Бояд қайд кард, ки барои амалӣ шудани мақсаду ҳадафҳои муассисаи мо дастгирии ташкилоту муассисаҳо ва идораҳо заруранд. Илова бар ин дар масоили ҳифзи нигоҳубин ва афзун намудани олами набототу ҳайвонот, моҳӣ ва захираҳои рекреатсионӣ (истироҳатӣ) ба парваришгоҳи мо дастгириву ёрии мунтазами шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳои дар боло номбаршуда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин ноҳияҳо хеле заруранд. Инчунин аз тамоми шаҳрвандоне, ки аз ҳудуди ин парваришгоҳ мегузаранд, талабу хоҳиш дорем, ки талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаю низомномаи парваришгоҳи моро риоя намоянд.
Пешниҳод мекунам, ки барои беҳтару хубтар ҳаллу фасл гардидани мушкилоти ҳифзи парваришгоҳ чораҳои зеринро амалӣ намудан ба мақсад мувофиқ аст: бақайдгирии (инвентаризатсияи) захираҳои набототу ҷангал ва олами ҳайвоноту моҳӣ; интихоб ва ташкил намудани қитъаҳои алоҳидаи намунавӣ бо мақсади ҳифзи растаниҳои нодир; ташкили майдонҳои кишти растаниҳои доруворӣ; барқарор кардани ҷангалзорҳо тибқи талаботҳои илмӣ; таҳияи усулҳои нави нигоҳдории фонди генетикӣ ва гуногунии олами набототу ҳайвонот ва моҳӣ; ташкили объектҳои ҳифзи ҳайвоноти нодир ва ваҳшӣ; таъмини обанбори Баҳри Норак бо намудҳои моҳиҳои зудрас; пешгирии мунтазам аз сӯхтор; беҳдошти ҳолати макони зисти намудҳои кӯчанда; алоқамандии муассиса бо донишгоҳҳое, ки тахассуси хоҷагии ҷангал, бешабон ва моҳипарвар тайёр мекунанд.
Дар сурати иҷро шудани ин мушкилот ва ҳадафҳо дар зебову гулгулшукуфоии табиати афсонавии кишварамон саҳмгузор мешавем.


      Файзулло ҶАМИЛОВ,
 директори муассисаи давлатии Парваришгоҳи «Баҳри Норак».